Профессор Сахидод Раҳматуллозода: «Санадҳои меъёриву ҳуқуқии марбут ба забон ба рушди бемайлони забони тоҷикӣ мусоидат мекунанд»

Сентябрь 30, 2019 10:29

ДУШАНБЕ, 30.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имсол ба тасвиби «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 10 сол пур мешавад. Қонуни мазкур барои рушду такомули забони тоҷикӣ шароити созгор фароҳам овард. Дар ин давра комёбиҳои назаррас дар ғановати истилоҳот, вожасозиҳои меъёрии забони тоҷикӣ, номгузориҳои шаҳрвандон ва ҷуғрофӣ, арҷгузориҳо ба ин рукни ҳастии миллат ба даст оварда шуданд, ки онҳо ба худшиносиву худогоҳии миллати сарбаланди мо мусоидат менамоянд. Хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ дар арафаи Рӯзи забони давлатӣ бо узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор Сахидод РАҲМАТУЛЛОЗОДА дар бораи ҳифзу рушди забони тоҷикӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба илми забоншиносӣ суҳбат намуд.

АМИТ «Ховар»: Забони тоҷикӣ асоси ҳувияту худшиносии миллӣ ба ҳисоб меравад. Забон дар тӯли таърихи мардуми ориёнажод, махсусан тоҷикон чӣ хизматҳо кардааст, яъне ҳофизаи таърихию фарҳангии миллати тоҷик тавассути он чӣ тавр нигоҳ дошта шудааст?

Профессор С. Раҳматуллозода: Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар «Паёми табрикотӣ ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ» 5 октябри соли 2018 иброз намуда буданд, ки «забони миллӣ мисли шаҳсутун бинои маънавии давлатро побарҷо нигоҳ дошта, маърифату фарҳанг, ахлоқу одоб, бинишу афкори миллатро чун ойина дар худ инъикос мекунад. Ин аст, ки забони тоҷикӣ асоси ҳувияту худшиносии миллии мо ба шумор рафта, барои ҳар фарди тоҷик азизу муътабар мебошад. Зеро танҳо ба василаи забони миллӣ метавон ҳофизаи таърихиву фарҳангиро пос дошта, пайванди хешро бо адабиёту фарҳанг ва илму дониши дар тӯли ҳазорсолаҳо офаридаи халқамон эҳсос намуд».

Ин суханон, бешубҳа, ба забони тоҷикӣ дахл доранд, зеро ҳофизаи таърихию фарҳангии миллати тоҷик тавассути забонаш побарҷо буда, бо он шоҳасарҳои бунёдӣ офарида шудаанд ва онҳо худшиносии миллатамонро дар тӯли таърих нигоҳ доштаанд. Забон дар тӯли таърихи мардуми ориёнажод, махсусан тоҷикон, чун омили ваҳдатовар ва воситаи худшиносии миллиамон хизматҳои доимӣ кардааст.

Мо хуб медонем, ки яке аз аввалин шоҳасарҳои давраи қадимии миллати тоҷик “Авасто” аст, ки назираш дар илму фарҳанги ҷаҳонӣ дида намешавад. Ин китоби муқаддаси дини Зардуштии миллати тоҷик аст, ки умри беш аз шашҳазорсола дорад. Миллати тоҷик дар замоне соҳиби китоб буд, ки садҳо миллати имрӯзаи дунё аз хату савод хабар надоштанд. Муҳимтар аз ҳама, ин аст, ки забони авастоӣ, ки дар ҳамин марзу буми таърихии мо ба вуҷуд омадааст, дар чандин қарнҳо барои худшиносии миллати мо ва ваҳдату ягонагии он хизмат кардааст. Мардум онро азёд медонист ва дар тарбияи насли ояндааш аз ҳикматҳои он самаранок истифода мекард. Яъне, забон барои худшиносии миллӣ аз замонҳои қадим барои миллати мо хизмат кардааст.

Ҳамчунин як ҳазору чаҳорсад сол пеш аз ин омадани арабҳо ба марзу буми мо дини моро дигар кард ва тамоми корҳои илмӣ, девондорию дафтардориамон дар тӯли ду қарн бо забони арабӣ сурат мегирифт. Падидаи забонӣ барои тағйир додани вазъ дар он солҳо воситаи асосии ба ҳам гирд омадани миллати тоҷик шуд ва боиси ба вуҷуд омадани ҳаракати “Шуубия” гардид, ки ҷиҳати эҳёи анъанаву суннатҳои мардумӣ, махсусан, аз нав зинда кардани забон заминаи мусоид фароҳам овард. Маҳз омили забон шоирону нависандагон, олимону фарзонагонро муттаҳид карда, забони тоҷикиро дар маснади воқеии худ шинонд.

АМИТ «Ховар»: Забони тоҷикӣ чун забони илму фан ва адабиёту фарҳангнигорӣ аз асри ёздаҳ то ҳабдаҳ забони расмии минтақаҳои муайян буд. Вале, мутаассифона, парокандагиҳои давлатдории асримиёнагӣ сабаб гардид, ки ҷойи забони тоҷикиро дигар забонҳо гиранд. Ҳамин гуна вазъи ногувор ба сари забони мо қабл аз ноил гардидан ба истиқлолияти давлатӣ низ омада буд, ки хушбахтона, бо ба маснади давлатӣ нишонидани он забони тоҷикӣ наҷот дода шуд. Имрӯз забони мо дар кадом поя қарор дорад ва мо ба забон бояд чӣ гуна ғамхорӣ кунем, барои рушди минбаъдаи он чӣ корҳоро ба сомон расонем?

Профессор С. Раҳматуллозода: Забони тоҷикӣ дар тӯли мавҷудияташ чун забони илму фан ва адабиёту фарҳангнигорӣ хизмат карда, аз асри ёздаҳ то ҳабдаҳ дар марзу буми Ҳинду Покистону Афғонистон, Эрону Арабистон ва Қафқозу шарқи Чину Осиёи Марказӣ забони расмӣ буд.

Мутаассифона, парокандагиҳои давлатдории асримиёнагӣ ба он оварда расонд, ки забони тоҷикӣ аз аксарияти ин минтақаҳо барои ҳамешагӣ рахти сафар баст ва ҷойи забони тоҷикиро дигар забонҳо гирифтанд. Ин раванд имрӯз ҳам давом дорад ва ягона давлате, ки пуштибони воқеии забони тоҷикӣ аст, ин Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Сарвари муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Ҷаноби олӣ қотеона мегӯянд, ки “мо ба забон пайваста мисли ҷисми зинда бояд ғамхорӣ кунем, барои рушди минбаъдаи он ва поку беолоиш нигоҳ доштани ин забони ширину шоирона мунтазам саъю талош намоем. Дар акси ҳол, забони миллӣ зери таъсири омилҳои гуногуни манфӣ метавонад мавриди ҳуҷуми унсурҳои бегона қарор гирифта, меъёрҳои адабии он халалдор гарданд ва забон ҷойгоҳи аслии худро дар ҷомеа аз даст диҳад. Ҳамин гуна вазъи ногувор ба сари забони мо қабл аз ноил гардидан ба истиқлолияти давлатӣ омада буд. Роҳи ягонаи наҷоти забони тоҷикӣ ба маснади давлатӣ нишонидани он буд” («Паёми табрикотӣ ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ», 05.10.2018), ки ин ҳодисаи таърихӣ ба вуқӯъ пайваст.

Воситаи ваҳдатоварии забони тоҷикӣ ва дар ин замина пурқувват шудани худшиносии миллии моро дар давраи нобасомониҳо мушоҳида карда, Сарвари муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон забонро чун воситаи баҳамоварандаи ҳамаи намояндагони миллати тоҷик, новобаста аз фикру ақидаҳои сиёсӣ медонанд. “Ба ин хотир, забони тоҷикӣ дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун забони расмии кишвар пойдор гардид ва давлат забонро дар паноҳи сиёсии худ қарор дод”. («Паёми табрикотӣ ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ», 05.10.2018).

Хушбахтона, имрӯз заминаҳои ҳуқуқии рушди забони тоҷикӣ таъмин мебошанд. Конститутсия ва дигар қонунҳои марбут ба забон барои рушди бемайлони забони тоҷикӣ мусоидат мекунанд ва он ба «шоҳроҳи тараққиёти озодона ворид гардидааст”.

Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои пурқуввати ҷаҳон буда, барои ифодаи тамоми мафҳумҳо имконият дорад. Калимаю истилоҳоти соҳаҳои мухталифи ҷомеаи мо бо истилоҳоти худашон таркиби луғавии забонро ғанӣ гардонидаанд. Аксарияти қабатҳои луғавии забон аз давраҳои қадим дар забонамон ташаккул ёфта омадаанд.  Аз ҷумла, истилоҳоти илмии марбут ба тиб, сиёсат, низомӣ, фалсафаю нуҷум ва риёзӣ, истилоҳоти хешовандӣ, гулу гиёҳҳо, номи дарахтон, ҷирмҳои осмонӣ, номи одамон, номи истилоҳоти ҷуғрофӣ (номи кӯҳҳо, кӯлу дарёю талу теппа, шаҳру деҳаю гузарҳо), истилоҳоти марбут ба анъана ва ҳунарҳои мардумӣ, номи узвҳои бадан (соматизмҳо), сару либос, истилоҳоти марбут ба сохтмон, косибӣ, кулолӣ, боғдорӣ, кишоварзӣ, оҳангудозӣ, мисгарӣ, истилоҳоти марбут ба зебу зиннат, китобдорӣ ва ғайраҳо мавҷуданд, ки заминаи таърихӣ доранд ва нигаҳдории он вазифа ва қарзи ҳар як соҳибзабон мебошад. Имрӯз ба масъалаи нигаҳдории онҳо тамоми заминаҳо маҷуданд.

АМИТ «Ховар»: Ҳодисаю воқеаҳо ва пешрафтҳои ҷомеаи башарӣ бо худашон калимаю истилоҳоти нав меоранд ва онҳо дар таркиби луғавии забон нигаҳ дошта мешаванд. Чунин калимаю истилоҳоти нав чӣ тавр ба фонди асосии луғавӣ дохил мешаванд ва дар ин роҳ соҳибони забон чӣ саҳм доранд?

Профессор С. Раҳматуллозода: Масъалаҳои муҳим барои пешравию тараққиёти забон зиёданд, вале муҳимтарини он истифодаи дурусти меъёрҳои забон ва дар ин замина поку беолоиш нигоҳ доштани он мебошад. Ҳар як забон таркиби луғавӣ ва фонди асосии луғавӣ дорад. Ба таркиби луғавии забон ҳамаи калимаҳои забон ва ба фонди асосии луғавӣ калимаю истилоҳоти асосии миллӣ, ки дар меҳвари забон қарор доранд, дохил мешаванд.

Ҳодисаю воқеаҳо ва пешрафтҳои ҷомеаи башарӣ бо худашон калимаю истилоҳоти нав меоранд ва онҳо дар таркиби луғавии забон нигаҳ дошта мешаванд. Дар сурате ба фонди асосии луғавӣ дохил мешаванд, ки онҳо ба меъёрҳои савтию грамматикӣ ва луғавии забон мутобиқ шаванд. Дар ин роҳ саҳми соҳибони забон муҳим арзёбӣ мешавад, зеро онҳо метавонанд барои қабул, суфтаю мутобиқ кардани онҳо иқдом намоянд. Аксарияти калимаҳое, ки минтақаҳоро (кӯҳҳо, кӯлу дарёю талу теппа, шаҳру деҳаю гузарҳо) ифода мекунанд, ба фонди асосии луғавии забон шомил мебошанд ва онҳо метавонанд аз саҳифаҳои хурду бузурги таърихи миллат  сухан гӯянд.  Ин аст, ки яке аз масъалаҳои асосӣ дар ҷомеаи имрӯзаи мо баррасии номҳои ҷуғрофӣ мебошанд, ки ба ин масъала бо эҳтиёт бояд муносибат намоем. Дар робита ба ин хулосаҳои зеринро гуфтан лозим аст:

  • воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишин ба забон ва таърихи халқ алоқаи ногусастанӣ доранд, зеро таърихи қадимаи халқи мо бо далелҳои забонӣ маънидод мешаванд ва номҳои ҷуғрофӣ баёнгари ҳодисаҳои бузурги таърихӣ шуда метавонанд;
  • забони тоҷикӣ василаи маҳфуз доштани мероси гаронбаҳои маънавии беш аз ҳазорсолаи халқи тоҷик аст, ки дар ин маснади баланд воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишин ҷойгоҳи хоса доранд;
  • забони модарӣ дар таърихи тӯлонӣ дар муборизаҳо бо аҷнабиён ҳамеша муттаҳидгари халқи тоҷик буд ва ин падида дар қисмати зиёди номҳои ҷуғрофӣ дарҷ гардидаанд;
  • воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишин дар забони модарӣ, ҳофизаи халқ, ҷаҳони маънавӣ, меъёрҳои ахлоқии халқи тоҷик нигоҳ дошта шудааст ва нигаҳдорию дар шакли солим ба наслҳои оянда ба мерос гузоштан вазифаи имрӯзиён аст;
  • забони модарии тоҷикӣ, ки забони давлатии ҷумҳуриамон мебошад, яке аз аломатҳои шинохти миллати тоҷик буда, нишонаҳои он дар номҳои таърихиамон барҷаста намоён мешаванд.

АМИТ «Ховар»: Дар ҷаҳони муосир масъалаи номгузорӣ ба яке аз масъалаҳои муҳими илмӣ мубаддал гаштааст ва башарият дар ҳаёти худ аз он хоҳу нохоҳ истифода мекунад. Ба андешаи Шумо  ҳангоми  сохтани  номҳо бояд  кадом хусусиятҳо ба инобат гирифта шаванд? Оё имрӯз ягон дастур ё китоби тавсиявӣ мавҷуд аст, ки ҳангоми номгузорӣ аз он истифода бурда шавад?

Профессор С. Раҳматуллозода: Бале, масъалаи номгузорӣ имрӯзҳо ба яке аз масъалаҳои асосии ҳаёти ҷомеа мубаддал гардидааст. Номгузорӣ анқариб ҳамаи соҳаҳоро фаро мегирад. Масалан, номгузории одамон (анторпонимҳо), номгузории кӯлу дарё, рудҳо, баҳрҳо, ҳавзҳо (гидронимҳо), номгузории ҳайвонот (шеру палангу фил, бузу гӯсфанду барра, мушу гурба, маймун ва садҳо ҳайвоноти хонагию ваҳшӣ), номгузорӣ ба ҳайвоноти обӣ, хазандаҳо, номгузории олами наботот (гулу гиёҳ, меваю растаниҳо ва дарахтони мевадору бемеваи гуногун), номгузории кӯҳҳо, дашту биёбон, деҳаю гузар ва шаҳрҳою кишварҳо (топонимҳо), номгузории муассисаҳо, ном гузоштан ба китобҳо, мақолаҳо, номгузорӣ ба сохтору девонҳои сиёсию давлатӣ, ном гузоштан ба ҳуҷҷатҳои гуногуни дафтардорию идорӣ, ном мондан ба воситаҳои нақлиёт (ароба, киштиҳо, мошинҳо, қатораҳо, ҳавопаймоҳо), номгузорӣ ба ҷирмҳои осмонӣ, номи бемориҳо ва доруҳои табобатӣ (истилоҳоти тиббӣ), соматизмҳо (номи узвҳои бадан), истилоҳоти марбут ба кишоварзӣ ва ғайраҳо. Дар ҷаҳони муосир масъалаи номгузорӣ ба яке аз масъалаҳои муҳими илмӣ мубаддал гаштааст ва башарият дар ҳаёти худ аз он хоҳу нохоҳ истифода мекунад. Аз номгузориҳое, ки баён шудаанд, маълум аст, ки дар аксарияти ин номҳо ивазшавии онҳо хеле ва хеле кам ба назар мерасад ва он вобаста ба инкишофи ин соҳаҳо аст.

Номҳои ҷуғрофӣ шаклҳои бунёдии худро садсолаҳо нигоҳ медоранд, онҳо барои мо дар бораи арзишҳои азбайнрафта,  топографияи қадимаи ин ё он маҳал, сарватҳои табиӣ, касбу ҳунарҳои қадима ва тарзу ҷойгиршавии аҳолии он маълумот медиҳанд. Бо вуҷуди ин аз ҳама бештар ивазшавӣ ба назари мо дар ҳамин гуна номҳо ба амал меояд. Ин ҳодисаи ногузир тавре ки дар ин ҷо баён шуд, ба сиёсати давру замон вобастагии калон дорад, вале номгузори асосӣ худи халқ аст. Зеро аз қадим вобаста ба аломату хусусиятҳои маҳал, тарзи зиндагӣ, касбу кори бошандагон, вобаста ба машғулияти аҳли деҳаю шаҳрак, вобаста ба неъматҳое, ки дар он минтақаҳо зиёд ба назар мерасанд, пастию баландиҳои минтақаи маскунӣ ва дигар сифатҳои маконҳо номгузориҳо аз тарафи худи мардум гузошта мешуд. Ин аст, ки дар давраи имрӯза, бештар аз ҳама ба мардум такя карда, раъйи мардум гирифта мешавад, ки комилан дуруст аст.

Маълум аст, ки забон дар ҳамаи давру замон як рукни давлатдорӣ боқӣ мемонад. Аз рӯйи диди сарварони давлат ба забон ҳадафҳои сиёсӣ муайян мегардид. Хушбахтона, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон забон дар ҳимояи давлат қарор дошта, ба манфиати худшиносию худогоҳӣ ва сулҳу ваҳдати миллӣ хизат карда истодааст.  Ва номгузории маҳалҳо ҷузъи таркибии сиёсати забонӣ буда, барои мустаҳкам шудани пояҳои рукнҳои давлатдорӣ хизмат мекунад.

Албатта, бе ҳеҷ ваҷҳ номвожаҳои ҷуғрофии ягон маҳал ва ё минтақа бо амри тасодуф ва шартан зуҳур накардааст ва дар пайдоишу ташаккули ҳар як номвожа заминае ва ё сабабе ба таври айниву зеҳнӣ вуҷуд надорад.

Маълум аст, ки охири асри ХХ ва аввали асри ХХI маҳалҳои нав, номвожаҳои нав ба вуҷуд омадаанд, ки ин ҳам ба рушди забон алоқаманд аст. Ин падидаи иҷтимоӣ, пеш аз ҳама, ба муҳоҷирати мардум ба водиҳо, ба касбу кори нав машғул шудан, ба ватани аҷдодӣ баргаштан ва азхудкунии заминҳои нав ва дар давраи нави тараққиёти забонамон ба истиқлолият ва худогоҳию худшиносии миллӣ вобастагии зич дорад.

Дар номгузории мавзеъҳои мухталифи Тоҷикистон бояд хеле эҳтиёткор буд. Қабати таърихии номҳои ҷуғрофии Тоҷикистон, ки бар асари куҳану таърихӣ будани онҳо барои сокинони маҳал нофаҳмову номафҳум гаштаанд, мероси таърихии ғайримоддии миллату кишвари мо мебошад. Аз ин рӯ пешниҳод менамоем:
1. Номҳои ҷуғрофӣ бояд пеш аз тағйиру номгузорӣ мавриди таҳқиқи муфассалу дақиқи забоншиносӣ қарор гиранд, зеро таърихи номгузории мавзеъҳои ҷуғрофӣ ба таърихи миллат, забон ва анъанаҳои миллӣ робитаи ногусастанӣ дорад.
2. Дуюм ин аст, ки дар асоси моддаи 3-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳангоми истифодаи забони давлатӣ риояи муқаррароти қоидаҳои имлои забони адабӣ ҳатмӣ мебошад. Иҷрои ин банди қонун ҳам ба назарамон бисёр муҳим мебошад.
3. Зимни номгузориҳо аз қолабҳои суннатии забонамон, махсусан аз топоформантҳои мавҷуда истифода бурдан зарур аст. Аз қабили об, -кӯҳ, -дара, -дарё, -гул ва

  • ҷойванди  -ак: Ҷоҳак, Дизак, Деҳак;
  • ҷойванди -ванд: Сакованд, Дунбованд ё Дамованд;
  • ҷойванди -вор: Озодвор, Сангвор, Сабзавор;
  • ҷойванди -гирд: Вашгирд, Хусравгирд, Дорогирд, Сиёвахшгирд (Сиёвушгирд);
  • ҷойванди -гон (-қон): Озарбодгон (шакли таҳрифшудаи имрӯзааш Озарбойҷон), Навқон, Дандонақон, Навбандагон;
  • ҷойванди -зор: Асбзор, Лолазор, Гулзор, Челонзор;
  • ҷойванди -(и)стон: Деҳистон, Зангистон, Зобулистон, Кӯҳистон, Сарвистон, Тахористон, Хузистон, Шаҳристон, Табаристон, Ҳиндустон, Боғистон, Сангистон, Регистон;
  • ҷойванди -кат (-канд, -кас, -қанд): Ахсикат, Узканд, Уркас, Бунҷикат, Самарқанд, Тошканд ва ғ.;
  • ҷойванди -обод: Муминобод, Зафаробод, Астаробод, Баҳманобод, Гилобод,;
  • ҷойванди -он: Дайламон, Гурдон, Сипоҳон (Исфаҳон), Моҳон, Ховарон;
  • ҷойванди -харв: Шитхарв, Висхарв, Рохарв, Техарв.

