Дар Душанбе масъалаи эътирофи минтақаҳои имконпазири Тоҷикистон ҳамчун «Геопарки ЮНЕСКО» баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 22.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Комиссияи миллии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО ва дастгирии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг (ЮНЕСКО) дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Геопаркҳои ЮНЕСКО: Минтақаҳои имконпазири Тоҷикистон ҳамчун номинатсияҳои эҳтимолӣ» конфронс баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, конфронси мазкур бо иштироки Раиси Комиссияи миллии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Шамсиддин Орумбекзода доир гардида, ҳадафи баргузории он муҳокимаи фарогири консепсияи геопаркҳои ҷаҳонии ЮНЕСКО ва мақсаду вазифаҳои онҳо ба шумор мерафт.
Дар конфронс мавзеъҳои Тоҷикистон, ки эҳтимолан метавонанд аз ҷониби ЮНЕСКО ҳамчун «Геопарки ЮНЕСКО» эътироф шаванд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.









Имрӯз дар Беларус Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз меёбанд
Дар Рӯзҳои кинои тоҷик дар Беларус се филми ҳунарӣ намоиш дода мешавад
Вазири корҳои хориҷӣ ва ҷамъиятҳои Ҷумҳурии Сейшел дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус намоишгоҳи рассомони тоҷик ифтитоҳ ёфт
Филми мустанади «Шоҳи қуллаҳо» ҷоизаи байналмилалӣ гирифт
«НАМУНАИ АДАБИЁТИ ТОҶИК». Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Симпозиуми байналмилалии илмӣ доир шуд
Бахшида ба Ҳафтаи илми тоҷик дар Хонаи китоби Тоҷикистон конференсияи илмӣ доир шуд
Дар Душанбе паҳлуҳои гуногуни Устувонаи Куруши Кабир чун аввалин эъломияи ҳуқуқи башар баррасӣ гардид
Гӯшаи фарҳангии Тоҷикистон дар Фестивал-намоиши байналмилалии «ART EXPO» ташкил карда шуд
Дар Душанбе намоиши асарҳои муҷассамавии Рассоми халқии Тоҷикистон доир гардид
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 800 бозёфти нодири таърихӣ ба намоиш гузошта шудааст
РӮЗИ БУЗУРГДОШТИ САЪДИИ ШЕРОЗӢ. Осори безаволи шоир дар тарбияи ахлоқӣ ва маънавии ҷомеа нақши муҳим дорад






