ИМРӮЗ – РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ МОНИТОРИНГИ СИФАТИ ОБ. Сиёсати давлати Тоҷикистон дар соҳаи об ба ҳалли масъалаҳои мубрами иҷтимоиву иқтисодии минтақа нигаронида шудааст

Сентябрь 18, 2019 14:01

ДУШАНБЕ, 18.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. 18 сентябр дар ҷаҳон  Рӯзи байналмилалии мониторинги сифати об таҷлил карда мешавад. Таърихи пайдоиши ин рӯз ба соли 2003 рост меояд. Маҳз дар он сол Фонди оби тозаи Америка бо мақсади ҳифзи обанборҳо аз ифлосшавӣ ин  санаи экологиро эълон намудааст.

Назари кӯтоҳе ба таърихи ин  сана нишон медиҳад, ки он аввалҳо 18 октябр ҷашн гирифта мешуд ва аз соли 2007 инҷониб ба 18 сентябр гузаронида шуд. Мақсади асосии аз моҳи октябр ба сентябр гузаронидани ҷашн он буд, ки ба мамлакатҳое, ки дар онҳо моҳи октябр аллакай об ях мекунад, эҳтиром  гузошта шавад.

Асоси чорабиниҳои ин ид санҷиши фардии таҳқиқоти хурди мониторинги сифати об дар муҳити хона мебошад. Ба андешаи мутахассисони соҳа, тестҳои махсус метавонанд дараҷаи тозагӣ ва бехатарии обро барои саломатӣ,  ҳаёти инсон ва дигар олами набототу ҳайвонот нишон диҳанд. Аввалин коре, ки ҳангоми санҷиши мониторинги сифати об бояд амалӣ карда шавад, ин аҳамият додан ба ранг, бӯй, таъм ва ҷилонокии он мебошад.

Ба соли 2003 рост омадани таърихи пайдоиши ин  санаро  метавон рамзӣ унвон кард: маҳз бо пешниҳоди созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 54-уми Маҷмаи Умумии СММ (1 октябри 1999) дар саросари ҷаҳон соли 2003 — Соли оби тоза эълон карда шуд.

Дар асоси ин ташаббус аз 29 август то 1 сентябри соли 2003 дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба оби тоза баргузор гардид.

Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба  масъалаҳои глобюалии  вобаста ба об диққати махсус зоҳир менамояд. Дар ин самт давлати мо аз минбарҳои бонуфузи созмонҳои байналмилалӣ пешниҳодоти мушаххас ироа намуда, ҳоло аз ҷониби ҷаҳониён ҳамчун ташаббускори ин соҳаи ҳаётан муҳим шинохта шудааст.

Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси дигари Пешвои миллати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷонибдорӣ намуда, солҳои 2005-2015-ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» эълон намуд.

Азбаски дар тамоми кураи арз беш аз 240 дарёи сарҳадгузар мавҷуданду аз онҳо зиёда аз 170 кишвари мухталифи дунё истифода менамоянд, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки муҳимияти масъалаи мазкур 21 июни соли 2012 дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия дар чорабинии якҷояи ЮНЕСКО ва механизми «СММ — об» оид ба масоили самаранок истифода бурдани об суханронӣ   намуданд. Маҳз ҳамин ташббус ва пешниҳодоти Сарвари давлати тоҷиконро ба инобат гирифта, Маҷмаи Умумии СММ 20 декабри 2010 соли 2013-ро Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об эълон кард, ки он аз ҷониби 190 кишвари олам дастгирӣ ва пуштибонӣ ёфт. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тамоми кӯшишу ғайрати хешро баҳри ҳалли на танҳо мушкилоти мамлакат, балки масоили минтақавию ҷаҳонӣ сафарбар намуда, ҳамеша тадбирҳои судманд меандешанд.

Иқдоми чаҳоруми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 21 декабри соли 2016 зимни ҷаласаи пленарии Маҷмааи Умумии СММ бо ҳаммуаллифи 177 кишвари аъзои ин созмон таҳти унвони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» қабул гардид, далели  бебаҳси ин гуфтаҳост.

Тибқи таҳлилҳои Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, сатҳу сифати  таъмини аҳолии мамлакат бо оби тозаи ошомиданӣ сол то сол боло меравад. Соли 2012 агар 42,6 фоизи аҳолӣ ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ доштанд, ин  рақам  соли 2013 ба 48,6% ва соли 2016   ба 57,6 фоиз расонида шудааст.

Ин дар ҳолест, ки яке аз масъалаҳои мубрами рӯз, ки  ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш овардааст — ин дастрасӣ надоштан ба оби тозаи ошомиданӣ мебошад.

14 марти соли 2018 дар сомонаи расмии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Ду миллиард одамон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоранд» мавод нашр шуд, ки дар он, аз ҷумла гуфта мешуд: «Соли 2030 700 миллион одамон аз норасоии оби ошомиданӣ гуреза мешаванд. Ин омил, пеш аз ҳама, ба он даъват мекунад, ки ин захираи табиӣ сарфакорона истифода бурда шавад».

Тибқи иттилои сарчашмаҳо, дар марҳилаи имрӯза қариб тамоми минтақаҳои дунё, ҳатто давлатҳои пешрафтаи  Аврупо аз норасоии оби ошомиданӣ танқисӣ мекашанд. Вале вазъият дар қораи Африқо, бахусус дар қисмати ҷануби Сахара нигаронкунанда мебошад. Мутахассисони соҳа ба он назаранд, ки тағйирёбии иқлим, хушксолӣ,  афзоиши босуръати аҳолӣ ва коҳиши захираҳои обӣ Сахараро яке аз минтақаҳои осебпазиртарини дунё намудааст. Дар ин минтақа тақрибан 340 млн. нафар ба оби ошомидании босифат дастрасӣ надоранд.

Ғайр аз ин, ба иттилои расмии СММ, имрӯз зиёда аз 663 миллион нафар одамон дар назди ҷойи истиқомати худ ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоранд. Барои он ки ба об дастрасӣ пайдо кунанд, онҳо маҷбуранд вақти зиёд сарф намуда, ба навбат истанд ва ё масофаи дуру дарозро пиёда тай намоянд.

Мусаллам аст, ки зиёда аз 60%-и захираҳои обии Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон мавҷуд мебошанд. Аз ин хотир, ҷониби Тоҷикистон ҳамеша ба давлатҳои минтақа дар ин ҷода изҳори ҳамкорӣ менамояд.

«Сиёсати давлати Тоҷикистон дар соҳаи об, дар айни замон, ба ҳалли масъалаҳои мубрами иҷтимоиву иқтисодии минтақаи Осиёи Марказӣ низ нигаронида шудааст.

Мо омодаем, ки захираҳои бузурги оби нӯшокиамонро ба манфиати минтақа мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳем.

Такроран таъкид месозам, ки истифодаи оқилонаи танҳо захираҳои нодири кӯли баландкӯҳи Сарез, ки 17 миллиард метри мукаабро дар бар мегирад, имкони таъмини дарозмуддату устувори аҳолии минтақаи моро бо оби босифати нӯшокӣ медиҳад», — иброз доштанд Пешвои миллат зимни ирсоли Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии мамлакат дар соли 2018.

Бояд гуфт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатии беҳтар намудани таъмини аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби нӯшокӣ барои солҳои 2008-2020» мавриди амал қарор дорад, ки мақсади асосии он таъмин намудани аҳолии мамлакат бо оби нӯшокӣ мебошад. Ҷиҳати татбиқи барномаи мазкур лоиҳаҳои зиёде бо маблағгузории Ҳукумати мамлакат ва шарикони рушд амалӣ карда мешаванд. Бо назардошти он, ки муҳлати анҷоми барномаи мазкур пеш омада истодааст, аллакай корҳо ҷиҳати таҳлили пурраи раванди иҷрои он оғоз гардида, масъулини Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳияи чунин барномаи нав то соли 2030 иқдом гирифтаанд.

Охири моҳи июни соли равон муовини Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифа Худобахш зимни як ҳамоиши илмӣ дар шаҳри Душанбе изҳор дошт, ки бо мақсади  бо оби тозаи ошомидании мутобиқ ба сифати меъёрҳои давлатӣ ҷавобгӯ таъмин намудани аҳолии мамлакат ва беҳтаргардонии солимии мардум «Барномаи беҳтар намудани таъминоти аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби тозаи нӯшокӣ барои солҳои 2008-2020» қабул гардид ва амалӣ намудани он яке аз ҳадафҳои асосии давлат ба ҳисоб меравад.

Ба гуфтаи мавсуф, имрӯз дар соҳаи оби ҷумҳурӣ зиёда аз 28 лоиҳа бо маблағи умумии 352 миллион доллари амрикоӣ татбиқ гардида истодаанд.

«Бо мақсади ҷорӣ намудани механизми пешқадами институтсиалӣ, ҳуқуқӣ оид ба идоракунии захираҳои об ба таҷдидсозии инфрасохтори хоҷагии оби мамлакат  соли 2015 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025»-ро қабул намуд. Барои татбиқи ин чорабинӣ 1,8 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст. Қисми зиёди ин маблағҳо барои татбиқи чорабинии вобаста ба барқарорсозии инфрасохтори об пешбинӣ шудааст»,- гуфта буд Ш.Худобахш. Мавриди зикри хос аст, ки моҳи июли соли 2019 Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов» — ро ҷонибдорӣ намуд.

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иқтисодӣ, иҷтимоии таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов, кафолатҳои давлатии таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов, инчунин сифат ва бехатарии онҳоро муқаррар мекунад.

Тибқи меъёрҳои қонуни зикршуда, обе, ки аз ҷиҳати сифат ва бехатарӣ дар ҳолати табиӣ ё баъди коркард (тозагардонӣ, безараргардонӣ, илова намудани моддаҳои кимиёвӣ) ба талаботи меъёрии муқарраршуда ҷавобгӯ буда, барои нӯшидан, тайёр намудани хӯрок, эҳтиёҷоти дигари хоҷагидорию маишии аҳолӣ ва истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ истифода мешавад, оби нӯшокӣ эътироф карда шудааст.

Тавре дар боло зикр шуд, таҷлили Рӯзи байналмилалии мониторинги сифати об дар ҳолест, ки дар ҷаҳон таъмини оби тозаи ошомиданӣ ба мушкилӣ табдил ёфтааст.

Мамлакати биҳиштосои мо дар баробари дорои пиряхҳои азим, кӯлҳои нодир ва обанборҳои зиёд буданаш макони дарёҳои зиёди обҳои мусаффо ва ошомиданӣ мебошад, ки ба гуфтаи мутахассисон, оби ҳамаи дарёҳои Тоҷикистон аз рӯи тамоми стандартҳои ҷаҳонӣ ошомиданӣ эътироф гардидааст.

Қобили зикр аст, ки дарёҳо дар рӯи замин сарчашмаи асосии ташаккули ҳаёти инсоният буда, барои сабзиши табиат ва инкишофи гуногунии биологӣ нақши муҳим доранд. Аз рӯи сарчашмаи пайдоиш ва ё ғизогирӣ онҳо ба дарёҳои аз ҳисоби боришоти атмосферӣ ғизогиранда, дарёҳои аз ҳисоби барфу захираҳои барфӣ ғизогиранда, дарёҳои аз ҳисоби пиряхҳо ғизогиранда, дарёҳои аз ҳисоби обҳои зеризаминӣ ғизогиранда ва дарёҳои аз ҳисоби барфу пирях ғизогиранда ҷудо мешаванд.

Ба гуфтаи директори Муассисаи давлатии Маркази илмӣ-тадқиқотии ҳифзи захираҳои оби назди Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назриаллоҳ Сарабеков, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз аз рӯи маълумот 25 ҳазору 200 дарё ба ҳисоб гирифта шудааст. Аз ин шумора дарёҳое, ки зиёда аз 10 км дарозӣ доранд,  947 адад мебошанд. Вобаста ба он, ки баъзе сойҳои аз ҳисоби чашмаҳо ғизогиранда ва мавсимиро, ки маҷрои доимӣ надоранд, ҳисоб намекунанд, ба шумораи умумии дарёҳо аз 25 ҳазору 200 то 28 ҳазору 500 тағйирот ворид шудааст.

«Дарозии умумии дарёҳои калони Тоҷикистон ба 28 ҳазору 500 км баробар мебошад. Яке аз хусусиятҳои хоси дарёҳои Тоҷикистон ин аст, ки оби ҳамаи онҳо аз рӯи тамоми стандартҳои ҷаҳонӣ ҳамчун оби ошомиданӣ эътироф гардидааст»,- гуфт Назриаллоҳ Сарабеков ва илова намуд, ки яке аз инҳо дарёи Сиёма мебошад».

Зимнан, оби Сиёма аз қаторкӯҳҳои Ҳисор сарчашма гирифта, оби зулолу мусаффост ва таъми лазиз дорад. Об  дар тамоми  фасли сол тоза буда, дигаргун  намешавад. Дохил шудани ягон моеъ ба таркиби он ғайриимкон аст. Оби Сиёма оби пирях  ва барф  аст, бинобарин   ҳамеша сард мебошад. Оби дарёи Сиёма то дараҷае софу зулол аст, ки ҳатто пурра  қисми дохилии дарёро  дидан мумкин аст.

Дарёи Сиёма дар масофаи 50 км дуртар аз Душанбе,  дар дараи хушманзараи Варзоб воқеъ буда, тибқи ташхисҳои бисёркарата оби он яке аз беҳтарин  обҳои ҷаҳон ҳисобида мешавад.

Мувофиқи тадқиқоти олимони соҳа, оби Сиёма ба организми зинда таъсири мусбат расонида, барои тавоноии тан, бахусус кори мушакҳо, рӯда, ҳазмкунии таом ва  тозакунии организм басо муфид мебошад. Оби Сиёма  аз обҳои дигари рӯи замин тафовут дошта, дар Озмуни байналмилалии обҳои ошомиданӣ, ки соли 2001 дар Амрико  доир гардида  буд, ба даҳгонаи обҳои беҳтарини ҷаҳон шомил карда шуд.

27 августи соли равон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи истеҳсоли обҳои ташнагишикан ва маҳсулоти машруботии «Сиёма»-ро дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ намуданд.

Корхонаи мазкур дар доираи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат аз ҷониби ҶДММ «Авесто Гурӯҳ» бунёд ёфта, имконият дорад, ки дар як сол ба ҳисоби як басти корӣ 33 миллион литр об истеҳсолу ба харидорон пешниҳод намояд.

Тавре ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, дар корхона диққати аввалиндараҷа ба сифати маҳсулоти истеҳсолгардида зоҳир гардида, хати истеҳсолӣ бо филтри тозакунии чорзинагӣ таъмин мебошад. Аз ҷумла, барои таъмини сифати хуб ва мутобиқсозии он ба талаботи ҷории байналмилалӣ  об аз филтрҳои кварсӣ, карбонӣ, керамикӣ ва ионикунӣ гузаронида мешавад. Дар ин баробар ҷиҳати таъмини бехатарии маҳсулот ва ҳифзи саломатии истеъмолкунанда низоми азоникунанда низ дар корхонаи тозабунёд истифода бурда мешавад, ки тадбирҳо сифати ҳамаҷонибаи маҳсулотро таъмин хоҳанд кард.

Ёдовар мешавем, ки тибқи Қатъномаи СММ, ки моҳи июли соли 2010 қабул гардидааст, ҳар як инсон барои эҳтиёҷоти шахсӣ ва маишии худ ҳуқуқ дорад дар як шабонарӯз аз 50 то 100 литр об дастрас намояд.

 Шукӯҳи ДАЛЕР,
АМИТ «Ховар»

 

Сентябрь 18, 2019 14:01

Хабарҳои дигари ин бахш

«БАЧА АЗИЗ, ОДОБАШ АЗ ОН АЗИЗТАР…». Ба таълиму тарбияи фарзандон набояд бетарафӣ зоҳир намуд
Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ва Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ масоили ҳамкории илмию таҳлилиро баррасӣ намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Беморхонаи марказии ноҳияи Темурмалик пурра навсозӣ гардид
ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ. Аз 1 апрел кормандони мақомоти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилотҳои давлатӣ ба омӯзиши ҳатмии забонҳои хориҷӣ фаро гирифта мешаванд
Дар ноҳияи Айнӣ сеюмин ҳамоиши гирандагони стипендияи президентӣ баргузор шуд
НАВРӮЗИ ХУҶАСТАПАЙ МУЖДАИ НЕКИ БАҲОРИ ХУРРАМ. Дар Суғд Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳи хоса таҷлил шуд
Тоҷикистон терроризму ифротгароиро қотеона маҳкум менамояд
24 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО БЕМОРИИ СИЛ. Ҳадаф аз он огоҳӣ, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ин беморӣ мебошад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Соли 2023 дар ҷумҳурӣ беш аз 1 миллион бех ниҳоли дарахтони гуногун шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли гулкарам масунияти инсонро боло мебардорад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли ғизои солим беҳтарин роҳи ҳифзи солимии шахс мебошад
Кормандони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ҷашни Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд