ОҒОЗИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРА. Истиқболи меҳмони олиқадр дар деҳаи Шар-Шари деҳоти Себистон ва ифтитоҳи бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 28

Июль 12, 2019 08:33

ДУШАНБЕ, 12.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. 12 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Данғара ташриф оварданд.

Маросими истиқболи меҳмони олиқадр дар фурудгоҳи муваққатии деҳаи Шар-Шари деҳоти Себистон бо самимияти хосса сурат гирифт.

Нахуст Пешвои миллат дар деҳаи Шар-Шар бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 28-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Сарвари давлат бо шароити таълимии муассиса шинос шуда, бо хонандагону омӯзгорон суҳбати самимӣ анҷом доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 28 аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, барои 480 хонанда пешбинӣ гардидааст.

Барои таълиму тарбия шароити муосир фароҳам буда, тамоми синфхонаҳо бо аёнияти таълимӣ, аз қабили тахтаҳои электронӣ, компютер ва дастгоҳҳои лабораторӣ таъмин мебошанд.

Бинои нави муассиса дорои 17 синфхона буда, аз ин шумора 5 адади онро синфхонаи фаннӣ ташкил медиҳанд. Синфхонаи компютерӣ бо 30 компютер ва хатти алоҳидаи интернет таъмин буда, ҳамчунин барои соҳибҳунар намудани толибилмон дар таълимгоҳ синфхонаҳои алоҳидаи таълими меҳнати писаронаву духтарона ташкил гардидаанд.

Як синфхонаи алоҳида барои омӯзонидани нозукиҳои бозии шоҳмот ташкил шуда, он бо тамоми дастгоҳ ва аёнияти зарурӣ таъмин мебошад.

Бинои тозабунёди муассисаи таълимӣ ҳамзамон бо толори маҷлис бо 210 ҷойи нишаст, толори варзишӣ бо 200 ҷой ва ошхона бо 50 ҷойи нишаст таъмин мебошад. Китобхона ба адабиёти тозанашр дастрасӣ дошта, толори хониш имконият дорад дар як вақт ба 30 нафар хизмат расонад.

Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки бинои мазкур дорои буғхонаи алоҳида буда, он дар асоси технологияи муосир бунёд ёфтааст ва дар фасли зимистон имконият дорад таълимгоҳро  пурра бо гармӣ таъмин намояд.

Иншооти мазкур дар масоҳати 2 гектар бо назардошти талаботи муосири меъморӣ бунёд ёфта, атрофи он бо гулу буттаҳои ороишӣ ва дарахтони сояафкан зебу оро ёфтааст.

Аснои шиносоӣ ва суҳбат Президенти мамлакат хонандагону омӯзгоронро ба истифодаи самараноки шароити фароҳамшуда, аз худ кардани илмҳои замони муосир ҳидоят карданд.

Сипас дар саҳни таълимгоҳ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинон ва аҳли маорифи ноҳияи Данғара мулоқот намуда, ифтитоҳи иншооти мазкурро ба онҳо табрику таҳният гуфтанд.

Сарвари давлат нишондиҳандаҳои чанд соли охирро дар тамоми бахшҳои ноҳия таҳлилу баррасӣ намуда, рушду нумуи ҳамаҷонибаи ин гӯшаи Тоҷикистонро натиҷаи ғамхориҳои пайваста ва тадбирандешиҳои саривақтии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маънидод карданд.

Бояд тазаккур дод, ки дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар ҳудуди Деҳоти Себистони ноҳияи Данғара низ дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонӣ бомаром идома дошта, то ба имрӯз як қатор иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, бо саҳми бародарон Зубайдовҳо роҳи дохилии деҳаи Шар — Шар ба масофаи 4 километр навсозӣ гардида, мутобиқ ба талабот мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст. Тибқи иттилои масъулин, корҳои сохтмонӣ бо назардошти талаботи муосири сохтмонӣ бунёд ёфта, ҷӯйборҳои ду тарафи роҳ, қубурҳои обгузар пурра нав гардиданд.

Ҳамчунин дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат аз ҷониби бародарон Зубайдовҳо дар деҳаи мазкур Бунгоҳи тиббӣ бунёд гардид, ки ин иқдом дастрасии аҳолиро ба хизматрасонии кумаки аввалини тиббӣ беҳтар намуд.

Тибқи иттилои масъулин, то таҷлили 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди деҳоти Себистон боз чандин иншооти таъйиноти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳанд гирифт.

Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Данғара 12.07.2019

Июль 12, 2019 08:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 9 майро санаи ёдоварӣ аз муборизаи фидокоронаи фарзандони Тоҷикистон дар ҷабҳаҳои ҷанг хонданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Гулистон ба бунёди мактаб барои хонандагони болаёқат ва бинои Нозироти андоз санги асос гузошта шуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими гулчанбаргузорӣ ба ифтихори 77-солагии Рӯзи Ғалаба иштирок намуданд
САҲМИ ФИРИСТОДАГОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҒАЛАБА. Зиёда аз 250 ҳазор нафар ихтиёрӣ ба фронт рафта, барои таъмини Ғалаба ҷонбозиҳо намудаанд
ПАЁМИ ШОДБОШИИ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори таҷлили 77-умин солгарди Ғалаба бар фашизм
Дар Ҳисор ба истиқболи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон маҳфил-озмуни базми ғазал баргузор мегардад
«ПЕШВОИ МИЛЛАТ — ТАШАББУСКОРИ ҲАДАФҲОИ ҶАҲОНИИ РУШДИ УСТУВОР ДАР СОҲАИ ОБ». Таҳти ин унвон дар Душанбе конференсия доир шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ҳисор беш аз 1500 иншооти ҷашнӣ бунёд мегарданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
ТАВАҶҶУҲ! ДАР РУСИЯ — МАВҶИ НОАЁНИ COVID-19. Шумораи гирифторони коронавирус дар ҷаҳон аз 514 миллион нафар гузашт
БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Роштқалъа беморхонаи замонавӣ ва корхонаи коркарди пашм месозанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган суҳбати телефонӣ анҷом доданд