МЕВАИ САРЗАМИНИ БИҲИШТӢ. Имрӯз дар майдони Маҷмааи савдои «Меҳргон»-и Душанбе Иди ангур доир гардид

Август 31, 2019 15:45

ДУШАНБЕ, 31.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 31 август  дар  шаҳри Душанбе бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  Иди  ангур  доир гардид.  Иди ангур  ва намоиш —  фурӯши маҳсулоти кишоварзию ҳунарҳои мардумӣ  бахшида ба  28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони Маҷмааи савдои «Меҳргон» баргузор гардид. Дар он аз рӯи номинатсияи «Беҳтарин хӯшаи ангур» Хоҷагии ангурпарварии ноҳияи Турсунзода «Ҳоҷӣ Неъмат» бо вазни 9 килои як хӯшаи  ангур ғолиб омад.

Тавре  мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад,  иди мазкур бо шаҳомати хосса доир гардида, дар он ангурпарварони вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи мамлакат иштирок доштанд.

Зимни суҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар» сардори Маркази матбуоти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёқуб Уроқов зикр кард,  ки дар  ин маъракаи бошукӯҳ  ангурпарварони мамлакат намунаи ҳосили яксолаи дастранҷашонро пешниҳоди иштирокдорон намуданд.

«Дар ин ид  зиёда аз 190 намуди ангур,  аз ҷумла  навъҳои  «кишмиши сиёҳ», «ҳусайнии сурху сафед»,  «чиллагӣ»,  «шоҳона», «ангушти хонум», «ғалаба» ва ғайраҳо ба намоиш ва фурӯш гузошта шуданд»,-афзуд номбурда.

Ҳакамон аз рӯи 4 номинатсия – «Беҳтарин хоҷагии ангурпарварӣ», «Беҳтарин дастурхони маҳсулоти аз ангур тайёршуда», «Беҳтарин гӯшаи маслиҳатдиҳӣ барои ангурпарварон» ва «Беҳтарин хӯшаи ангур»  ба дастранҷи ангурпарварони мамлакат баҳо доданд.

Ташкили намоиш –фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ба ин ид шукӯҳи тоза бахшид.

Сокинону меҳмонони ин намоиш имкон доштанд навъҳои гуногуни ангур ва маҳсулоти аз он омодашударо бо нархҳои дастрас  харидорӣ намоянд.

Ангур яке аз неъматҳои бебаҳои табиат ва аз замонҳои қадим (энеолит) меваи маъмул дар сарзамини мост.   Дар сарчашмаҳои қадима омадааст, ки ангур яке аз меваҳои дӯстдоштаи пайғамбари Ислом Муҳаммад (С) будааст, беваҷҳ нест, ки номи  ангур дар қатори анҷир, анор ва себ чун меваҳои биҳиштӣ дар Қуръони карим низ зикр шудааст.

Тоҷикистонро беасос сарзамини биҳиштӣ наменоманд:  донишмандон мегӯянд  дар   диёри мо  беш 200 навъи  ангур маълум аст. Кишоварзону соҳибкоронамон алҳол ба парвариши 50 навъи он машғуланд.

Ангурро барои тархӯрӣ, афшурагирӣ ва мавиз хушконидан, пухтани мураббо, ширинӣ ва майкашӣ истифода мебаранд. Дар таркиби ангур канд, туршӣ, витаминҳои А, С, В, моддаҳои пектинӣ, намакҳои минералии калий, калсий, магний, фосфор, оҳан, манган мавҷуданд. Бино ба ақидаи табибон, афшураи ангур мубодилаи моддаҳоро дар организм беҳтар ва гемоглобини хунро зиёд карда, ба системаи асаб ва мушакҳо таквият мебахшад.  1 литр  афшураи ангур ба организми одам аз 700 то 1000 калория гармӣ медиҳад.
Дар бораи хусусиятхои давоии ангур олимони кадим Дискуридус (а. 1 то милод), табибони Академияи Гундишопур,  шайхурраис Абӯалӣ Ибни  Сино ва бисёр  донишмандони машҳури Ҳиндустон, Миср ва  Чин маълумот додаанд. Бино ба гуфтаи Абӯалӣ Ибни Сино, истеъмоли  ангури  тару тоза дамиш меорад. Ангури чида овезонкарда хушҳазм аст ва баданро қувват мебахшад. Ангур ва мавизи донадор барои дарди рӯдаҳо давои хуб аст. Мавиз гурда ва масонаро нафъ мебахшад.

Бино ба маълумоти Мухаммад Ҳусайни Шерозӣ,   ангур хунро зиёд, ҳолати узвҳои нафас ва шушро беҳтар, ҷисмро фарбеҳ мекунад.
Табибони халқӣ шираи ғӯраи  ангур, инчунин навъҳои турши онро чун воситаи иштиҳоовар ва ҳозим ба кор мебаранд.

Ангури пухтарасида, бахусус ангури сиёҳ, ҳангоми камхунӣ ва чун воситаи тақвиятбахш барои беморони заифу бемадор тавсия дода мешавад.
Аз ғӯраи  ангур сирко тайёр мекунанд, ки давои хуби иштиҳоовар аст. Барг ва навдаҳои токро ҳангоми муолиҷаи фишори хун ва диабети қанд тавсия медиҳанд.

Дар тибби муосир  ангур барои муолиҷаи касалиҳои сил, иллати дил, ҷигар, меъда, шуш, асаб ва ғайра истифода мешавад. Илми тиб муқаррар кардааст, ки ҳар кас бояд рузе 300 – 500 грамм  ангур истеъмол намояд.

Қобили зикр аст, ки иду ҷашнвора ва  фестивалҳои ангур ҳар сол дар бисёр кишварҳои олам, мисли ИМА, Канада, Италия, Чехия, Чин, Россия, Гурҷистон, Озарбойҷон, Эрон, Олмон, Изроил, Кипр,  Арманистон, Молдова, Руминия, Португалия  ва ғайра доир карда мешавад.

Хотиррасон менамоем, ки тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 августи соли 2019, минбаъд ҳар сол  шанбеи  сеюми моҳи август дар мамлакат Иди ангур таҷлил карда мешавад.

Август 31, 2019 15:45

Хабарҳои дигари ин бахш

ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН! Эҳдо ба Рӯзи пойтахт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Ниммарафони 14-уми байналмилалӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Пагоҳ дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Пагоҳ дар шаҳри Душанбе Ниммарафони 14-уми байналмилалӣ баргузор мегардад
20 апрел дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Барои дар сатҳи баланд гузаронидани мусобиқаи байналмилалии Гран-Слам оид ба гӯштини ҷудо ҷаласаи кумитаи тадорукот доир гардид
Ба ғолибони озмунҳои «Мураббии сол-2023» ва «Омӯзгори сол-2023» 10 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад
Дар шаҳри Душанбе хатсайри нави автобус ба фаъолият шуруъ менамояд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ассотсиатсияи байналмилалии бокс (IBA) Умар Кремлёв мулоқот намуданд
Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе таҷлил мегардад
«ТОҶИ САРИ ҶУМЛА ҲУНАРҲОСТ ИЛМ». Байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт озмун баргузор мегардад