Паҳлавонони шинохтаи тоҷик дар Гран Прии Будапешт иштирок мекунанд
ДУШАНБЕ, 12.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Будапешти Венгрия Мусобиқаи байналмилалии дзюдо «Budapest Grand Prix 2019» оғоз гардида, то 14 июли соли равон идома меёбад. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод.
Тибқи иттилои манбаъ, давоми се рӯз 550 нафар варзишгарон (344 мард, 206 зан) аз 82 давлати дунё барои ба даст овардани ҷойҳои ифтихорӣ ва беҳтар кардани мавқеашон дар раддабандии олимпӣ талош мекунанд. Аз ҷумҳурии Тоҷикистон дар мусобиқаи мазкур 4 нафар варзишгар – Сомон Маҳмадбеков (вазни -73кг), Акмал Муродов (-81кг), Комроншоҳ Устопириён (-90кг) ва Темур Раҳимов (+100кг) иштирок доранд
Рӯзи аввал қувваозмоиҳои вазнҳои -48кг, -52кг, -57кг миёни бонувон, -60кг, -66кг миёни мардон сурат мегиранд. 13 июл варзишгарони вазнашон -63кг, -70кг миёни бонувон, -73кг, -81кг миёни мардҳо рӯи татамӣ мебароянд. Дар рӯзи сеюм беҳтаринҳо дар вазнҳои -78кг, +78кг миёни бонувон, -90кг, -100кг, +100кг миёни мардҳо муайян мегарданд.
Чун анъана ғолибон дар баробари медал соҳиби 3000 доллари ИМА ҷоизапулӣ мегарданд. Барои ҷои дуюм 2000 доллар ва барои ду ҷои сеюм 1000-долларӣ ҷоиза пешбинӣ шудааст.
Сомон ва Акмал 13 июл, Комроншоҳ ва Темур 14 июл гӯштин мегиранд. Рақиби Сомон Маҳмадбеков дар даври аввал Антуан Бучард аз Канада мебошад.
Акмал Муродов дар даври аввал озод аст ва дар даври дуюм бо Алексисос Нтанадсидис аз Юнон гӯштин мегирад. Ҳарифи Комроншоҳ Устопириён дар даври аввал Марко Бубанҷа аз Австрия ва ҳарифи Темур Раҳимов Сослан Бостанов аз Россия ҳастанд.
Ёдовар мешавем, ки ду варзишгари мо – Хайёмиддин Ҷабборов (-66кг) ва Беҳрӯз Хоҷазода (-73кг), ки ҷиҳати иштирок дар мусобиқа номнавис шуда буданд, бо иллати дарёфт накардани раводид аз иштирок дар мусобиқа маҳрум монданд.








Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд






