Дар Душанбе ҷаласаи 32-юми Шӯрои Ассотсиатсияи байналмилалии Академияи илмҳо баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 19.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 32-юми Шӯрои Ассотсиатсияи байналмилалии Академияи илмҳо таҳти раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Ҷаласаро роҳбари Ассотсиатсияи байналмилалии Академияи илмҳо, Раиси президиуми Академияи миллии илмҳои Беларус, академик Владимир Гусаков ва президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ бахшиданд.
Зикр шуд, ки дар ҷаласаи бонуфузи байналмилалии илмӣ намояндагони Академияи илмҳои кишварҳои собиқ Иттиҳоди шӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, Россия, Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Украина ва кишварҳои дур- Муғулистон, Покистон, Ветнам, Чин, Полша ва муассисаҳои илмии ҷаҳонӣ иштирок доранд.
Дар ҷаласа миёни иштирокдорон оид ба масъалаҳои қабули Эъломия оид ба рушди Ассотсиатсия дар давраи то соли 2030, ба узвияти Ассотсиатсия қабул намудани Академияи илмҳои Муғулистон, қабули Академияи илмҳои минтақавии Ҷумҳурии Мардумии Чин ба сифати нозир, таҳия ва тасвиби шӯроҳои илмӣ, тасдиқи самтҳои асосии рушди ҳамкории Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ассотсиатсияи байналмилалии Академияи илмҳо ва дигар масоили марбут ба рушди илми ҷаҳонӣ музокирот доир гардид.
Яке аз масъалаҳое, ки таваҷҷуҳи махсус ба он дода шуд, ин омода кардани мутахассисони баландихтисос дар соҳаҳои илмҳои тадқиқотӣ-бунёдӣ мебошад. Аъзои Ассотсиатсия ба хулоса омаданд, ки дар самти илмҳои физика, химия, техника, генетика ва гуманитариву ҷамъиятшиносӣ бояд мутахассисони баландихтисоси илми ҷаҳонӣ омода карда шаванд. Зеро асри 21 асри рушди илму техника ба шумор меравад ва илм ҳам босуръат рушд карда истодааст. Бояд мутахассисон ҳам ҳамқадами илми муосир бошанд.
Мавриди зикр аст, ки ҷаласаи 31-уми Шӯрои Ассотсиатсияи байналмилалии Академияи илмҳо соли 2018 дар шаҳри Минск гузаронида шуда буд. Шӯро қарор қабул кард, ки ҷаласаи навбатии Шӯрои Ассотсиатсияи байналмилалии Академияи илмҳо соли 2020 дар кишвари Озарбойҷон доир карда шавад.
Тибқи нақша меҳмонон аз мавзеъҳои таърихиву фарҳангии Тоҷикистон, аз ҷумла Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Осорхонаи мардумшиносии Академияи илмҳо ва Қалъаи Ҳисор дидан менамоянд.
Мавриди зикр аст, ки Ассотсиатсияи байналмилалии Академияи илмҳо соли 1993 дар шаҳри Киев таъсис шуда, бори аввал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Баргузор гаштани чунин чорабинии сатҳи байналмилалии илмӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки имрӯз дар арсаи байналмилалӣ дастовардҳои олимони тоҷик аз ҷониби олимони ҷаҳон пазируфта шудааст ва Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон нуфузи баланди худро пайдо намудааст.












Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад






