Қонуни танзим имкон фароҳам овард, то урфу одатҳои хурофотию кӯҳнашуда аз миён раванд

Август 16, 2019 11:54

ДУШАНБЕ, 16.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имсол аз қабули Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  12 сол гузашт ва он имкон фароҳам овард, ки қолабҳои шахшуда ва урфу одатҳои кӯҳнашудаю хурофотпарастонаи мардум аз миён раванд.

Қонуне, ки воқеан ҳам тарҳрезӣ, тасдиқ ва амалӣ намудани он рисолати хеле муҳим ва азимеро бар дӯши ҳар як шаҳрванди ба ору номуси мамлакат мегузорад. Қонуне, ки хеле саривақтӣ ва бар манфиати мардум, хусусан қишри ниёзманди ҷумҳуриамон мебошад.

Чанде қабл Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода зимни нишасти матбуотии ниҳоди мазкур иброз дошт, ки хушбахтона, қонуни мазкурро дигар давлатҳо сармашқи кори худ қарор додаанд. «Масалан, Қазоқистон, Қирғизистон ва Афғонистон бо мақсади омӯхтани таҷрибаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  ба мо дархост ирсол намуданд», -изҳор намуд мавсуф.

Ба зикри номбурда, танҳо дар даҳ соли амалӣ гардидани қонун беш аз як миллиону чорсад ҳазор маърака ба қайд гирифта шудааст, ки барои баргузории онҳо ба ҳисоби миёна чоруним миллиард сомонӣ харҷ гардида, сарфаи умумӣ аз ҳамаи намуди маъракаву маросим беш аз 18 миллиард сомониро ташкил кардааст.

Бояд тазаккур дод, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии мамлакат  ҳанӯз соли 2007 ба тасвиб расид ва ба ҳамовозии мутлақи ҷомеа рӯ ба рӯ гардид.  Мақсади асосӣ ва ниҳоии ин қонун аз ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон ва мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ, гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва дар маҷмӯъ фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид мекунанд, иборат мебошад. Гузашта аз ин қонун барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва тартиботи ҷамъиятӣ равона карда шудааст, ки ҳар яке аз бандҳои алоҳида иборатанд.

Ба зикри котиби матбуоти Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Афшини Муқим, дар ҷомеаи мо тайи чанд соли охир дар роҳи баргузории ҷашну маросими чӣ хурсандӣ ва чӣ азодорӣ зиёдаравиҳо ба назар мерасиданд. Бо дарназардошти ин зарурат ба миён омад, ки ҳамаи ин дар доираи як санади меъёрӣ- ҳуқуқӣ ба танзим дароварда шавад. «Мувофиқи пешниҳоди мардуми мамлакат соли 2017 дар ростои 10- солагии қабули қонуни мазкур боз як тағйироти густурдае ба ин қонун ворид карда шуд, ки муқаррароти тозае дар соҳаи танзиму анъана ба миён омад»,- баён дошт Афшини Муқим.

Бино ба гуфти мавсуф, тибқи муқаррароти моддаи 8-и қонуни мазкур ҷашни зодрӯз ба таври ихтиёрӣ танҳо дар доираи оила гузаронида мешавад, аммо мутаассифона, то ин рӯз бархе аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ ин муқарраротро ҳанӯз ҳам дарк накардаанд ё барқасдона онро нодида мегиранд. Ин сабаб мегардад, ки мақомоти ваколатдор нисбат ба онҳо санадҳои маъмурӣ тартиб дода, ба судҳо ирсол кунанд.

«Аз ин хотир аз ҷониби мо тавсия мешавад, ки бо дар назардошти моддаи 8-и ин қонун агар шаҳрвандон хоҳиши баргузор намудани ҷашни зодрӯз дошта бошанд, онро дар муҳити оилаи худ гузаронанд. Маросими хатнасур ҳам яке аз маросиме ба ҳисоб меравад, ки дар моддаи 9-и қонуни мазкур дарҷ гардидааст, ки он дар доираи оила ба таври ихтиёрӣ ва бе хизматрасонии санъаткорон гузаронида мешавад. Дар ҳоле, ки то ворид гардидани тағйирот ба қонун он бо даъвати на бештар аз 60 нафар меҳмонон доир мегардид. Аммо мақоми ваколатдор баъзе аз омилҳоро ба назар гирифта, ба ин қонун тағйирот ворид кард ва ҳоло он бидуни оростани ҳеҷ гуна маърака ва бе ҷалби санъаткорон ба иҷро расонида мешавад»,-иброз медорад котиби матбуотии Кумитаи мазкур.

Ба иловаи ӯ, маросими хатна бо розигии падару модар аз рӯзи таваллуд то рӯзи 20-уми баъди таваллуд дар муассисаҳои тиббии дахлдор мувофиқи қарори муайяннамудаи мақоми ваколатдор дар соҳаи тандурустӣ ба таври ройгон гузаронида мешавад. Дар бахши дигари ҳамин модда маъракаҳои номгузорӣ, гаҳворабандон, чиллагурезон, мӯйсаргирони тифл ва дигар маъракаҳои ба тавлиди тифл вобаста танҳо дар доираи оила  ва бидуни забҳи чорво ва бе даъвати санъаткорон гузаронида мешаванд. Инчунин гузаронидани маъракаи ақиқа, ки тайи чанд соли охир чун расми наве дар баъзе аз манотиқи мамлакат зуҳур кард, дар қонунгузорӣ қатъиян манъ карда шудааст. Падару модар ва ё дигар шахсони онҳоро ивазкунанда метавонанд аз маблағҳои сарфашуда то расидан ба синни балоғат дар бонкҳо ба номи фарзандонашон суратҳисоб кушоянд. Инчунин шахсони воқеию ҳуқуқӣ, ки имкониятҳои молиявӣ доранд, метавонанд бо иштироки комиссияи доимии маҳаллӣ хатнасури писарони бепарастор ва аз оилаҳои камбизоатро баргузор намоянд. Бояд зикр намуд, ки тартиби гузаронидани маъракаҳои хайриявиро низ мақоми ваколатдор муайян намудааст.

«Яке аз муҳимтарин маросиме, ки бештар баргузор мегардад ва дар мавриди он суолҳои зиёде дар зеҳни ҳамватанони мо пайдо мешаванд, ин баргузор намудани маросими тӯйи домодию арӯсӣ аст, ки он дар моддаи 10-и қонуни мазкур дарҷ шудааст. Мутобиқи қисми якуми моддаи 10 тӯйи домодию арӯсӣ давоми на бештар аз ду рӯз ба таври ихтиёрӣ бо оростани зиёфат барои то 150 нафар ва додани оши тӯй барои то 200 нафар аз ҳсоби ҳарду ҷониб гузаронида мешавад. Яъне агар тарафи арӯс, масалан ба мардум оши наҳор диҳад, пас тарафи домод ҳақ дорад то ба 150 нафар зиёфат бидиҳад»,- афзуд номбурда.

Мавсуф иброз медорад, ки ташкили маъракаҳое, ки дар гузашта хеле роиҷ шуда буданд, ба мисоли фотиҳаи тӯй, маслиҳатошӣ, идонабарӣ, сарупобинон, чойгаштак, қудоталбону ноншиканон ва дигарҳо танҳо ба истиснои тақдими туҳфаҳо барои домоду арӯс ва падару модари онҳо манъ аст. Маросими домодталбон ва арӯсбинон ба таври ихтиёрӣ дар доираи оила ва бо иштироки то 15 нафар доир карда мешавад. Падару модарони арӯсу домод ва шахсони онҳоро ивазкунанда бо маслиҳати тарафайн метавонанд ба ҷои додани оши тӯй маблағи онро барои беҳтар кардани шароити хонадорон сарф намоянд. Хушбахтона, ин расм хеле ҷорӣ шуда истодааст ва онҳо бе оростани маъракаҳои серхарҷ ба хотири ба роҳ мондани зиндагии шоистаи минбаъдаи худ тасмим мегиранд.

Дар робита ба ин мавзӯъ Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи ҷумҳурӣ Идигул Қосимзода иброз медорад, ки талаботу меъёрҳои ин қонун, қабл аз ҳама, ба беҳдошти сатҳи зиндагии мардуми кишварамон равона гардидаанд.

Ба андешаи ӯ, пеш аз тӯй ва баргузор намудани маросими бошукӯҳ бисёр вақт дар оилаҳо миёни зану шавҳарон ҷангу ҷанҷол сар мезанад. Бонувони хонадон барои таҳия ва харидорӣ намудани ҷиҳози барои тӯй зарурӣ  бо марди хона баҳсу мунозира намуда, маблағҳои зиёд талаб мекунанд.

«Бешак, дар амалӣ намудани танзими расму ойин ягон қувваи дигар бештар аз занон саҳм гирифта наметавонад ва танҳо модарону бонувонанд, ки  урфу одатҳоро дар зеҳну шуури наслҳо талқин мекунанд.  Дар тӯй мавқеи занон хеле калон буда, аксар вақт онҳо сабабгори зиёдаравӣ мегарданд. Мувофиқи мақсад аст, ки модарон масъули назорати тӯйи домодию арӯсӣ бошанд»,-мегӯяд раиси Кумитаи кор бо занон ва оила.

Мавсуф иброз медорад, ки барпо намудани тӯю  дигар маъракаҳои дабдабанок  мояи саодату хушбахтии  навхонадорон- фарзандони онҳо  шуда наметавонад. Баръакс,  чунин харҷҳои беҳуда  метавонанд сабаби  пайдо гардидани  нофаҳмиҳо байни ду оилаи хешшаванда ва ҳатто  сабаби хонавайронии  фарзандони онҳо  гарданд. Чуноне ки  аз таҳлили аризаҳои муроҷиаткунандагони  Кумита бармеояд,  дар аксар ҳолатҳо  ҷангу ҷидол  ва гилаву озорҳо дар оилаҳо,  ба қавли мардум аз ҳамин «фалонӣ фалон чӣ оварду ту наовардӣ, мо кардему шумо накардед»-ҳо   сар мешаванд, ки  рафта –рафта оилаҳои ҷавон вайрон мешаванд.

«Имрӯз зарурат пеш омадаст, ки аз урфу одатҳо, расму ойинҳои костаю шахшуда ва кӯҳнашудаи гузашта, аз ҷумла дар самти  оиладорӣ даст кашем, оилаи обутобёфтаи солим, намунавӣ, орӣ аз ҳама гуна хулқу атвори нописанд, ҳамқадами замони муосир барпо ва фарзандони солиму солеҳ  тарбия намоем. Чунки зиндагии инсон ҳосили як тасодуф нест, балки оинаест, ки инъикоси корҳои шахсро ба ӯ бармегардонад»,-изҳор менамояд Идигул Қосимзода.

Ба зикри Афшини Муқим, масъалаи дигар- ин танзими маросими марбут ба ҳоҷиён ва сафари ҳаҷ мебошад, ки дар моддаи 12-и қонуни мазкур қайд гардидааст. Ва дар қисми якуми ин модда гуфта мешавад, ки маъракаҳои гусел ва пешвози ҳоҷиён дар доираи оила бояд гузаронида шаванд. Тибқи тартиботи шариат ҳам бояд ки ҳоҷӣ будан як навъ василаи шуҳратҷӯю унвонҷӯӣ набошад. Ба ин хотир қонунгузор чунин меъёрро пешгӯӣ кардааст ва ташкили маъракаҳои ҳоҷиталбону ҳоҷизиёрат ва ҳоҷиошӣ қатъиян манъ аст.

Яке аз муҳимтарин дастовардҳое, ки дар соҳаи қонунгузорию дар ҷодаи ҳуқуқазхудкунии миллӣ мо ба даст овардем, ин бешак ду қонуни миллии мо маҳсуб мешаванд. Яке аз онҳо қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигаре Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ба шумор меравад.

Тибқи оморе, ки мақоми ваколатдор дар даст дорад, дар натиҷаи татбиқи босамари қонуни мазкур миллиардҳо сомонӣ ба буҷаи оилавии ҳар як шаҳрванди мамлакат сарфа шуда, ҳамаи ин боис гардидааст, ки мардуми мо ба зиндагии шоиста даст ёбанд.

Мутмаин ҳастем, ки ба назар гирифтан ва риояи бе чуну чарои бандҳои алоҳидаи қонуни мазкур метавонад боз ҳам дар роҳи расидан ба зиндагии арзанда ва таъмини некуаҳволии мардуми Тоҷикистон нақш гузорад.

Тавсияи мақоми ваколатдор ба шаҳрвандони мамлакат ин аст, ки дар риояи қонуни мазкур саҳмгузор бошанд ва масъулияти шаҳрвандии худро дар ин ҷода бештар эҳсос намоянд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

Август 16, 2019 11:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми ташкилоти кор бо ҷавонони аъзои ИДМ дар шаҳри Тошканд иштирок намуданд
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон бо ташкилоти байналмилалии соҳавӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Имрӯз дар Душанбе бо иштироки меҳмонон аз Узбекистон Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» ҷамъбаст гардид
Ҳайати намояндагӣ-занони роҳбари воҳидҳои сохтории Ҷумҳурии Узбекистон ба Тоҷикистон омад
МАРОТИБАИ АВВАЛ. Табибони тоҷик усули нави ҷарроҳӣ дар самти табобати сурхрӯда ва меъдаро амалӣ намуданд
Дар Тоҷикистон бар асари боронҳои сел талафоти ҷонӣ ва харобиҳо сабт нашудаанд
Дар шаҳри Кӯлоб омодагии мудофиаи ҳудудӣ ва захираҳои сафарбарӣ мавриди омӯзиш ва санҷиш қарор гирифт
ҲАҶ ФАРЗ АСТ Ё ХУДНАМОЙИИ ҲОҶИЁН? Агар зоирон нисфи хароҷоти исрофкоронаашонро барои бунёди пул, ҳаммом, кандани ҷӯй сарф менамуданд, аҷру савоби бештар мегирифтанд
Дар шаҳри Хуҷанд клиникаи муосири оилавии муосири 1+1 ифтитоҳ гардид
«ВАССОФИ ВАТАН». Фестивал-озмуни тарғибгари дастовардҳои миллӣ оғоз гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Андешаҳо оид ба моҳияти фалсафии он
Дар Тоҷикистон соҳаи аритмиология рушд меёбад