Варзишгари тоҷик Муҳаммад Икромов дар мусобиқаи Гран Прии Испания соҳиби медали биринҷӣ гардид

Июль 8, 2019 14:30

ДУШАНБЕ, 08.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Паҳлавони  ҷавону умедбахши тоҷик  Муҳаммад Икромов дар  мусобиқаи Гран Прии Испания дар намуди  гӯштини тарзи озод сазовори медали биринҷӣ гардид. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ  ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.

Тибқи иттилои манбаъ,  мусобиқаи мазкур 5-7 июли соли равон  дар шаҳри Мадрид бо ширкати варзишгарон аз 38 давлати дунё доир гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи варзишӣ се нафар- Исломиддин Мазитов, Мубинҷон Аҳмедов аз намуди гӯштини юнонӣ-римӣ ва Муҳаммад Икромов аз намуди гӯштини тарзи озод намояндагӣ карданд.

Бояд  гуфт, ки паҳлавони тоҷик Муҳаммад Икромов дар вазни 57кг дар даври ҳаштякфинал аз  варзишгари  ИМА Ҷошуа Родригес, ки ғолиби ин вазн гардид, бо ҳисоби 11:13 шикаст хӯрд. Ӯ баъдан дар қувваозмоии тасаллобахш паҳлавони немис Виктор Лузенро бо ҳисоби 11:0 ва дар рақобат барои ҷои сеюм намояндаи Канада Лидрик Садикуро бо ҳисоби 6:0 мағлуб карда, ба гирифтани ҷои сеюм мушарраф шуд.

Ҷои дуюми вазни 57кг-ро намояндаи дигари Германия Ҳорс Леҳр ва медали дигари биринҷиро Самуел Йегаси канадагӣ сазовор шуданд.

 

Июль 8, 2019 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Темурмалик Мусобиқаи байналмилалии гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) баргузор мегардад
Соли 2024 Маҷмаи Умумии СММ пешниҳоди Тоҷикистон доир ба эълони Рӯзи ҷаҳонии футболро пазируфт
Ба муносибати Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа мусобиқаҳои варзишӣ доир гардиданд
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) мусобиқаро бо ғалаба оғоз намуд
Ғолибони даври ҳафтуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Имрӯз дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол бозии аввалро анҷом медиҳад
DUSHANBE GRAND SLAM 2026: ҷудокорони Тоҷикистон 4 медал ба даст оварданд
DUSHANBE GRAND SLAM 2026. Дар рӯзи охирини мусобиқа ҷудочиён аз рӯйи 5 вазн қувва меозмоянд
Роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Конгресси 76-уми ФИФА дар Канада иштирок намуд
DUSHANBE GRAND SLAM 2026. Имрӯз ҷудочиён аз рӯи 4 вазн қувва меозмоянд
Сармураббии нави дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол таъйин гардид
WORLD JUDO MASTERS 2026. Ситораҳои ҷудои ҷаҳон ба Душанбе меоянд