Китоби боақлона зуҳуротест, ки бар он вақт ҳоким нест. Дар партави Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…»

Сентябрь 2, 2019 11:32

ДУШАНБЕ, 02.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо дар саросари давлати фарҳангпарастамон Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…», ки бо ҳидоятҳои Пешвои миллатамон роҳандозӣ шудааст, бо муҳаббати хоссаю дастҷамъона идома дорад. Ин озмун бори дигар муҳаббат ба фарҳангу китобро дар дили мардум бедор карда, гувоҳи он гардид, ки дар сиришти халқи фарҳангдӯстамон  нури маърифат ва оташи он  ҳаргиз хомӯш нагардидааст. Зеро китоб беҳин дастоварди таърихӣ ва рисолати миллии халқи моро дар худ таҷассум мекунад.

Дар мақолаҳои пешин мо аз хусуси мавқеи китоб дар ҷомеа, манзалати китоб, китоб чист ва чаро мавқеи худро дар ҷомеаи имрӯза аз даст медиҳад, китоб ва интернет, бартариҳои китоб ва масоили дигари марбут ба китоб суҳбат карда будем. Мо ваъда дода будем, ки дар партави ин озмуни фарогир суҳбатамон дар мавзӯи китоб идома хоҳад дошт.

Ба андешаи мо, суҳбати дигаре дар мавзӯи аҳамият ва мавқеи таърихии китоб дар ҷомеа, нақши боризи он дар тарбияи фарзандон ва ташаккули инсони соҳибфарҳанг ба маврид ва баманфиат хоҳад буд.

Ҳанӯз аз замони беғубори кӯдакӣ китоб дӯсти беғараз ва маслиҳатгари ҳамешагии мост. Китоб як ҷаҳонест, ки дар он фурӯ рафта, мо қонунҳои ҳастӣ, некӣ ва чӣ гуна бунёд кардани фардоро меомӯзем. Ба худ тасаввур кунед, чӣ қадар ҳаёти мо бе китоб тиҳӣ ва беранг мебуд. Инро ҳатто наметавон тасаввур кард. Китоб ҳамқадами мо аз рӯзҳои нахустини ҳаёт аст.  Ҳатто тифлаке, ки дар назар ҳанӯз чизеро намефаҳмад, ба садои хушоҳанги ҳиҷоҳои шеър ё афсонаи аҷоиб гӯш дода, мекӯшад аз ин садоҳои хушоҳанг бардошти худро кунад. Бидуни шубҳа, китобҳои аввалине, ки пешорӯи нигоҳи кӯдак меоянд,  аҳамияти бузурги тарбиявиро молик ҳастанд.

Китобҳое, ки солҳои нахустини ҳаёт моро иҳота мекунанд, барои тарбияи малака ва ташаккули шахсиятамон хизмат мерасонанд. Рисолати муҳими китоб дар он зоҳир мегардад, ки  тасаввуроти моро дар бораи  дунё васеъ гардонида, моро бо олами  табиати атрофамон ошно месозанд,  ба мо зиндагӣ меомӯзонанд. Китоб ёвари хуби кӯдакон дар омӯзиши гуфтор буда, барои эҳсоси мусиқии сухан ва ифоданокии забони модарӣ кумак мерасонад.

Асрҳост, ки китоб инсонро парвариш медиҳад. Аввалан, китоб ба мо дониш дода, тасаввуротамонро дар бораи ҳаёт мукаммал мегардонад, барои муайян кардани мавқеи мо нисбат ба ин ё он масъала, дарки бисёр масъалаҳо мусоидат мекунад.

Дар баробари китобро ба даст гирифтан, аз саҳифаҳои нахустини он мо ба олами дигар ворид мешавем, сафаре мекунем шавқовар ба Африқои гарм ё Шарқи куҳан, нигоҳе меафканем ба водии ҳайратовари афсонаҳо, ба олами тахайюлии роман ғарқ мегардем, бо ҳаёти одамони наҷиб ошно мешавем.