    4. Ба шаҳру ноҳия ва деҳаҳо номҳое гузошта шаванд, ки ба мавқеи ҷойгиршавӣ, аломату хусусиятҳои он мувофиқат кунад, яъне ҳангоми  сохтани  номҳо бояд  мутобиқати маъноӣ ба хусусиятҳои маҳал ба инобат гирифта шавад.
    5. Номвожаҳои ҷуғрофие, ки дар минтақаҳои кишварамон мавҷуданд, асолати бунёдии худро то имрӯз нигоҳ доштаанд, ки онҳо дар муддати асрҳои зиёд ташаккул ёфтаанд ва дар онҳо нақши забонҳои ғарбии эронӣ (портӣ, форсӣ, тоҷикӣ), шарқии эронӣ (суғдӣ, бохтарӣ) бештар ба мушоҳида мерасад. Ҳифз кардани онҳо пойдории сарвати таърихию забонии мост.
    6. Номҳое, ки гузошта мешаванд, бояд такрор набошанд.
    7.Яке аз сарватҳои бебаҳои муаррифи миллати мо ва қадимӣ будани марзу бумамон ба ҷаҳони пешрафтаи муосир номҳои ҷуғрофиамон мебошанд. Зарур будани ин масъаларо ба назар гирифта, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллои Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бузургқомуси “Фарҳанги ҷойномаҳои миллӣ”-ро тартиб додаанд. Пешниҳод мешавад, ки дар оянда зимни номгузорӣ аз ин китоби тавсиявӣ истифода шавад.

Сарвари миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор менамоянд, ки “вазифаи мо, махсусан, олимону донишмандон имрӯз аз он иборат аст, ки дар шароити рушди босуръати илму техникаи муосир қудрати забони модариамонро боз ҳам афзун намуда, бо истифода аз сарвати бузурги луғавии забони тоҷикӣ онро ҳамқадами замона гардонем”.

Бо истифода аз ин ҳидояти Сарвари давлат мо бояд дар масъалаи номгузорӣ барои ғановати сарвати забониамон тамоми имкониятҳои забониамонро дар доираи қанунҳои амалкунанда самаранок истифода намоем.

АМИТ «Ховар»: Ташаккур барои суҳбат.

Сентябрь 30, 2019 10:29

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». 57 нафар довталабон аз Суғд дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявӣ иштирок мекунанд
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар шаҳри Хоруғ даври вилоятии озмун оғоз ёфт
Дар Самарқанд Симпозиуми байналмилалии ҳайкалтарошӣ бо иштироки ҳунармандони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай оғоз ёфт
Дар ноҳияи Данғара намоиши сайёри «Тоҷикистон–кишвари дарёҳои тиллоӣ» ифтитоҳ гардид
Дар Малайзия ҷомаи нодири таърихии Суғд, ки таърихи 1311-сола дорад, нигоҳдорӣ мешавад
Дар рӯзҳои таҷлили 31-солагии Истиқлолияти давлатӣ барномаҳои фарҳангӣ-фароғатии сиркӣ пешниҳод мегарданд
«НБО-И «РОҒУН» НАМУНАЕ АЗ ИҚТИСОДИ САБЗИ МИНТАҚА». Доир ба аҳамияти иншооти муҳими аср китоб ба нашр расид
ТАБИАТ ҶОН БА ИНСОН БАХШАД ИН ҶО. Дар фасли сайру саёҳат ва истироҳату фароғат истироҳатгоҳҳои Тоҷикистон интизори муштариён ва дӯстдорони табиатанд
«ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА РУШДИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ». Таҳти чунин унвон китоб ба нашр расид
Дар Бадахшон доир ба амалӣ намудани бандҳои Қонун «Дар бораи забони давлатӣ» ҳамоиши илмӣ-оммавӣ доир шуд
«АКСИ САДОИ ОСИЁ». Мастона Собирзода дар Фестивали XIII байналмилалии ҳунарҳои сирк иштирок мекунад
Блогнависи 19-солаи тоҷик ҳамроҳи Салмон Хон дар филми Болливуд нақш меофарад

Маводҳои таҳлилӣ