Татбиқи лоиҳаи «Дастгирии кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа» ба баланд гардидани сатҳи зиндагии хонаводаҳои деҳот мусоидат менамояд

Июль 30, 2019 17:27

ДУШАНБЕ, 30.07.19. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси  Муассисаи давлатии Маркази идораи Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» дар  Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид, ки дар он  лоиҳаи «Дастгирии кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа» рӯнамоӣ гардид.  Дар ҳамоиш  намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва ташкилоти байналмилалӣ иштирок намуданд. Зимни муаррифии  лоиҳаи мазкур зикр гардид, ки  мақсади асосии он  мусоидат  намудан ба рушди ҳамаҷонибаи иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии хонаводаҳои деҳот мебошад. Ҳадафи рушди лоиҳа беҳтар намудани  дастрасии ҷомеаҳо ба инфрасохтори истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ буда, он ба истеҳсоли маҳсулоти устувори кишоварзӣ ва даромади баробар мусоидат мекунад.

Директори Муассисаи давлатии Маркази идораи Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» Саъдӣ Каримзода  иброз дошт, ки лоиҳаи мазкур дар 7 ноҳияи вилоятҳои Суғду Хатлон ва тобеи марказ – Деваштич, Шаҳристон, Норак, Дӯстӣ, Ҷайҳун, Рашт ва Тоҷикобод  амалӣ мешавад.

«Лоиҳа 225 деҳаро интихоб ва дастгирӣ намуда, ба ин васила барои баланд бардоштани некуаҳволии хонаводаҳои деҳот мусоидат менамояд. Татбиқи лоиҳаи мазкур хусусан барои аҳолии ниёзманди деҳот, ки дар шароити фавқулода зиндагӣ мекунанд, хонаводаҳои  ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ машғулбуда, ки мехоҳанд  ба фаъолияти тиҷорати кишоварзӣ гузаранд, сокинони қисман  бекору  худмашғули деҳот, пешниҳодкунандагони хизматрасониҳои кишоварзӣ, таъминкунандагони воситаҳо ва  маҳсулоти кишоварзӣ манфиатовар буда, таваҷҷуҳи махсус ба иштироки занону  ҷавонон дода мешавад»,-афзуд С.Каримзода.

Дар ҳамоиш муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло  Мусоев зикр кард, ки  татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ барои амалӣ  гардидани барномаҳои давлатии соҳавӣ, аз ҷумла барномаҳои давлатии  рушди кишоварзӣ,  чорводорӣ ва боғдорӣ заминаи мусоид мегузорад.

«Тавре Пешвои миллат, Президенти мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон    дар вохӯрӣ бо аҳли  ҷомеаи мамлакат пайваста вазифагузорӣ  менамоянд, масъалаи истифодаи маблағҳои сармоягузорӣ бояд дар сатҳу сифати баланд ва ба нафъи аҳолии  деҳот роҳандозӣ карда шавад. Ин аз як ҷониб имконият фароҳам меорад, ки инфрасохтори кишоварзии минтақаҳои  ҷумҳурӣ рушд ёфта,  аз ҷиҳати дигар барои фароҳам овардани ҷойҳои корӣ мусоидат  менамояд», -иброз дошт муовини вазир.

Тибқи иттилои  Н.Мусоев,  татбиқи  марҳилаи якум ва дуюми  Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» ва  «Беҳсозии сатҳи зиндагӣ дар Хатлон» баръало нишон дод, ки  дастгирии аҳолии деҳот метавонад дар самти афзун намудани маҳсулоти чорводорӣ ва дар маҷмӯъ  маҳсулоти  кишоварзӣ нақши назаррас гузорад. «Таҳлилҳо нишон доданд, ки хоҷагиҳои дастгириёфта назар ба дигар хоҷагиҳо истеҳсоли маҳсулоти босифатро афзун намуда, маҳсулоти худро ба бозор бароварда, сатҳи рақобатпазирии худро беҳтар гардониданд»,- гуфт номбурда дар тақвияти гуфтаҳои боло.

Дар ҳамоиш инчунин Роҳбари барномаҳои кишварии Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ  Микаил Каутту, роҳбари Намояндагии Ташкилоти озуқа ва кишоварзиии СММ  Олег Кучгелдиев  оид ба афзалиятҳои татбиқи лоиҳаи мазкур ибрози андеша намуданд.

Сипас  самтҳои асосии Лоиҳаи мазкур  муаррифӣ гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки дар асоси Созишномаи грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Байналмилалии Рушди Кишоварзӣ (ИФАД) аз 5 августи соли 2011 оид ба татбиқи Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» ва инчунин тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2012  Муассисаи давлатии «Маркази идораи Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» таъсис  дода шуд.

Маркази мазкур  якҷоя бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин Агентии иҷроияи Лоиҳа ва дигар мақомоти дахлдор  татбиқи марҳилаи якум ва дуюми лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» ва дигар лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ, грантӣ ва кумакҳои техникиеро, ки дар асоси Созишномаҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои молиявии байналмиллалӣ бо мақсади беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ ба зиммаи Марказ вогузор карда мешаванд, амалӣ менамояд.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

 

Июль 30, 2019 17:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тошканд густариши ҳамкорӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ шуд
«МегаФон Life»: маблағро тариқи паёмрасон интиқол диҳед!
Дар Бадахшон масъалаи таъмири роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ баррасӣ гардид
Дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе Маркази мониторинги камераҳои мушоҳидавӣ фаъол гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Дар ноҳияи Файзобод бо фаъолону собиқадорон ва ходимони дини деҳоти Чашмасор мулоқот доир гардид
Дар ду қисми низомии тобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дастархони идона ороста гардид
Дар ноҳияи Деваштич маъракаи кишти картошка оғоз шуд
Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум доир гардид
Дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Президенти Тоҷикистон дар якчанд қисми ҳарбӣ дастурхони идона ороста шуд
Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад