ДАР АРАФАИ РӮЗИ ДОНИШ. Рушди ҳар давлат аз соҳаи маориф, ки дар омодасозии кадрҳои баландихтисос нақши калидӣ дорад, вобаста мебошад

Август 31, 2019 14:45

ДУШАНБЕ, 31.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. 1-уми сентябр дар саросари ҷумҳурӣ Рӯзи дониш таҷлил мегардад. Дар ин рӯз ҳамасола Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз  муассисаҳои таълимии мамлакат бо хонандагону донишҷӯён ва намояндагони соҳаи маориф суҳбату мулоқот анҷом дода, аз бурду бохти ин соҳа ёдовар мешаванд.

Аз ҷумла, Пешвои миллат зимни таҷлили Рӯзи дониш, дарси сулҳ ва оғози соли таҳсили 2018 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ба масъалаи кадрҳои баландихтисос таваҷҷуҳ зоҳир намуда, иброз намуданд, ки Ҳукумати Тоҷикистон ба рушди илм ва тарбияи кадрҳои соҳибкасб диққати аввалиндараҷа дода, маблағгузориро дар ин самт мунтазам зиёд карда истодааст.

«Зеро мо метавонем мушкилоти мавҷудаи Ватанамонро тавассути илм бартараф созем ва барои рушди бомароми иқтисоди миллӣ заминаи боз ҳам мусоид фароҳам орем»,-баён намуданд Президенти мамлакат.

Бояд тазаккур дод, ки Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолӣ пешрафти ҳамаҷонибаи соҳаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа – илму маориф, тандурустиву фарҳанг ва ҳифзи иҷтимоиро яке аз самтҳои асоситарин ва афзалиятноки сиёсати худ қарор дода, барои расидан ба ин ҳадафҳо ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст. Барои соҳиб шудан ба мақоми арзанда дар арсаи байналмилалӣ ҳар яки моро зарур аст, ки фаъолияти худро бо назардошти талаботи замони муосир ба роҳ монда, ҳамаи имкониятҳоямонро барои тарбия ва ба воя расонидани насли созандаву бофарҳанг ва ватандӯсту ободгар, яъне соҳибони ояндаи марзу буми аҷдодӣ, инчунин тайёр кардани кадрҳои соҳибмаърифату баландихтисос равона созем. Рушди иқтисоди миллӣ ва қисмати муҳими соҳаи маориф дар асоси ҳуҷҷатҳои стратегии мамлакат ва соҳа, аз ҷумла Стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то давраи соли 2030, Стратегияи миллии соҳаи маориф барои солҳои 2012-2020 ва барномаҳои гуногуни миллӣ ва соҳавӣ ба нақша гирифта мешавад.

Тавре сармутахассиси Раёсати таҳлил ва ояндабинии  сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ Маъруфи Абдуҷаббор иброз намуд, дар тамоми низоми давлатдорӣ соҳаи маориф ва рушди илм яке аз соҳаҳои аввалиндараҷа  ва муҳимтарини ҳаёти мамлакат ба ҳисоб меравад. Аз ҷумла, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ соҳаи маориф ва бахши илм  яке аз самтҳои муҳимтарини рушди на танҳо илму маърифат, балки иқтисодиёти мамлакат низ маҳсуб меёбад.

«Бояд зикр намуд, ки ҳанӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон иброз дошта буданд, ки ман дар сиёсати худ маорифро дар ҷои аввал мегузорам. Ҳамин ташаббусҳо ва ин тасмимҳо дар раванди сиёсатгузориҳои давлатӣ сол аз сол зоҳир мегарданд. Ҳамасола дар ҳошияи ҳар Паёме, ки аз ҷониби Пешвои миллат ироа мегардад, ба масъалаи маорифу мушкилоти он ва гуногунии рушди он таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад»,-изҳор дошт Маъруфи Абдуҷаббор.

Ба зикри номбурда, имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сӯи меъёрҳои асосии рушди тавонмандии инсон, ки аз соҳаи маориф вобастааст, хеле қадамҳои устувор мегузорад. Ин метавонад дар оянда Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун як давлати аз лиҳози илму маърифат пешрафта нишон диҳад.

«Асри 21 асри илму технология аст ва бе рушди маориф соҳаҳои муҳимтарини он дар ҳеҷ як давлат наметавонанд ба пешравӣ ноил гарданд. Хушбахтона, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи рушди технологияи муосир қадамҳои устувор гузошта истодааст. Ин қадамҳо, пеш аз ҳама, барои кадрҳои ҷавон, қишри ояндасози давлат хеле муҳим мебошанд»,-баён дошт мавсуф.

Бояд зикр намуд, ки Пешвои миллат дар Паёми соли қаблиашон зикр намуда буданд, ки то соли 2020 бояд масъалаҳои муҳимтарини соҳаи маориф ҳалли худро ёбанд. Дар ин росто ҳамсуҳбати мо иброз дошт, ки дар дурнамои кӯтоҳмуддат ислоҳу бартараф кардани ин мушкилот метавонад, ки соҳаи маорифро ба яке аз бахшҳои пешрафтаи мамлакат табдил диҳад.

«Имрӯзҳо мебинем, ки рушди маорифи ҷумҳурӣ танҳо бо донишомӯзӣ дар дохили давлат иктифо намекунад ва кадрҳои ҷавон хориҷ аз мамлакат ба соҳаҳои гуногуни касбомӯзӣ фарогир мешаванд, зеро Тоҷикистон дар соҳаи маориф бо давлатҳои гуногун ҳамкорӣ ба роҳ мондааст. Тибқи омори охир, зиёда аз 30 ҳазор донишҷӯёну ҷавонони тоҷик имрӯз дар хориҷи мамлакат таҳсил мекунанд, ки ин яке аз қадамҳои устувор дар роҳи такмил додани соҳаи маориф  ва аз як фазои маҳдуди чаҳорчӯби дохили давлатӣ берун кашидани фазои илму маърифат ба шумор меравад»,-таъкид намуд ӯ.

Мавсуф изҳори умед менамояд, ки дар оянда ин кадрҳое, ки ба таълиму касбомӯзӣ дар хориҷи давлат  фаро гирифта мешаванд, пеш аз ҳама, барои рушди маорифи давлат хизмати шоиста мекунанд.

 Мавриди зикр аст, ки ҳар як давлат барои барқарор сохтани пояҳои заъфи инкишофи иқтисодиёт, пеш аз ҳама, соҳаи маориф таваҷҷуҳ зоҳир мекунад. Аз даврони истиқлолият, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақил гардида, ба як буҳрони амиқи сиёсиву иқтисодӣ гирифтор шуд, таваҷҷуҳи давлат ба самти маориф хеле назаррас буд. «Метавон гуфт, ки дар қатори самтҳои стратегӣ-давлатдорӣ маориф як самти маҷозии стратегӣ аст, яъне ҳарчанд эълоншуда нест, вале аз ҷиҳати дурнамои рушд ва воқеиятҳои рушди замони муосир маориф яке аз самтҳо ва ҳадафҳои стратегии давлатдориро ташкил медиҳад. Имрӯз ҳар як ҷавон вобаста ба талаботи замони муосир дар интихоби касбу тахассуси оянда бояд иштибоҳ накунад. Он касбҳо ва ихтисосҳое, ки барои инкишофи иқтисодиёти давлат бештар муҳим ҳастанд, бояд ба онҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир кунанд»,- изҳор намуд Маъруфи Абдуҷаббор.

Ба андешаи ӯ, яке аз бахшҳои муҳимтарини рушди давлат- ин бахши геология аст. Бояд ҳар як нафар ҳамин зарфиятҳои давлатдориро дарк намояд ва барои ояндаи устувори худу давлат таваҷҷуҳ зоҳир намояд. Ҷавонон бояд ба ин соҳа таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, дар рушди он саҳмгузор бошанд.

Мо дар арафаи соли таҳсили навбатӣ қарор дорем. Умед аст, ки соли равон низ бахши зиёди ҷавонон ба касбҳои гуногун ва донишгоҳу мактабҳои мавриди назарашон фарогир шуда, хуб таҳсил мекунанд. Ва мо зина ба зина метавонем ба ҳадафҳои бузурги давлатдорӣ, ки дар ояндаи дарозмуддат ба миён гузоштаем, бирасем.  Бо такя ба суханони дар боло зикршуда метавон хулоса кард, ки рушди ҳар давлат аз соҳаи маориф, ки дар омодасозии кадрҳои баландихтисос нақши калидӣ дорад, вобаста  мебошад.

 Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

Август 31, 2019 14:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар давраи таътил дар Суғд озмуни вилоятии «Китобхони беҳтарин» гузаронида мешавад
«Донишномаи Донишгоҳи омӯзгорӣ» интишор шуд
ФАЛАК ҶАҲОНӢ ШУД. НАВБАТ БА ҲУНАРҲОЕ, ЧУН ЧИТГАРӢ, ТОҚИДӮЗӢ, ЗАРГАРӢ, ЗАРДӮЗӢ, ҶӮРОББОФӢ РАСИД. Андешаҳои фолклоршиноси тоҷик Дилшод Раҳимӣ
Кормандони Китобхонаи вилоятии оммавии вилояти Суғд ду китоби нав ба нашр расониданд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВВАЛИ СОЛИ 2022. Тибқи тақвими суннатии мучал имсол соли паланг аст
Абдухалил Ғафурзода: Дар Тоҷикистон омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиатшиносӣ ва забонҳои хориҷӣ мавқеи умумимиллӣ касб менамояд
ХАБАРИ ХУШ! Хонандагони муассисаҳои таълимии Тоҷикистон дар 3 олимпиадаи байналмилалӣ сазовори 8 медал гардиданд
Донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори ҷойҳои намоён шуданд
Дар Душанбе даври шаҳрии озмуни «Китобхонаи беҳтарин – 2021» оғоз меёбад
ДАР ПАРТАВИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. Омӯзгорони мактабҳои миёнаи кишвар имкон доранд маҳорати омӯзгории худро тавассути барномаи Фулбрайти Амрико такмил диҳанд
Дар Душанбе даври сеюми шаҳрии Олимпиада оид ба шоҳмот баргузор карда шуд
Дар Душанбе маросими ҳавасмандгардонии ғолибони озмунҳои зеҳнӣ ва даври ноҳиявии олимпиадаҳои фаннии хонандагон доир шуд