Назри Яздонӣ: «Имрӯз хати набардҳои беамон на дар ҷабҳаҳои Сурияву Ироқ, балки дар замини зеҳни инсонҳо мегузарад»

Август 19, 2019 15:12

ДУШАНБЕ, 19.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Забони давлатӣ аз ҷумлаи арзишҳои миллии мост ва онро  ҳифзу  нигаҳдорӣ кардан вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди бонангу номус ва ватандӯсту ватандори Тоҷикистон аст. Барои беолоишу бегазанд  нигоҳ доштану  ба ояндагон мерос гузоштани ин забони гуворо ҳама бояд якҷоя ҷаҳд намоем ва рушди устувори онро таъмин гардонем.

Арзишҳои миллӣ бунёди аслии ҳар як миллатанд. Дар ин ҷаҳони густурда ҳар миллат зебоии худро дорад, рангу бӯи хоси худу фарҳанги худро дорад. Ҳар кадоме ба қадри захираву заминаи фарҳанги илмии худ дар тамаддуни ҷаҳон нақше дорад. Яке камтар ва дигаре бештар ва ҳар кадом аз инҳо дар тамаддуни ҷаҳонӣ аҳамияти хосаро соҳибанд.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки бузургони миллат бо меҳру муҳаббати хоса, бо садоқате, ки ба забони тоҷикӣ доранд, кӯшиш менамоянд меъёрҳои забони адабиро риоя карда, бо забони фасеҳу шоиронаи тоҷикӣ озодона ҳарф зананд ва фикру андешаҳои худро бо ин забони гӯшнавоз ва гуворову дилкаш озодона, равшану возеҳ баён созанд.

Чунин эҳтиром гузоштан ба забони давлатӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки наслҳои оянда барои ҳифзу нигаҳбонии ин муқаддасоти миллӣ талош варзида, онро ба сифати меҳри модар қадрдонӣ хоҳанд кард.

Яке аз он адибоне, ки забону миллати худро дӯст медорад, ба арзишҳои миллӣ эҳтироми баланд дорад, ҳар шеъру суханаш бо васфи Ватану Тоҷикистон оғоз мешавад, устод Назри Яздонӣ мебошад.

Таронаи “Тоҷикистон беҳтар аз ҷон”-и Назри Яздонӣ лаҳзаҳои хотирмоне дорад. Муаллиф қисса мекунад, ки як марди солдида дар роҳ ба ӯ арзи эҳтиром карда, гуфтааст, ки “маро дар муҳоҷират аз як гӯшам хоки Ватан мекашид ва аз гӯши дигарам суруди “Тоҷикистон беҳтар аз ҷон”. Ин ва дигар сурудҳои шоири миллат дар торнамоҳои иҷтимоӣ хонандагону шунавандагони худро доранд. Барои мисол, суруди “Сафири Ватан”-ро мегирем, ки аз ҷониби ҳунармандони тоҷик омодаву сароида шудаву танҳо дар сайти “Ютуб” мухлисонаш ба чандин ҳазор расидаанд…

Қисми сеюми китоби «Ҳикмати озодагон»-и Назри Яздонӣ соли 2017 аз чоп баромада буд. Китобест, ки аз арзишҳои миллии тоҷикӣ ё тоҷикон қисса мекунад. Мазмуну мундариҷаи ин китоб борҳо тавассути телевизиону радиоҳои мамлакат садо додаву дар ҳафтаномаву маҷаллаҳо нашр гардидааст.

Китоби «Ҳикмати озодагон» аз китобҳои муътабари Назри Яздонӣ мебошад, ки дар ҷомеаи навини тоҷикон мавриди мутолиаи аҳли илм ва аз ҷониби олимони тоҷик баҳои баланд гирифтааст.

Китоб дар жанри эссеи фалсафӣ таълиф гардида, ба тадбиру тақдири ҳувияти миллӣ ва фарҳангии имрӯзаи тоҷикон бахшида шудааст. Дар ин асар моҳияти маданияти тоҷик, мавқеи он дар тамаддуни ҷаҳонӣ, хусусиятҳои асолати миллӣ, моҳияти иҷтимоӣ, сиёсати ваҳдати миллӣ дар гирдобу тундбоди беамон ва бебозгашти ҷаҳонишавӣ мавриди таҳлили ҷиддии усулӣ ва илмӣ қарор гирифтаанд.

Хидмати шоёни дигари Назри Яздонӣ аз ин иборат аст, ки муваффақ гардидааст, то лоиҳаи силсилаи китобҳои гузаштагонамонро таҳти унвони “Тоҷнома” амалӣ созад. Бале, андешаи маҳз ӯ буд, ки чунин силсилаи китобҳо коркард шуда, ба нашр мерасанд. Китобҳое, ки саҳми тоҷиконро дар тамаддуни ҷаҳонӣ бо санаду ҳуҷҷатҳои дақиқ нишон диҳанд, мавқеи миллати тоҷикро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ равшан кунанд, ҳамеша як орзуи ӯ буд.

Лоиҳаи силсилаи китобҳои “Тоҷнома”, ки бо ибтикори Назри Яздонӣ пешниҳод шудааст, аз “Авасто” шурӯъ гардида, аз “Мероси хаттии бостон”-у “Ҷовидонхирад” ва дигар китобҳо иборат аст ва феълан дар Маркази “Тоҷикшиносӣ”-и Китобхонаи миллии Тоҷикистон амалӣ гардида истодааст.

Тавре худи устод мегӯяд: “Хушбахтона, соате шуд, ки ин ақида аз тарафи академик Носирҷон Салимӣ ба ман гузошта шуд ва соати саодат будааст, ки маслиҳати ба амал овардани ин орзу дастгирии воқеӣ ёфт. Ба назари ман, ин лоиҳа ҳам дар самти худшиносии миллӣ ва ҳам дар ҷомеаи ҷаҳонӣ сарбаландона хостани истиқлолият ва мавқеи миллати хеш бисёр муҳим аст. Агар мо тавонем, ки  солҳои наздик ин силсиларо пурра ба нашр супорем, ин муваффақияти давлати мо мешавад. Албатта, ин амал саҳлу сода нест ва заҳмати зиёд талаб мекунад. Ва тибқи лоиҳа, ин силсила феълан аз 50 китоб иборат аст ва баъдан мувофиқи барнома, ҳамаи китобҳои силсилаи “Тоҷнома” бояд ҳам ба забони русӣ ва ҳам ба англисӣ тарҷума ва нашр шаванд. Инчунин ба хати форсӣ баргардонидани онҳо аз манфиат холӣ нест ва шояд ба забони арабӣ ҳам нашр гарданд”.

Лоиҳа дар самти хештаншиносӣ ва асолати миллӣ дар баробари хизматҳое, ки зикр шуданд, дар барномарезӣ, таҳия ва нашри силсилаи бисёрҷилдаи «Тоҷнома», ки саҳми миллати тоҷикро дар масири тамаддуни ҷаҳонӣ бо нашри манбаъҳои бостонӣ ва осори фарҳангии дараҷаи аввал, ки аз ҷониби донишмандони бузурги ҷаҳон эътироф шудаанд, бо шарҳу тафсири илмӣ, харитаҳо, тасвирҳо, тасвири артефактҳои нодиру ҷаҳоншумул нишон медиҳад. Ин силсилаи бузургҳаҷме, ки дар таърихи тамаддуни чандҳазорсолаи тоҷикон назир надорад, ҳудуди 20 ҷилд ба нашр расид ва имсол чанд ҷилди дигар дар арафаи нашр аст.

Шахсияти Назри Яздонӣ ҳанӯз аз даврони Шӯравӣ дар расонаҳо маълум буд. Ӯ нафарест, ки аз арзишҳо ҳарф мезанад. Бале, аз арзишҳои миллии тоҷику тоҷикистонӣ.

Назри Яздонӣ (Раҳматуллоев Назрулло) 18 августи соли 1949 дар ноҳияи Сангвори Вахё (ҳозира Тавилдара) таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Оилаи онҳо соли 1953 ба ноҳияи Ленин (ҳозира Рӯдакӣ) кӯчида омада, дар деҳаи Маҳмадшоҳ маскун шуданд. Таҳсили ибтидоӣ ва миёнаро дар ҳамин ҷо (деҳаи Маҳмадшоҳ, колхози «Коммунизм») ба анҷом расонидааст. Баъди хатми мактаби миёна як сол дар заводи пахтаи Айнӣ ба ҳайси коргари одӣ кор кардааст.

Соли 1967 ба шуъбаи англисии  факултети забонҳои хориҷии  Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Қандил Ҷӯраев дохил шуда, соли 1971 онро хатм намудааст. Дар даврони донишҷӯӣ аввалин шеъру мақолаҳои илмиаш ба чоп расидаанд. Дар озмунҳои шеърӣ ва илмии донишҷӯён ширкат варзида, муваффақият ёфтааст.

Баъди хатми Донишгоҳ ба шуъбаи фалсафа- бахши таърихи фалсафаи Академияи илмҳои Тоҷикистон ба кор омадааст. Соли 1981 дар Алма-Ато дар мавзӯи «Фалсафаи Ибни Сино дар «Ишорот ва танбеҳот» рисолаи номзадӣ ҳимоя намудааст.

Соли 1981 ба Иттифоқи нависандагони Тоҷкистон ба ҳайси мудири шуъбаи равобити адабӣ даъват шуда, дар ин вазифа то соли 1991 фаъолият кард. Аз соли 1991 дар Кумитаи  дин, танзими анъана ва ҷашну маросими  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати мудири шуъбаи назорат ва ҳамоҳангӣ то соли 1999 кор кард. Баъдан ба Институти фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор омада, то имрӯз комилан ба кори илмиву эҷодӣ машғул аст.

Назри Яздонӣ ба Ҳиндустон, Венгрия, Россия (ва аксари ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ), Эрон, Ироқ, Туркия, Сурия, Урдун, Арабистони Саудӣ, Қатар сафарҳои хидматӣ кардааст.

Ашъораш дар китобҳои «Меҳрбон», «Тоҷикистон беҳтар аз ҷон», «Нурборон», «Дилнигора», «Нурполо» ва маҷмӯаҳои дастҷамъӣ чоп шудаанд.

Шеърҳояш ба забонҳои русӣ, ӯзбекӣ, украинӣ, эстонӣ, немисӣ, тарҷума ва нашр шудаанд. Кӯшидааст дар заминаи анъанаҳои шеъри классикӣ, шеъри ҷаҳонӣ, шеъри мардуми тоҷик, шеъри нимоӣ шеъри тоза гӯяд. Ба ақидаи шеършиносони тоҷик, сухани тоза мегӯяд. Бунёди шеъраш маъно, фаҳмо, зебо ва гӯё аст.

Аз забонҳои русӣ, англисӣ, арабӣ, ӯзбекӣ, урду, украинӣ тарҷума мекунад. Шеърҳо, достонҳо, қиссаҳои А. Пушкин, М. Лермонтов, В. Шекспир, Ҷ. Байрон, Алӣ Сардор Ҷафрӣ, роману повестҳои Л. Каррол, З. Бистшитская ва дигар адибони ҷаҳониро ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст. «Ишорат ва танбеҳот»-и Ибни Синоро бо ҳамқаламии М. Диноршоев ва Т. Мардонов аз забони арабӣ ба русӣ гардондааст.

Дар тарҷума аввалин шоирест, ки аз забони англисӣ ба тоҷикӣ тарҷумонӣ кардааст. Тарҷумаи «Ишорот» ҳам дар тарҷумаи илмии тоҷик аввалин намунаи баргардони бевоситаи арабӣ-русӣ аст.

Шумораи зиёди баёзҳои (антология) манзум, мансур ва фолклориро таҳия ва тавзеҳ намудааст, ки ба забонҳои гуногун дар Киев, Минск, Таллин, Тошканд, Тблиси, Ханой, Прага, София ва дигар шаҳрҳои ҷаҳон нашр шудаанд.

Дар сабти комили аудиоии “Шоҳнома” ширкат кардааст.

Муддати панҷ сол дар Радиои давлатии Тоҷикистон барномаҳои мустақили “Асолати миллӣ” ва “Худшиносии миллӣ”-ро пеш бурдааст.

Ба ашъори зиёди мавсуф устодони суруди тоҷикӣ оҳанг баста, месароянд, аз ҷумла дар хазинаи тиллоии радио зиёда аз 50 суруд мавҷуданд, ки аксари онҳо тантанаи ватандӯстиву ваҳдатгароӣ мебошанд.

Сурудҳое, ба монанди «Тоҷикистон беҳтар аз ҷон», «Ориёни бостонам, “Тоҷикистони ҷавонам», «Таронаи ҳамдилӣ», «Суруди Ваҳдат», «Ишқи нуронӣ», «Сарзамини камзамини беканор» дар ҳамаи шабакаҳои телевезиону радио мунтазам садо медиҳанд ва дар аксари барномаҳои бузурги давлатӣ низ иҷро мешаванд.

Тадқиқоти илмиаш дар китоби «Фалсафаи Ибни Сино дар «Ишорот ва танбеҳот», инчунин мақолоти зиёд ба забонҳои русӣ ва тоҷикӣ дар нашриёти Душанбе, Москва, Тошканд ва Алма-Ато нашр шудаанд.

Назри Яздонӣ феълан дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба ҳайси сардори маънавии “Маркази тоҷикшиносӣ” фаъолият дорад.

Ҳоло дар баробари эҷоди шеър тадқиқоти фалсафиву фарҳангӣ дар мавзӯъҳои «Ташаккул ва такомули маънавиёти тоҷик дар масири адолатгароён (Пешдодиён), маърифатпешагон (маздоясноӣ), исломӣ, шӯравӣ ва истиқлоли сиёсӣ», «Таъсир ва такомули тарафайни тамаддунҳо, (исломӣ, иудаистӣ, насронӣ, ҳиндӣ)» сурат мегиранд.

Хулосаи тадқиқоташ ин аст, ки умумият, такомули тарафайни тамаддунҳо дар тӯли таърихи панҷ ҳазор сол равшану сареҳ ва муфиду ҳамаҷониба будааст. Ихтилофи тамаддунҳо хосияти фрагментарӣ, гузаранда ва сиёсӣ доштааст. Тарғиби ин нуктаҳои бунёдӣ ба ақидаи Назри Яздонӣ, аҳамияти воқеии пурқувват ва судманд шудани ҳусни тафоҳум ва ҳамзистии милалу ақоиди мухталифро дорад.

Назри Яздонӣ оиладор ва соҳиби ду фарзанд аст.

Ҳадафи ӯ дар зиндагӣ хушбахтиву фараҳмандии инсон аст. Чунин хушбахтӣ танҳо дар сурати ҳусни тафоҳуми огоҳона ва маърифати тамаддуни ҷаҳонӣ имкон дорад.

Назри Яздонӣ соли 2011 бо ордени “Шараф”, дараҷаи I сарфароз гардонида шудааст.

Соли 2014 ба унвони «Шоири халқии Тоҷикистон» мушарраф гардидааст.

Назри Яздонӣ эҷодкор аст. Шеъру суруд менависад. Намунае аз ашъори устод инҷо манзур мегардад, ки ҳарфаш аз дил садо медиҳад:

Набзи ман кӯбад агар гоҳе равон, гаҳ норавон,

Бок не, то набзи ту бошад равону ҷовидон.

Ҳамчу набзи ноздона дар канори модарон,

Набзи Ваҳдат, Ваҳдати ҷону тани озодагон.

 

Осмони беғубору файзбори мост, Истиқлол,

Офтоби меҳрубону нурбори мост, Истиқлол,

Ифтихору иқтидору ихтиёри мост, Истиқлол,

Ҷовидона устувои устувори мост, Истиқлол.

 

Ҷони ман, акнун ҷаҳони мо ҷаҳони дигар аст,

Бар сари мо гирдгардон осмони дигар аст.

Ҷонам, оини ҷаҳон имрӯз дигаргуна аст,

Миллатам дар остони имтиҳони дигар аст.

 

Қаҳрамонҳои қаламдори азизат, эй Ватан,

Аз азал сардафтари майдони маънову сухан.

Аз қадамгоҳи қаламкашҳои қавми сафшикан,

Мерасад сад Орашу сад Рустаму Исфандиёр.

 

З-ин хок насабзида ба ҷуз аз фарҳанг,

З-ин хок нарӯида кару аҳвалу ланг.

Киштанду бисӯхт тухми шамшеру туфанг,

Сабзида найистони қалам ранг ба ранг.