Китоб ҳофизаи халқ аст. Дар тӯли асрҳои зиёди мавҷудияти худ одамизод маҳз тавассути китоб хазинаи бузурги донишро гирд овардааст. Дар очерку романҳо, асарҳои илмӣ, луғату китобҳои таълимотӣ, феҳристу рӯзномаву ёддоштҳо теъдоди бузурги маълумот ҷамъ оварда шудаанд. Мо аз дастовардҳои одамони замони худ ва ҳазорсолаҳои зиёди гузашта огоҳӣ меёбем. Асрҳо дигар шуданд, наслҳо дигар шуданд, аммо китоб дар ин ҳама туғёни фишори андешаҳои инсонӣ раҳнамои дониш боқӣ монд.

Чӣ хуш аст  ба даст гирифтани китоб! Дар шабе зулмонӣ ё шабе бӯронӣ, вақте дар паси тиреза бодҳои сахт туғён мекунанд ё ҳавое муқаррарист, бо ҳузур нишастану фурӯ рафтан ба хониши китоб. Сеҳри китоб аст, ки изтиробу ташвишҳо ҳама бар канор мераванд. Ту мемониву китоб. “Китоб соҳира аст. Китоб оламро дигар кардааст.  Олами бе китоб олами ваҳшиён аст” гуфтааст равшанфикре.  Хушбахт ҳамон инсонҳое мебошанд, ки хонданро дӯст медоранд. Барои онҳо дари олами  ҳайратангез —  олами фарҳанг, дониш, завқ ва ҳавасҳо ҳамеша боз аст.

Китоби боақлона зуҳуротест, ки бар он вақт ҳоким нест. Мо китобҳои қиматбаҳоро гаштаву баргашта мехонем. Онҳо соҳиби забони солим, андешаҳои оқилона, афкори бамантиқ, хулосаҳои ғайриинтизор,  ҳодисоти афсонавӣ мебошанд. Китоб моро метавонад то ба анҷом дар сари изтироб нигаҳ дорад. Чунин неру дорад китоб.

“Ба қадри китобҳо расед. Онҳо ба мо даркоранд, онҳо ҳаргиз ба мо хиёнат намекунанд.

Хусусан кӯдакони мо бояд аз хурдсолӣ ин андешаро бифаҳманду аз он пайгирӣ намоянд. Шарафи ҳар як хонандаи мактаб маҳфуз доштани китобҳои хеш аст. Китоби дарсӣ ҳаргиз он маводе нест, ки онро пас аз истифода берун афкананд. Давоми сол ба китоб ҳар вақт назар меафканӣ, аз он ҳамеша истифода мебарӣ. Мактаббачагоне, ки баъди шумо меоянд, низ аз ин китобҳо истифода мебаранд. Барои онҳо низ ин китобҳо дӯсту ёвару ҳамсафар хоҳанд шуд. Китобро бо ҳама ҳастӣ дӯст доред! Китоб на фақат беҳтарин дӯсти шумо, балки то ба охир ҳамсафари бовафои шумост”, гуфтааст нависандаи бузург Михаил Шолохов.

Дар идомаи суҳбатамон таҳти сарлавҳаи “Китоб чист ва китобхон кист?” фишурдаи андешаҳои аз ҷониби бузургони ҷаҳон гуфташударо оид ба китоб  пешкаши хонандагон мегардонем ва аминем, ки онҳо хусусан ба ҷавонону наврасон ангезишҳои нек ва омӯзанда хоҳанд дод.

Китоб чист ва китобхон кист?

Китоб, пеш аз ҳама, неруи бузург аст.

Шояд китоб бузургтарин ва мураккабтарин мӯъҷиза аз ҳама мӯъҷизаҳо барои инсон ба сӯи хушбахтиву тавоноист.

Ин бузургтарин эъҷоз, ки худи  инсон эҷод кардааст, дар худ тамоми донишро аз хусуси ҳаёт ва ҷаҳон, тамоми таърихи рӯиши ақли инсонӣ, тамоми заҳмати таърихӣ ва таҷрибаи халқҳои рӯи заминро таҷассум бахшидааст. Китоб тавонотарин силоҳи тараққиёти минбаъдаи неруҳои ақлонии инсоният мебошад.

