Дар вилояти Суғд Иди Меҳргон дар сатҳи баланд таҷлил гардид

Октябрь 14, 2019 10:34

ДУШАНБЕ, 14.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Яке аз идҳои қадимтарини тоҷикон – Меҳргонро сокинони вилояти Суғд низ дар сатҳи баланд таҷлил намуданд. Ин ҷашни аҷдодӣ дар майдони назди Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ  ҷашн гирифта шуда, дар намоишгоҳи он намояндагони шаҳру ноҳияҳои вилоят дастранҷи хешро ба маъраз гузоштанд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни иштирок дар намоиши  мазкур иброз дошт, ки Меҳргон муждаи аввалини тирамоҳи зарнисор аст, ки моро ба истиқрори сулҳу ваҳдат, якдигарфаҳмӣ, барафрохтани чароғи дӯстиву рафоқат, ба ҷо овардани амалҳои хайру савоб ва худшиносиву худогоҳӣ ҳидоят менамояд.

Таъкид гардид, ки маҳз бо ташаббусҳои шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ойину ҷашнҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳангие, ки ваҳдату ягонагии маънавии мардумро таҳким мебахшанд, дар давраи истиқлолияти давлатӣ аз нав эҳё гардида, бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегарданд. Ба истиқболи ин рӯзи муборак пахтакорон, ғаллакорон, боғу токпарварон, чорводорон ва механизаторони меҳнатқарин бо ғайрати дучанд заҳмат кашида, баҳри пешрафти иқтисодиёти мамлакат саҳми арзанда мегузоранд.

Рушду пешрафти ин соҳаи афзалиятноки хоҷагии халқ барои инкишофи ояндаи иқтисодиёти ватанамон хеле муҳим аст ва чун таҳкурсии мустаҳкам хизмат мекунад.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки таҷлили бошукӯҳи Меҳргон дар марҳилаи сифатан нави ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ҷиҳати омодагӣ ба ҷашни мубораку муқаддаси 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд бардоштани нуфузу эътибори давлати азизамон мусоидат хоҳад намуд.

Октябрь 14, 2019 10:34

Хабарҳои дигари ин бахш

ЗЕҲНИ СУНЪӢ: ТАЪРИХ, ИМКОНИЯТ ВА МАСЪУЛИЯТ. Андешаҳо оид ба ин мавзуъ
Таъсиси Маркази миллии маълумоти зондкунии фосилавии Замин дар шаҳри Душанбе баррасӣ шуд
Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо ЮНИСЕФ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми байналмилалии нассоҷии Тоҷикистон – 2026 доир мегардад
РАШТ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши сиёсати давлатӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоии ин ноҳия
Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидори амалкунанда беш аз 100 ҳазор зиёд гардидааст
Дар Тоҷикистон дар 25 соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 122 баробар афзоиш ёфтааст
Кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ҷашни Истиқлоли давлатиро бошукуҳ таҷлил намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Даромади буҷети давлатӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 250 баробар зиёд гардид»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «То соли 2037 Тоҷикистонро пурра ба кишвари «сабз» табдил медиҳем»
РОҲИ 35-СОЛАИ НИЗОМИ БОНКИИ ТОҶИКИСТОН: аз бунёди низоми мустақили бонкӣ то бонкдории рақамӣ
РУШДИ САНОАТ. Дар давраи Истиқлолияти давлатӣ Душанбе ба маркази воқеии саноат, савдо ва хизматрасонӣ табдил ёфт