Сайр кардам Тоҷикистонро аз ҳар чор сӯ,

Ман надидам шарқу мағрибу шимолаш.

Илми шайтонист тақсим карда онро бар ҷанубу бар шимол,

Илми раҳмонист карда Тоҷикистони ягона.

Хонаи уммеди кулли тоҷикон,

Тоҷикони гашта пошону парешон дар ҷаҳон.

Ҳамчу тухми зарҳалии ишқу виҷдон…

…Чунки асли миллатам одамгароӣ буду ҳаст.

Ихтисоси ориёнитаборам,

Заргарӣ, оҳангарӣ, одамгарӣ ҳаст.

Аммо заргароӣ нест,

Асли миллатам одамгароист…

Назри Яздонӣ дар васфи забони тоҷикӣ мегӯяд:

“Забон яке аз неъматҳои дараҷаи аввали ҷаҳони инсонӣ аст, ҳатто андешаҳои зебо, орзуҳои ширин дар зеҳни инсон ба воситаи забон сурат мегиранд. Забони тоҷикӣ хушранг аст, хушбӯй аст, хушоҳанг аст, мавзун аст, ба вазъи камолоти гармония расидааст. Забони тоҷикӣ забони меҳрубонист. Як мастчоҳӣ шояд «Марҳабо» ҳам мегӯяду «Хуш омадед» ҳам. Аммо маъмулан ва ғолибан мегӯяд: «Дар қадамотон мурам», як панҷакентӣ дар тамоми умраш ҳаргиз «додарам» ё «хоҳарам» намегуфт, балки мегӯяд: «додаракам», «хоҳаракам». Як ҷавони ошиқ, аз ҳар минтақае бошад, калимаҳое, таъбирҳое, ба монанди инҳо саршор аз меҳрубониро арз мекунад.

Мо одат кардаем, ки мегӯем ва мешунавем: «духтари хушрӯ», «суруди хушрӯ», «туфлии хушрӯ» ва ҳама чизи дигар, ки гӯё ба ғайр аз «хушрӯй» ҳаргиз намегӯем, ки ин хонум латофат дорад, малоҳат дорад ё ширинсухан аст, меҳрубон аст, покиза аст, дасту даҳони пок дорад.

Бузургдошти забони тоҷикӣ дар замони истиқлол ба андешаи ман, гиромӣ доштани ин забон, қадри онро шинохтан асту шаҳомат, солорӣ, тобишҳои эҳсоси инсонии онро риоят кардан.  Мушкил бошад ҳам, аз қайди тақлиди забоншиносии ғайр берун омада, тибқи талабот ва қоидаҳои асолати забоншиносии классикӣ амал карда, ҳатман дар барномаи мактабҳои ҳамагонӣ дарси луғат ворид намуда, тадбире андешидан даркор аст, ки забони матбуоти даврӣ беҳтар шавад. Забонро аз олоишот нигоҳ дорем…”

Боре аз он кас пурсон шудам:

-Устод, инсони комил ба назари Шумо кӣ буда метавонад?

Устод чунин посух дод:

— Назарияи инсони комил яке аз дастовардҳои мутафаккирони ориёни тоҷикӣ, хусусан аҳли машшоъ ва тасаввуф дар тамаддуни умумибашарист. Ин назария дар саросари ҷаҳон, хусусан аз назари мутафаккирони англис, франсуз, немис ва рус мавриди диққат ва эҳтироми алоҳида аст.

Ин назария дар ҳар ҷараён хусусиятҳои хос дорад. Дар байни мардум назарияи аҳли тасаввуф бештар роиҷу машҳур аст. Ба сабаби ин ки тобиши худошиносӣ дорад. Ба назари мо, он дар айни замон татбиқи дунявӣ ҳам дорад. Тафсири дунявии назарияи инсони комил аз он нуқтаи назар муҳим аст, ки бениҳоят аст. Инсони комил як нуқта ё як мақоме надорад, ки гуфта шавад инсон дар ин мақом ба камолот мерасад. Яъне, аз он ҷо ки қудратҳои фитрии инсон ниҳоят надоранд, барои мисол ӯ аз самак то само, аз хурдтарин зарраи атому нейрон то ба кайҳон дастрасӣ дорад. Қудрати ишқу нафрати инсони оқил хотима надорад, дар ин маврид инсон бояд ҳамеша дар масири беҳтар кардани қудратҳои маънавии хештан бошад.

Имрӯз ҳам ин таълимот барои мо коромад аст, зеро ҷаҳони имрӯза дар ихтиёри нафаре буда метавонад, ки маърифати ҳамаҷонибаи инсоншиносӣ ва ҷаҳоншиносӣ ва қудрати шинохт ва истифодаи дастовардҳои навтарини илму фарҳангро дошта бошад. Илму фарҳанг ҳам ниҳоят надорад, ҷараёни камолоти инсонӣ ҳам дар ҳамин масир бояд ҳамеша дар ҳаракат бошад ва лаҳзае ҳам аз тапидан осоиш накунад.

Дар назар ҳам дошта бошем, ки имрӯз хати набардҳои беамон на дар  ҷабҳаҳои  Сурияву Ироқ  ва дигар давлатҳо, балки  дар замини  зеҳнҳо мегузарад. Ин набарди ҷаҳонӣ барои тасарруфи андешаҳо ҷараён дорад.

– Пас вазифаи инсоният аз чӣ иборат аст?

— Вазифаи инсоният ҳамеша обод кардану беҳтар кардани ҷаҳони атроф, дар ҳамоҳангии шахсияти ӯ бо ҷаҳони атрофаш ҳаст. Беҳтарину олитарин ҳунари инсон ва қудрати ӯ парвариш кардани эҳсоси муҳаббат ва ишқ дар вуҷуди хештан аст. Ба камолоти самаровар расонидани ин муҳаббат ва ишқ аст. Тақдим кардани дурдонаи ишқу муҳаббат ба олами атрофаш аст. Ба маҳбубааш, ҳамсараш, фарзандонаш, волидонаш, дӯстонаш, ватанаш, табиати ватанаш, инсонияти кураи фирӯзагии замин, ин кураи сабзе, ки дар коиноти бекарон ҷойгир буда, як нуқтаи бисёр кӯчак аст. Умри инсон нисбат ба ин нуқтаи сабзи кӯчак, ин ҷаҳони бениҳоят як лаҳзаи бисёр кӯтоҳу як мижа задан аст. Ин лаҳза бояд зебо, манфиатрасон, самардор, гарму рӯшан ва дар партави ишқу муҳаббату илму маърифат бошад. Муҳаббат метавонад дар вуҷуди як инсони бемаърифат ҳам бошад, аммо  муҳаббате, ки аҳли маърифат парвариш кардаанд ва тақдим кардаанд, маълум аст, ки пурмағзтар, равшантар, гармтар ва ҷовидонӣ аст.

Умед ЛОИҚЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Август 19, 2019 15:12

Хабарҳои дигари ин бахш

«БАЧА АЗИЗ, ОДОБАШ АЗ ОН АЗИЗТАР…». Ба таълиму тарбияи фарзандон набояд бетарафӣ зоҳир намуд
Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ва Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ масоили ҳамкории илмию таҳлилиро баррасӣ намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Беморхонаи марказии ноҳияи Темурмалик пурра навсозӣ гардид
ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ. Аз 1 апрел кормандони мақомоти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилотҳои давлатӣ ба омӯзиши ҳатмии забонҳои хориҷӣ фаро гирифта мешаванд
Дар ноҳияи Айнӣ сеюмин ҳамоиши гирандагони стипендияи президентӣ баргузор шуд
НАВРӮЗИ ХУҶАСТАПАЙ МУЖДАИ НЕКИ БАҲОРИ ХУРРАМ. Дар Суғд Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳи хоса таҷлил шуд
Тоҷикистон терроризму ифротгароиро қотеона маҳкум менамояд
24 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО БЕМОРИИ СИЛ. Ҳадаф аз он огоҳӣ, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ин беморӣ мебошад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Соли 2023 дар ҷумҳурӣ беш аз 1 миллион бех ниҳоли дарахтони гуногун шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли гулкарам масунияти инсонро боло мебардорад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли ғизои солим беҳтарин роҳи ҳифзи солимии шахс мебошад
Кормандони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ҷашни Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд