ФИРОР АЗ ДӮЗАХ ё Ҳақиқати талхи афсонаҳои ширин

Июль 18, 2019 16:39

ДУШАНБЕ, 18.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзномаи «Садои мардум» (№85, 16.07.2019)  таҳти  сарлавҳаи  «Фирор аз дӯзах ё ҳақиқати талхи афсонаҳои ширин» мақолае ба нашр расидааст, ки дар он сокини ноҳияи Шаҳринав Зайнура Толибова аз саргузашти талхи хеш қисса намудааст. АМИТ «Ховар» бо мақсади ҳушдор додан ба дигарон ин мақоларо бознашр менамояд.

Соли 2009 баъди хатми мактаби миёна ба муҳоҷирати меҳнатӣ, ба шаҳри Санкт — Петербург рафта, дар мағозаи бародарам машғули кор шудам. Аз қисмат бо Абдулбек ном ҷавони чечен, ки дар шафат мевафурӯшӣ мекард, шинос ва баъдан бо иҷозати бародарон ба шавҳар баромадам.

Дар рӯзгор мушкил надош­тем, то он даме ки шавҳарам бо ду зодаи Тоҷикис­тон —  Илҳом ва Насим шинос шуд. Ӯро ба масҷиди дохили бозори «Апраксин двор» бурда, ба ҷамъияти «Таблиғ» ҷалб намуданд ва  ба мондани риш, пӯшидани либосҳои  мазҳабӣ, омӯзиши маромномаи ҷамъият сар кард. Бо аз даст додани ҷои кори аввала, ба фурӯши атриёт дар масҷидҳо ва наздикии истгоҳҳои метро банд гашта, ба  хона кам меомадагӣ шуд. Насиҳати волидонаш дар шаҳри Грозний ҳам беасар монд ва баъди соли 2010 ба хонаи иҷораамон (наздикии истгоҳи Обуховои Санкт-Петербург) баргаштан фаъолияти иртиҷоиро идома дод.

Моҳи ноябри соли 2013 бо кумаки молии  Илҳом ва Насим, ки барои чипта 5 ҳазор рубли русӣ равон карданд, шавҳарам, ман ва фарзандонам аз тариқи хатсайри Санкт-Петербург-Киев-Истанбул ба Туркия сафар кардему «дӯстон» — и оила моро дар фурудгоҳи Ататурки шаҳри Истанбул пешвоз гирифта, ба хонаи иҷорае дар маҳаллаи Қайнарҷаи шаҳри Истанбул, ки Амин ва Абдураҳмон бо ҳамсаронашон мезистанд, бурданд. Он ҷо даҳ рӯз мондем. Шавҳарам бо шаҳрвандони Ӯзбекис­тон дар маркази аъзои ДИИШ бо номи «Дернек», дар «Катибаи ал – Бухорӣ» сафар ба Сурияро матраҳ менамуданд.

Бештари занҳои ҷиҳодиёни ӯзбек дар минтақаи Қайнарҷаи Истанбул истиқомат карда, шавҳаронашон дар Сурия, дар сафи ташкилоти «Ҷабҳат — ан — Нусра» меҷангиданд. Дар чор моҳ як маротиба ба Туркия омада, як моҳ бо оилаҳояшон мемонданд ва ин амалро пайравӣ ба даврони халифа Умар ибни Хаттоб маънидод мекарданд.

Шавҳарам маро бовар мекунонд, ки дар сурати наёфтани ҷои кори хуб дубора ба Туркия бармегардем. Амин ва Абдураҳмон аллакай дар Сурия буданд ва шавҳарамро даъват менамуданд. Иловатан, шавҳарам таҳдид мекард, ки дар сурати розӣ нашуданам, фарзандонро бо худ гирифта мебарад. Илоҷе наёфта, тақрибан моҳи январи соли 2014 бо мусоидати Абдураҳмон ва Амин ба шаҳри Идлиб рафтем. Ҷангиёни мусаллаҳ моро ба минтақаи Риф — Муҳандисини Идлиб бурданд. Дар он мавзеъ шаҳрвандони тоҷик зиёд дида мешуд, ки аъзои собиқ ҲНИ  буда,  бо роҳнамоии Амриддин Табаров ба Афғонистон рафта буданд ва бо тавсияи роҳбари ташкилоти террористии «Ансоруллоҳ» аз Афғонис­тон тавассути кишварҳои Эрон ва Ироқ ба Сурия омада, ба сафи ДИИШ пайвастанд. Ҷангиёни тоҷики «Ансоруллоҳ» ба «Ҷабҳат — ан — Нусра», ки қаноти ДИИШ буд, итоат мекарданд.