Аз тамоми зуҳуроти  эҷодии инсоният ҳайратовартарин ва сазовортарин китоб аст. Маҳз дар китоб андешаҳои замонҳои гузашта зинда буда, садои одамоне шунида мешавад, ки хокистарашон чун хобҳо  кайҳо парешон гардидааст.  Ҳарчи инсоният ба вуҷуд овардаву андешидааст, ҳарчи ба даст овардааст, ин ҳама чун эъҷоз дар саҳафоти китоб маҳфуз мондаанд.

Китоби хуб ҳамеша боровар аст ва аз он китобҳои дигар зода мешаванд. Шӯҳрату қимати он аз аср ба аср афзунтар мешавад ва мутолиаи он ҳаёти хонандагонашро рангинтар месозад.

Дониш зарра-зарра аз китобҳои хондашуда андӯхта мешавад

Китоб зинаи аввали тамоми илмҳост.

Ду неру бештар муваффақона барои такомули инсони соҳибмаърифат мусоидат мекунанд: фарҳанг ва илм ва ин ҳарду дар китоб ба ҳам омада.

Дар манзари умумии тамаддуни олам мавқеи ҳар халқро теъдоди китобҳои хондаашон муайян мекунад.

Китоб асбоби начандон бузургест, ки қобилияти моро ба ҳаракат медарорад ва ба  амал мепайвандад, қобилияти андешиданро. Он муҳаррики  андешаҳоест, ки алайҳи коҳилии ақл мубориза мебарад.

Китоб рӯҳро мунаввар месозад, инсонро қавӣ мегардонад, беҳтарин лаёқатҳоро дар ӯ бедор месозад, ақлашро тез ва дилашро нарм мегардонад.

Чӣ метавонад қиматтар аз ҳамарӯза тавассути китоб ба доираи муоширати хирадмандтарин инсонҳои рӯи замин ворид шудан бошад?

Воситае беҳтар барои тоза кардани ақл аз мутолиаи осори классикони қадим нест. Кофист китоби яке аз онҳоро ақаллан барои ним соат ба даст гирифтаву мутолиа кунӣ. Ҳамон замон худро тозашудаву сабук ва рӯҳбаланду қавӣ дармеёбӣ, мисли ин ки дар обе мусаффо ва чашмае шифобахш ғӯтта задаӣ.

Он касе ки бо эҷодиёти гузаштагон ошно набуд, ноогоҳ аз зебоиҳо зиндагӣ кард.

Китобҳо фарзандони ақланд.

Китобҳо асбоби корандаи хираданд.

Китобҳо умедро тавлид мекунанд, онро ба зиндагӣ даъват мекунанд, вомедоранд, ки биандешанд, муҳокимарониҳои мустақилро тарбият мекунанд.

Мо акнун бе китоб на зиндагӣ метавонем кунем, на мубориза, на ғам хӯрда ва на шодӣ карда, на ғалаба ба даст оварда, на бо умед ба сӯи ояндаи дурахшон, ки ба он бовар дорем, раҳсипор бошем.

 Камол НАСРУЛЛО,

Шоири халқии Тоҷикистон,

ходими адабии АМИТ «Ховар»

 

Сентябрь 2, 2019 11:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши корҳои эҷодии магистрантон ифтитоҳ шуд
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар Ҷопон бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон баргузор мегарданд
НИГОҲЕ БА САНЪАТИ МУСИҚӢ. Ҳамоиши илмию адабӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон
То ҷашни Наврӯз муассисаҳои фарҳангии таъмирталаби шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд навсозӣ мешаванд
Дар Душанбе оид ба назария ва амалияи санъат ва дизайн конференсия доир шуд
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Волидон ва омӯзгорони ғолибони озмун бо нишони «Аълочии маориф ва илм» ва «Маърифатпарвар» сарфароз гардонида шуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфи соҳиби ҷойи сеюм ва медали биринҷӣ гардид
Соли 2025 Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Чин баргузор мегарданд
Ҳунармандони Беларус дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни миллати тоҷик шинос шуданд
«БО ХУНИ ДИЛ». Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Беларус дар Тоҷикистон намоишгоҳи мустанади адабӣ доир шуд
РӮЗҲОИ СИНАМОИ БЕЛАРУС. Филми «Орзуи қаҳрамон» дар бораи яке аз қаҳрамонҳои миллии Беларус қисса намуд