Профессор Аслиддин Низомӣ: Мо бояд асолати мероси мусиқии халқамонро эҳё намуда, ба беҳтарин намунаҳои мусиқии мардумӣ рӯ оварем

Сентябрь 15, 2019 10:29

ДУШАНБЕ, 15.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар дода будем, аз 24 то 30 август дар майдони Регистони шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Фестивали XII  байналмилалии мусиқии «Таронаҳои Шарқ» баргузор гардид. Дар ин Фестивал гурӯҳҳои ҳунарӣ аз Ӯзбекистон,  Тоҷикистон, Қазоқистон, Эстония, Ҳиндустон, Аргентина, ИМА, Мянма, Португалия, Эрон, Фиджи ва ғайра иштирок ва ҳунарнамоӣ карданд.

Аз Тоҷикистон дар ин фестивал ҳунармандони ансамбли  фолклории “Бадахшон”-и Муассисаи давлатии сафарию ҳунарии “Базморо” таҳти роҳбарии Соҳиба Давлатшоева  ҳунарнамоӣ намуданд. Ба ҳайати доварони байналмилалӣ, ки аз ҷониби Шӯрои байналмилалии мусиқии суннатӣ тавсия шуда буд, мусиқишиносон, оҳангсозон ва муҳаққиқони соҳаи санъат шомил шуда буданд. Бори аввал ба ҳайати доварони фестивал намояндаи Тоҷикистон, доктори илми санъатшиносӣ, профессор Аслиддин НИЗОМӢ    низ шомил гардид. Мо тасмим гирифтем, ки оид ба ҷараёни баргузории ин фестивали фарҳангӣ бо устод суҳбат ороем.

АМИТ «Ховар»: Устод, Шумо ба ҳайати доварони байналмилалии мусиқишиносону оҳангсозони Фестивали XII байналмилалии мусиқии «Таронаҳои Шарқ», ки дар майдони Регистони шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид, шомил будед ва бевосита аз ҷараёни фестивал дидан намудед. Лутфан бигӯед, ки ин иштирок бо даъвати кӣ сурат гирифт?

Аслиддин Низомӣ: Мояи ифтихор ва шукргузорӣ аст, ки бо шарофати замони истиқлолият имконият пайдо мекунем, то дар чунин барномаҳои фарҳангии сатҳи ҷаҳонӣ фаъолона ширкат варзем. Воқеан, фестивали мазкур дар ҳаёти фарҳангии минтақаи Осиё падидаи хеле пураҳамият гардид.

Барномаҳои зиёди ҳунарии фестивал нишон доданд, ки соҳаи мусиқии мардумӣ дар кишварҳои Шарқ дар ҳоли рушд аст. Аслан ман зиёда аз сӣ сол мешавад, ки дар кори симпозиумҳои ЮНЕСКО  бо маърӯзаҳо оид ба мусиқии мардумии мамолики Шарқ иштирок мекунам ва ҳамчунин коршиноси ҳамин соҳа мебошам.

Дар кори Фестивали XII байналмилалии мусиқии «Таронаҳои Шарқ», ки имсол низ чун анъана, дар майдони Регистони шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид, банда  бо тавсияи Котиби генералии Бюрои минтақавии Осиёии ЮНЕСКО доир ба масъалаҳои мусиқии суннатӣ Муун Хюнг Сук ба намояндагӣ аз шуъбаи санъатшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайати доварон ворид гардидам.

Кулли аъзои дигари ҳакамон низ аз давлатҳои мухталиф бо ҳамин гуна тавсия пешниҳод ва интихоб гардида буданд. Баъд аз ин кумитаи тадорукоти фестивал аъзои ҳакамонро тасдиқ намуд. Қаблан моро ҳамчун меҳмонони фахрӣ ба Ӯзбекистон даъват намуданд ва танҳо  25 август ҳайати ҳакамон эълон гардид.

АМИТ «Ховар»: Аъзои ҳакамон аз чанд нафар иборат буданд ва фестивал чаро маҳз дар Ӯзбекистон сурат мегирад?

Аслиддин Низомӣ: Аъзои ҳакамон дар умум аз  9 нафар иборат ва намояндагони Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Беларус, Эстония, Корея ва Чин буданд.

Дар мавриди ҷои баргузории фестивал бояд гуфт, ки ин анъанаи дерина мебошад. Фестивали мазкур бори 12 – ум аст, ки  ҳамеша дар шаҳри Самарқанд доир мегардад. Аниқтараш,  аз соли 1997 то ҳол   ҳар ду сол як маротиба сурат мегирад. Маҳз бо ташаббуси роҳбарияти олии ин давлат ва дастгирии ЮНЕСКО соли 1997 аввалин маротиба фестивал дар майдони Регистони Самарқанд баргузор гардида, қарор дода шуд, ки минбаъд он ҳамеша дар ин шаҳр баргузор шавад. Аз рӯзи аввали баргузории фестивал дар соли 1997 кулли коршиносон, меҳмонон ва иштирокчиёни фестивал ба хулосае омаданд, ки маҳз майдони зебо ва қадимии Регистон, ҳашамату назокати мадрасаҳои он гӯё бо оҳангҳои қадимии мусиқии Шарқ ҳамнаво ҳастанд.

АМИТ «Ховар»: Дар фестивали мазкур ҳунарнамоии санъаткорон чӣ гуна буд?

Аслиддин Низомӣ: Ҳунарнамоӣ аз рӯйи ду жанр – сарояндагӣ ва навозандагӣ сурат мегирифт. Яке аз мақсадҳои асосии фестивал – ин тарғиби ҳунари мусиқии асили кишварҳои ҷаҳон ба шумор меравад, зеро солҳои охир ҷои мусиқии асилро бештар оҳангҳои ба ном муосири электронӣ пахш мекунанд. Дар ёд дорем, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ҳифзи мероси мусиқии Тоҷикистон дар яке аз вохӯриҳояшон бо аҳли ҳунар – сарояндагони Шашмақому Фалак пешниҳод ва супоришҳои ҷиддӣ дода буданд. Воқеан, айнан ҳамин нуктаро Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев  аснои суханронии худ дар маросими ифтитоҳи фестивал махсусан таъкид намуд.

Фестивали фарҳангӣ чанд рӯз идома ёфт. Дар он аз чанд давлати дунё санъаткорон иштирок ва ҳунарнамоӣ намуданд ва инъикоси фестивал дар тамоми дунё ба намоиш гузошта шуд.

Тайи 6 рӯз дар майдони Регистон ҳунармандони 32 давлати дунё, асосан гурӯҳҳои ҳунарии ҳирфаӣ- донандагони мусиқии суннатии мардумони Осиё дар озмун ширкат намуданд. Аз ҷумла, аз Эрон, Эстония, Россия, Озарбойҷон, Перу, Португалия, Ҳиндустон, Афғонистон, Ӯзбекистон, Покистон, Чин, Корея, Қирғизистон, Қазоқистон, Перу, Урдун, Миср ва ғ. буданд. Меҳмонон – продюссерон, коршиносон, намояндагони ВАО  аз 75 давлати олам, дар умум 370 нафар ҳузур доштанд. Маросими кушодашавии фестивал тариқи моҳвора ба зиёда аз 130 давлати дунё намоиш дода шуд.

АМИТ «Ховар»: Ба андешаи Шумо дар барномаҳои ин фестивал нисбатан чӣ навигариҳо ворид шуда буданд?

Аслиддин Низомӣ: Фестивали мазкур солҳои пеш асосан бо иштироки бештари  ҳунармандони жанрҳои мақомхонӣ, муғом ва ғайра сурат мегирифт, аммо имсол бо пешниҳоди кумитаи тадорукот сарояндагони жанрҳои мазкур, умуман мусиқии хоси мардумони Осиёи Миёнаро ба фестивали дигар – фестивали «Мақом» ба шаҳри Шаҳрисабз кӯчониданд. Ба ивази ин кумитаи тадорукот майдони ҳунарӣ ва жанрҳоро дар Самарқанд хеле васеъ намуд, бинобар ин ҳунармандони аврупоӣ ва ҳамчунин дигар кишварҳои олам  низ тавонистанд дар он иштирок намоянд. Яъне минбаъд фестивали Самарқанд мусиқии гӯё тамоми оламро фарогир мешавад.

АМИТ «Ховар»: Дар фестивали «Таронаҳои Шарқ» аз Тоҷикистон кадом ҳунармандон ширкат доштанд?

Аслиддин Низомӣ: Аз Тоҷикистон гурӯҳи «Бадахшон», ки роҳбараш Соҳиба Давлатшоева мебошад, бо шумули 7 нафар ширкат намуда, соҳиби ҷойи 3-юм гардиданд.

Гурӯҳи «Бадахшон» бо иҷрои сурудҳои қадимии тоҷикӣ (асосан аз репертуари пешинаи Ансамбли машҳури тарона ва рақси “Помир”, масалан, “Гар намедонӣ, бидон”)  ҳунар намуда, аз ҷониби тамоштобинону шунавандагон ҳам хуб пазируфта шуданд. Аз ин хотир аъзои ҳакамон ба онҳо ҷойи 3-юмро сазовор донистанд. Махсусан овозхонии Соҳибназар Аловатов аз ҷониби ҳозирин ва ҳакамон хеле хуб пазируфта шуд. Бояд зикр намуд, ки фарқ миёни холҳои ғолибон ҳамагӣ 20-22 зина буд, яъне соҳиби “Шоҳҷоиза” 344 хол гирифт, ҷойи сеюм 320 холро соҳиб гардид.

Гран-при ё Шоҳҷоиза ба донишҷӯдухтари Консерваторияи миллии Ӯзбекистон Меҳрнигор Абдурашидова, навозандаи сози дутор  супурда шуд. Дарвоқеъ мояи ифтихор аст, ки ӯ дар озмун оҳангҳои махсус коркардшудаи  устоди дутор аз Тоҷикистон Сироҷиддин Ҷӯраевро пешниҳод намуд.

Ҷойҳои дигар ба намояндагони Озарбойҷон ва Қирғизистону Россия дода шуданд.

Тавре қаблан гуфта шуда буд, барои ғолибони ҷойҳои аввал 10 ҳазор доллар, ҷойи дуюм 7 ҳазор доллар ва ҷойи сеюм 3500 доллар мукофот муқаррар гардида буд ва дар интиҳои фестивал  маблағҳо ба соҳибонашон супорида шуданд.

АМИТ «Ховар»: Шумо дар ин фестивал шояд як намуд омезиши мусиқии Шарқу Ғарбро низ мушоҳида кардед?

Аслиддин Низомӣ: Не, зеро талаботи фестивал тибқи низомнома асосан иҷрои мусиқии асили мардумони Шарқро тақозо менамуд. Ин ҷо бояд ёдовар гардид, ки масалан, мусиқии испанӣ, португалӣ, венгерӣ аз қадим бо мусиқии суннатии мардумони Шарқи наздик ва Миёна робита дошт.

АМИТ «Ховар»: Шумо, ки солҳои сол дар соҳаи мусиқӣ фаъолият доред, нозукиҳои иҷро ва хислатҳои асили мусиқиро хуб эҳсос мекунед. Лутфан гӯед, ки дар ин фестивал намояндагони кадом кишварҳо бештар фаъол буданд?

Аслиддин Низомӣ: Аз ҷараёни суҳбатҳо ва муҳокимарониҳо маълум гардид, ки аз ҳама бештар ба тарғибу таълими мусиқии суннатии миллӣ дар  Озарбойҷон таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунанд.  Масалан, маълум аст, ки танҳо дар шаҳри Боку-пойтахти Озарбойҷон зиёда аз 50 адад  мактабҳои хусусии навозиши тор ва таълими муғом (мақом) амал мекунанд. Дар Озарбойҷон ду консерватория амал мекунанд, ки яке мусиқии аврупоӣ меомӯзонад, дигарӣ танҳо мутахассисони мусиқии миллиро тарбия мекунад.

АМИТ «Ховар»: Намояндагони кадом давлат ба гирифтани ҷоизаи таваҷҷуҳи ҳайати ҳакамон соҳиб шуданд?

Аслиддин Низомӣ: Дар ин фестивал ҳунармандони ҳамсоякишвари мо – Афғонистон, ки бо барномаи махсуси иборат аз суруди маъруфи “Мулло Мамадҷон” ва “Лайлӣ, лайлиҷон”  ҳунарнамоӣ карданд, аз ҷониби ҳакамон алоҳида тавсиф карда шуданд.

Бояд гӯям, ки дар Самарқанд, дар шаҳре, ки устод Рӯдакӣ ҳазор сол қабл руд менавохту “Ушшоқ” месароид, дар саҳни мадрасае, ки дар ҳуҷраҳои он Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ  ба таҳсили илми мусиқӣ ва арӯз машғул буд, хушбахтона, дар рӯзҳои фестивал оҳангҳои асили мусиқии аҷдодонамон танинандоз шуданд. Дар ин сафар ман дар шаҳри Самарқанд шоҳиди ҳол будам, ки мардум ба забони тоҷикӣ озод суҳбат мекарданд. Яке аз ҳунармандони Ӯзбекистон “Ушшоқи Самарқанд”-ро бо шеъри Зебунисо ба забони тоҷикӣ иҷро намуд.

Ба андешаи ман вақти он расидааст, ки ба мусиқии анъанавӣ-мардумӣ рӯ биёрем. Ва яке аз масъалаҳои асосии ин фестивал ҳам ҳамин масъала буд. Дарвоқеъ, мутаассифона, ҳоло  ҳунармандони мо ҳама ба мусиқии электронӣ рӯ оварда истодаанд, ки ин кор ғалат аст. Бояд мо ба мусиқие рӯ биёрем, ки гузаштагонамон бо созҳои миллии мардумӣ менавохтанд ва аз он созҳо ба хубӣ истифода мекарданд. Мо   дар нақша дорем, ки маҷмӯаи даҳҷилдаи “Сурудҳои халқии тоҷикӣ”-ро таҳия ва нашр намоем, зеро фолклоршиносони Академияи илмҳо аз солҳои 50-уми қарни гузашта то инҷониб зиёда аз 20 ҳазор намунаҳои асили мусиқии мардумиро ҷамъоварӣ намудаанд. Вақти он расидааст, ки мо онро дубора ба халқи азизу фарҳангдӯстамон пешкаш намоем.

 

Умед ЛОИҚЗОДА,
АМИТ «Ховар»

 

Сентябрь 15, 2019 10:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳунармандони Беларус дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни миллати тоҷик шинос шуданд
«БО ХУНИ ДИЛ». Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Беларус дар Тоҷикистон намоишгоҳи мустанади адабӣ доир шуд
РӮЗҲОИ СИНАМОИ БЕЛАРУС. Филми «Орзуи қаҳрамон» дар бораи яке аз қаҳрамонҳои миллии Беларус қисса намуд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд
Доир ба иҷрои «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030» ҷаласа баргузор шуд
Имрӯз Рӯзҳои синамои Беларус оғоз меёбанд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус оғоз мешаванд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Беларус доир мегарданд
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
Кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ роҳпаймоӣ ташкил намуданд
«Парчами Тоҷикистон дар қитъаи Антарктида». Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ китоби олими тоҷик ба нашр мерасад
Ғолибони Фестивал-озмуни «Вассофи-Ватан» қадрдонӣ гардиданд