Дар минтақаи Риф-Муҳандисини Идлиби Сурия шавҳарам Абдуллобек як моҳ курси тайёрии ҷангиро дар ҳайати ДИИШ гузашт ва «байъат» карданд. Курсҳо барои аъзои навҷалбшуда дар ҳайати 20-30 нафар қариб ҳар моҳ гузаронида мешуданд. Макони омӯзиш ба хотири таъмини амният зуд – зуд иваз мегардид. Курсҳои дигар, аз қабили омода намудани мутахассиси таҷҳизоти тарканда, нишонзанӣ, танкчиён ва ғайра баъди гузаштани курси ҳатмии ҷангӣ  гузаронида мешуданд.

То октябри соли 2014 аҳли оила дар ҳайати «Катибаи ал-Бухорӣ», дар минтақаи Риф-Муҳандисин қарор дош­тем. Шавҳарам  барқчӣ  ва тақсимгари хӯрокӣ ба аъзои катиба кор мекард. Ибтидо моҳона барои калонсолон 40 доллари ИМА ва барои кӯдакон 10 доллари ИМА муайян шуд. Ҳамчунин  бо хӯрок пурра таъмин мегардидем. Маҳсулоти ниёзи аввал дар бозор, мағоза, марказҳои савдо фаровон буд. Арабҳои таҳҷоӣ тиҷорати онҳоро ба роҳ мемонданд. Амиру наздиконашон ба курдҳои Ҳизби коргари Курдистон маблағ дода, мол ва маблағҳои хайриявиро аз худ карда, дар минтақаҳои зери тасарруфи ДИИШ ба савдо мезаданд.

Баъди чанд муддат байни гурӯҳҳои террористии «Ҷабҳат-ан-Нусра» ва ДИИШ ихтилоф сар зад. Бо истифода аз ин фурсат моҳи апрели 2014  кӯшиши ба Туркия фирор кардан намуда, ба дасти ҷангиёни «Ҷабҳат –ан-Нусра» афтодем. Маротибаи дуюм моҳи ноябри соли 2014 шавҳарам бо кумаки сокинони таҳҷоии Риф-Муҳандисин бо 10 оилаи дигари фиребхӯрда ба шаҳри Раққаи Сурия, ки дар ихтиёри ДИИШ буд, фирор кардем ва мехостем, ки баъдан, аз минтақаи Талавияти Сурия ба Туркия гузарем. Дар минтақаи Талавият моро аъзои ДИИШ  дастгир карда, ба шаҳри Раққа бурданд ва дар таҳхона ҷой карда, гуфтанд, ки агар ба ташкилоти онҳо аъзо шавем, бо хона  ва маош таъмин мегардем. Аз ноилоҷӣ ба пешниҳоди онҳо розӣ шуда, баъди ҳафтае ба деҳаи Табқаи шаҳри Раққа интиқол ёфтем. 21 апрели соли 2015 фарзанди сеюмам Фотима дар ҳамин шаҳр ба дунё омад.

Дар минтақаи Табқаи Сурия бештар тоҷикон истиқомат мекарданд. Амин амири тоҷикони шаҳри Раққа интихоб шуда буд. Ҷонибдоронаш дар минтақаи Табқа ва маҳаллаи Қадисияи Раққа мезистанд. Дар минтақа тоҷикон се қабати як бинои истиқоматиро дар ихтиёр доштанд. Тобистони соли 2015 дар натиҷаи бомбаборони маҳаллаи Қадисияи шаҳри Раққа Амин бо ҳамроҳии ҷонибдоронаш ба ҳалокат расиданд.

Соли 2015 бо кумаки як араби муқими Сурия, ки ба 200 доллари ИМА шаҳрвандони хоҳишмандро аз як минтақа ба дигар ҷой мерасонд,  кӯшиши гурехтан кардем. Дар роҳ то ба минтақаи Бисейраи Раққа норасида, аз ҷониби амниятиҳои ДИИШ дастгир гардидем. Моро ба хонаамон баргардонида, шавҳарамро 3 рӯз  зиндон ва огоҳ карданд, ки дар сурати такрор қатл хоҳем гардид.

Ду солу шаш моҳ дар шаҳри Таб­қа истиқомат кардем. То соли 2016 дар Табқа беморхонаҳо, шуъбаҳои пулис, амният аз ҷониби аъзои ДИИШ фаъолият мекарданд. Вазифаҳои баланду сердаромадро арабҳо соҳиб шуда, шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҳайси маргталаб истифода мешуданд.

Амирони ДИИШ дар муҳорибаҳо иштирок накарда, аз утоқи  корӣ амалиётро назорат мекарданду фармон медоданд. Ин ҳама боиси шубҳаю норозигии бархе аз ҷангиён аз ҷумҳуриҳои Доғистон, Чеченистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Қазоқистон нисбат ба ДИИШ мегардид. Қисмате аз онҳо бо ҳар баҳона аз байн бурда мешуданд.

Моҳи августи соли 2016 шавҳарам зимни бомбаборонкунии тайёраҳои ҷангии ИМА дар  яке аз мадрасаҳои шаҳри Табқа ба ҳалокат расид. Мурдаҳоро бидуни шустан ва ҷаноза чӣ гунае, ки рост омад, мегӯрониданд. Маҷбуран ба катибаи «Мактабу шуҳадо» узвам намуданд. Маҳсулоти хӯрокӣ аз сӯи ДИИШ таъмин мешуд. Аввалҳо миқдоре маблағ кумак мекарданд, ки  баъдан пурра қатъ гардид.

Дар ДИИШ барои занҳое, ки шавҳарҳояшон дар муҳорибаҳо кушта шуда буданд, ҷамъияти бо номи «Катибаи шуҳадо» амал мекард. Занҳоро 20- нафарӣ ҷудо намуда, болояшон як мард ба сифати масъул таъйин мегардид. Мардҳо дар ҳузури ҳама худро марди имондор вонамуд карда, дар хилват тамоми аъмоли фаҳшро бо занон раво медиданд. Мегуфтанд, ки тамоми ҳуқуқҳои шавҳар ба онҳо аз ҷониби «халифа» Абӯбакр – ал — Бағдодӣ дода шудааст. Бисёре аз занҳои бевамонда, аз нафрат бо ин мурдорҳо, ба дилхоҳ мард издивоҷ мекарданд. Аз ҷумла, ман ҳам баъди даҳ моҳи марги шавҳар, ноилоҷ ба Бақит ном шаҳрванди қирғиз издивоҷ намудам. Якҷо бо ӯ низ кӯшиши гурехтанамон бебарор анҷомид.

Соли 2017 низомиёни ИМА якҷо бо ҷангиёни курд дар шаҳри Табқа амалиёти низомӣ оғоз намуданд. Бо истифода аз фурсати қулай ҳамроҳ бо дигар сокинони шаҳр ба минтақаи Кишмаи Дайр-узор кӯч бастем. Зуд–зуд бар асари ҳуҷумҳо ҷои иқоматро тағйир дода, ақибнишинӣ менамудем. Занону кӯдакон аз гуруснагӣ ранҷ мекашиданд. Ҳафтаҳо ғизо намеёфтем. Дар ҳоле ки дар анборҳои ДИИШ линчаҳои орд, қуттиҳои равған ва дигар маҳсулоти хӯрокӣ фаровон  буданд ва аз сӯи арабҳои Ироқ назорат мешуданд.

Бо муташанниҷ шудани вазъ дар шаҳри Кишма, нархи маҳсулоти хӯрокворӣ бениҳоят гарон шуда, қимати як кило шакар ба 50 доллар, як халта орд — то 1500, як кило хурмо — 40, 4 литр равған — 150, биринҷ — 30 — 50 доллари ИМА боло рафт. Маҳсулоти хӯроквории анборҳо ба мардум дода намешуд ва бо маблағҳои гарон ба шахсони пулдор фурӯхта мешуданд, ки баъди бомбаафкании ҳавопаймоҳои ҷангии ИМА хоку туроб шуданд.

Дар Кишма 35 ноболиғ аз гуруснагӣ ба ҳалокат расид. Шахсан, бо фарзандон аз набуди ғизо алаф ва сабӯс харида истеъмол намудем. Замбурӯғ  чида, дар об ҷӯшонида хӯрдем.

Тақрибан, моҳи июни соли 2018 Бақит ҳам дар натиҷаи бомбапартоии тайёраҳои ИМА дар бозори вилояти Дайр-уз-Зор кушта шуд. Ба муҳосира афтодани шаҳр вазъиятро бисёр вазнин гардонд. Бисотамро бо 2 мошини сабукрави шавҳарам фурӯхта, 10 000 доллари ИМА ҷамъоварӣ кардам.

Дар шаҳри Дейр – уз — Зор  тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ  қарори афви шаҳрвандони гумроҳшудаи Тоҷикистон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро шунида, хушҳол шудам.

Дар ҳолатҳои зарурӣ  роҳбарияти ДИИШ занҳои муқимии Сурияро тавассути миёнаравии  арабҳои маскун дар минтақаи курдҳо бо пардохти 200 — 300 доллари ИМА ба минтақаҳои бехавфи Ҷараблус, Азаз, Ар-Рая, Африн, нисфи Идлиб интиқол медоданд. Занҳои муҳоҷир аз он имтиёзҳо бенасиб буданд. Роҳбарияти ДИИШ соли 2017 тақрибан 500 зани бевамондаи ҷангиёни ДИИШ — ро бо баҳонаи ба Туркия фиристодан ба курдҳои Сурия фурӯхтанд.

26 декабри соли 2018 миёнаравҳо фаҳмонданд, ки худамро араб вонамуд карда, ба назди масҷиди «Ҳаббаби», ба  минтақаи Шаъфа равам ва бо занҳои араб пайваст шавам. Бо пардохти маблағҳои дошта, шабонгоҳ савори 3 мошини тамғаи «Портер» моро тавассути саҳро, ба минтақаи курднишини Сиҷо ва аз он ҷо пулисҳои курд ману кӯдаконамро тавассути мошини «Старекс» ба минтақаи охири Минбич, аз он ҷо тавассути ду мототсикл ба минтақаи Ҷараблус, ки аз ҷониби туркҳо назорат мешавад, оварданд. Сипас, тавассути автомобил  ба минтақаи Ар — Рая, ки дар наздикии марзи Сурия бо Туркия ҷойгир аст, омадем. Дар  дидбонгоҳе пулиси суриягӣ маро  ба назди туркҳо бурд.  Ду рӯз дар яке аз назоратхонаҳо пурсуҷӯ шудам. Мақсадамро гуфтам. Аз он ҷо ба минтақаи «Мактаб сафора»-и музофоти Азаз бурданд. 30 декабри соли 2018 дар бошишгоҳи «Шабиба» — и Азаз таҳти назорати туркҳо, ки шаҳрвандони Тунис, Озарбойҷон, Фаронса ва араб буданд, ҷойгир карданд. 2 январи соли 2019 бо кормандони Сафорати Тоҷикистон дар Туркия  телефонӣ изҳори ба Ватан баргаштанро кардам. 23 феврали соли 2019 фарзанди чорумам Шукурова Ҷовирия дар шаҳри Азази Сурия таваллуд шуд.

Бо кумаки Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия  3 майи соли 2019 бо ҳамроҳии 4 фарзанд аз шаҳри Азази Сурия ба Туркия омадам. Ниҳоят, ба бахти ману фарзандонам,  Сафорати Тоҷикистон шаҳодатномаи иҷозати бозгашт ба Ватанро ба мо расонд. 7 майи соли 2019 аз шаҳри Газиантепи Туркия ба шаҳри Истанбул ва аз он ҷо бо хатсайри Истанбул — Душанбе ба Тоҷикистон, ки даҳ соли расо набудам, баргаштам. Ободию зебогӣ ва осудагии Ватанро дар муқоиса бо кишвари ҷангзадаи Сурия муқоиса намуда, гӯё ин ҳамаро дар хоб медидам. Ростӣ, ки умед ба зинда мондан надоштем. Худованд гӯё ба мо умри дубора бахшид. Ранҷи зиёд кашида, шоҳиди қатлу куштор, даҳшатҳои гӯшношунид гардидем, ки намехоҳам дигарон бубинанд. Хуллас, дар сафи ДИИШ барин гурӯҳу ташкилотҳои иртиҷоӣ ҷаллодони башар, ки бӯе аз мусулмонӣ намебаранд, ба қатлу куштор, таҷовузу ғорат машғуланд.

Бознашр аз рӯзномаи «Садои мардум»

Июль 18, 2019 16:39

Хабарҳои дигари ин бахш

«БАЧА АЗИЗ, ОДОБАШ АЗ ОН АЗИЗТАР…». Ба таълиму тарбияи фарзандон набояд бетарафӣ зоҳир намуд
Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ва Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ масоили ҳамкории илмию таҳлилиро баррасӣ намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Беморхонаи марказии ноҳияи Темурмалик пурра навсозӣ гардид
ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ. Аз 1 апрел кормандони мақомоти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилотҳои давлатӣ ба омӯзиши ҳатмии забонҳои хориҷӣ фаро гирифта мешаванд
Дар ноҳияи Айнӣ сеюмин ҳамоиши гирандагони стипендияи президентӣ баргузор шуд
НАВРӮЗИ ХУҶАСТАПАЙ МУЖДАИ НЕКИ БАҲОРИ ХУРРАМ. Дар Суғд Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳи хоса таҷлил шуд
Тоҷикистон терроризму ифротгароиро қотеона маҳкум менамояд
24 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО БЕМОРИИ СИЛ. Ҳадаф аз он огоҳӣ, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ин беморӣ мебошад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Соли 2023 дар ҷумҳурӣ беш аз 1 миллион бех ниҳоли дарахтони гуногун шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли гулкарам масунияти инсонро боло мебардорад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли ғизои солим беҳтарин роҳи ҳифзи солимии шахс мебошад
Кормандони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ҷашни Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд