Сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ: шаҳрвандон метавонанд барои ҳалли мушкилот ба телефони боварӣ занг зананд

Июль 17, 2019 15:00

ДУШАНБЕ, 17.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. 17 июл дар Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки доираи васеи хабарнигорони ватанию хориҷӣ доир ба ҷамъбасти фаъолияти шашмоҳаи ин ниҳод нишасти матбуотӣ доир гардид. Ҷамъомадро Сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ Икромиддин Вализода ифтитоҳ намуда, ба таври мухтасар аз дастовардҳои хадамот дар роҳи татбиқи ҳидояту супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи қонунгузории зиддиинҳисорӣ, мушкилоти мавҷуда ва нақшаҳои минбаъда маълумот дод.

Икромиддин Вализода ва дигар масъулини хадамот ба саволҳои хабарнигорон, аз ҷумла доир ба баланд шудани нархи обу гармӣ, вазъи бозори сӯзишворӣ, маҳсулоти ниёзи аввалин, хизматрасонии терминалҳои пардохтӣ, ҳалли мушкилоти шаҳрвандоне, ки ба Хадамоти зиддиинҳисорӣ тавассути телефони боварӣ, марказҳои машваратӣ ва сомонаи ниҳод муроҷиат намудаанд, инчунин масъалаи нархи хизматрасонии муассисаҳои таълимӣ ҷавобҳои мушаххас гардонданд.

Рақами телефони боварии Хадамоти зиддиинҳисорӣ 236-50-27 аст, ки шаҳрвандон метавонанд пайваста ба он занг зананд.

Июль 17, 2019 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Роштқалъа дуюмин Парки технологӣ бунёд карда мешавад
Паём – санади муҳими сарнавиштсоз ва роҳнамо барои рушди устувори Тоҷикистон
Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо Ассотсиатсияи энергетикии ИМА баррасӣ шуд
Заминҳои бекорхобидаи ноҳияи Нуробод ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар симпозиуми ICAO дар Марокаш иштирок намуд
Соли 2026 дар Хуҷанд 6 корхонаи саноатӣ ифтитоҳ гардид
Нақшаи қисми даромади буҷети шаҳри Ҳисор 103 фоиз иҷро гардид
Файзиддин Қаҳҳорзода ва Абебе Адугна ба густариши ҳамкорӣ дар самтҳои энергетика ва нақлиёт таваҷҷуҳ зоҳир намуданд
Самтҳои афзалиятноки татбиқи марҳилаи нави Барномаи БОМКА-11 баррасӣ шуданд
РУШДИ САНОАТ. Давоми се моҳ дар ноҳияи Ёвон 3 коргоҳи нави истеҳсолӣ ба истифода дода шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Миср дар соҳаҳои савдо, сармоягузорӣ, саноат, кишоварзӣ ва сайёҳӣ тақвият меёбад