«ИСЛОМ БА ЗОТИ ХУД НАДОРАД АЙБЕ…». Назари коршинос дар бораи баъзе омилҳои пойдории хурофот ва таассуби динӣ дар ҷомеа

Октябрь 23, 2019 10:15

ДУШАНБЕ, 23.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дирӯз зимни суханронии худ дар Симпозиуми байналмилалии илмии «Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз», ки дар Душанбе баргузор гардид, аз мавҷудияти хурофот ва таассуби динӣ дар аксари кишварҳои мусалмоннишини Шарқ изҳори нигаронӣ карда, таъкид намуданд, ки мо бояд перомуни сабабҳо ва оқибатҳои ин зуҳуроти номатлуб, ки монеи пешрафту тараққиёт мегарданд, амиқ андеша ронем ва онҳоро аз байн бибарем.

Яке аз ширкаткунандагони симпозиум – директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло БАРОТЗОДА дар суҳбат бо АМИТ «Ховар» роҷеъ ба омилҳои пойдории хурофот ва таассуби динӣ дар ҷомеа чунин изҳори андеша намуд:

— Сараввал бояд зикро намоем, ки дар даврони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон муносибати давлат ба дин комилан ди­гаргун шуд ва, албатта, давраи гузариш дар ин самт баъзе тағйироти ҷид­диро тақозо менамояд. Геополитикаи сиёсии ҷаҳон ғояҳои идеоло­гии нав­ро дар ниқоби динӣ дар байни мусулмонон пайваста истифода бурда истода­аст. Мубориза бар зидди хурофот, ифротгароию таассуби динӣ ва терроризм ба оми­­ли тавонои идеоло­гияи душмансозӣ ва тафриқаандозӣ табдил ёфтааст.

Хатарҳои асосии беруниро имконпазир будани табодули афкор, шабакаҳои иҷтимоии фаровон, интиқоли маблағ ва шакл­­ҳои гуногуни дастгирии ҳаракатҳои ифротӣ ташкил медиҳанд. Баҳогузории нодурусти баъзе ВАО-и ба ном озод дар бораи буҳронӣ будани вазъи динӣ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон дар кишварҳои мусулмонӣ мета­во­над дар заминаи таассуби динӣ сабаби ноором шудани вазъият шавад. Ба доми найранги мубаллиғон ва ноогоҳона ба са­фи соз­мон­­ҳои ифротӣ пайвастани ҷавонон дар шароити муҳоҷирати корӣ низ раванди хатар­нок касб кардааст.

Дар баробари ин проблемаҳо ва хатарҳои дохилӣ низ мавҷуданд, ки унсури муҳими дар байни аҳолӣ боқӣ мондани рафтори таассубомез ва тундравии динӣ мегарданд.

Омили якум он аст, ки то ҳанўз савод­но­кӣ ва маърифати динии оммаи мардум ба талаботи замони муосир ҷавобгў нест. Ҳарчанд аксари аҳолии Тоҷикистон пайрави мазҳаби ҳанафӣ мебо­шанд, вале дар байни онҳо рағбати афзун намудан ва сайқал додани донишҳои зарурӣ дар бобати маърифати динӣ эҳсос намешавад. Барои таъмини амнияти динию мазҳабӣ баробари донистани заруриёти динӣ ба таври иловагӣ, ақаллан, огоҳӣ доштан аз мавҷудияти ҳизбу ҷараёнҳои ифротӣ ва бадномкунандаи дини ислом мувофиқи мақсад аст.

Омили дуюм: ҳама медонем, ки ҳоло дар ҷумҳурӣ теъдоди зиёди масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақта фаъолият доранд. Агар таъмини кадрҳои хуби тахассусӣ ва озмуда дар масҷидҳои ҷомеъ қаноатбахш бошад ҳам, вале дар масҷидҳои панҷвақта вазъият ногувор ва бе назорат боқӣ мемонад. Дар баъзе масҷидҳо, мутаассифона, шахсони тасодуфӣ имоми пешгузар мебошанд ва ин ҳолат дар ташаккули фазои динию мазҳабӣ ва идеологӣ зиёновар ва хатарнок шуда метавонад. Хоҳ-нохоҳ шахсоне, ки барои ибодат ба чунин масҷидҳо мераванд, аз мавъиза ва амри маъруф­ҳои бемантиқ ва ғайритахассусии онҳо баҳравар мешаванд. Аз ин рў, тарбияи кадрҳои босавод дар ин самт барои андешидани чораҳои таъ­хир­но­пазир ниёз дорад.

Омили сеюм: консепсияи сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин марҳила ба марҳила татбиқи амалӣ пайдо карда истодааст. Ҳоло ҳама гуна роҳу усулҳои манъкуниро таҷрибаи пешгирӣ кардани таассуби динӣ аз тариқи корҳои фаҳмондадиҳӣ ва корбариҳои оперативӣ иваз намудааст. Чунин тарзи масъалагузорӣ бо роҳи тарғибу ташвиқи дурус­ти ҳадафҳои нопоки ҳизбу созмонҳои зараровар имкон фароҳам овард, ки андешаи хурофотӣ ва ифротгароии динӣ аз мафкураву ҷаҳонбинии ҷомеа тадри­ҷан берун андохта шавад. Ин иқдомро идома додан ба манфиати кор аст.

Омили чаҳорум: ба назари мо, ҳоло раванди динзадагӣ ва шефтаи масҷиду меҳроб будан дар ҷомеаи мо тамоюли пастравӣ дорад. Сабаби асосии он дурўғ баромадани даъвоҳои созмони террористии ҷаҳонӣ бо номи ДИИШ ва ташкилотии экстремистӣ-террористии дохилӣ бо номи ҲНИ мебошад, ки онҳо арзишҳо ва муқаддасоти дини исломро барои расидан ба ҳадафҳои нопоки сиёсии худ ноҷавонмардона суиистифода карданд ва оқибат шарманда шуданд. Амалиёти чандрўзаи «Манбаи сулҳ» дар минтақаҳои ҳаммарзи Туркия ва Сурия нишон дод, ки ҳанўз хоначаҳои нуҳуфтаи созмони ормонии «давлати исломӣ» имкони зинда кардани нерўҳои ифротиро доранд. Дар пояи чунин воқеияти талх тақвияти назорати амниятӣ, идеологӣ ва фарҳангию фаҳмондадиҳӣ аз болои рафтору ҳаракатҳои номатлуби хусусияти ифротгароӣ ва таассуби динӣ дошта ошкор мегардад. Бояд эътироф кард, ки ҳамеша чораҳои пешгирӣ бар болои ҳама гуна рафторҳои ҷиноятии нохушоянд бартарӣ доранд. Корҳои фаҳмондадиҳӣ бояд ончуноне сурат гиранд, ки ба хусу­сия­ти пинҳонкорӣ гирифтани ифротгароӣ ва таассуби динӣ роҳ надиҳад ва ошкору безарар гардонидани онҳоро осон гардонад.

Мавқеи назари Пешвои миллат ва Ҳукумати кишвар ба дини ислом некбинона аст: «Ислом ба терроризм ягон робита надо­рад. Бинобар ин дар кишвари мо мубориза бо терроризм маънои мубо­ри­­за бо дини исломро надорад. Терроризм дин, миллат, мазҳаб ва ватан на­­­до­рад. Фарҳанги миллии тоҷикон бо арзишҳо ва муқаддасоти динии мо сахт омехта аст ва онҳоро аз ҳам ҷудо кардан ва ба ҳам муқобил гу­зо­ш­­тан хатои бузург аст», — таъкид намудданд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Ё тавре Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ фармудааст:

Ислом ба зоти худ надорад айбе,

Ҳар айб, ки ҳаст, дар мусулмонии мост.

Роҳбарияти олии сиёсӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста барои ҳифзи ҳу­вия­ти миллӣ, фарҳангӣ ва мазҳабии шаҳрвандон чораҳои зарурӣ меандешанд.

Октябрь 23, 2019 10:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷойгоҳи паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар таъсиси ниҳодҳои хос оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон назаррас аст
Расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардидани ҷашни Меҳргон ифтихор аст
ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ВА НАВРАСОН. Дар ин фазо кӣ ва ё чиро мебояд назорат кард?
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ ба Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» идома доранд
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент
ИДОРАКУНИИ ПРЕЗИДЕНТӢ – шакли муассири идоракунии давлатӣ ва равнақбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол
ПРЕЗИДЕНТИ ТАШАББУСКОР. Нақши Сарвари Тоҷикистон дар ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои оби тоза дар ҷаҳон беназир ва муассир аст