Кишоварзони шаҳри Конибодом ба хирмани мамлакат 13 ҳазору 300 тонна пахта ҳамроҳ намуданд

Октябрь 29, 2019 09:50

ДУШАНБЕ, 29.10.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Кишоварзони шаҳри Конибодом нақшаи истеҳсоли пахтаро иҷро карда, ба хирмани мамлакат 13 ҳазору 300 тонна пахта ҳамроҳ намуданд.

Тавре аз хадамоти матбуоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд иттилоъ доданд, пахтакорони шаҳри Конибодом имсол дар 6000 гектар чигит кишт намуда, ҷамъоварии 13 ҳазору 300 тонна «тиллои сафед»-ро ба уҳда гирифтанд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аснои сафари корӣ ба шаҳри Конибодом дар ҷамъомади идонаи кишоварзон ширкат варзида, сокинони шаҳр, хосса кишоварзонро бо ин зафари меҳнатӣ табрик намуд. Раиси вилоят зимни суҳбат бо кишоварзон баҳри пурраву беталаф ба хирман супоридани пахтаи боқимонда дастур дода, таъкид намуд, ки бо истифода аз обу ҳавои мусоид то ғӯзаи  охирин ҳосилро ҷамъоварӣ намоянд.

Ҳамчунин ба ин муносибат як гурӯҳ чинакчиёни пешқадами хоҷагиҳои кишоварзӣ бо туҳфаҳои хотиравии Раиси вилоят сарфароз гардиданд.

Раиси шаҳри Конибодом Зафарбек Давлатзода иброз дошт, ки пахтакорони шаҳр имкониятҳои мавҷударо самаранок истифода намуда, қариб 4 ҳазор тоннаи дигар пахта ҷамъоварӣ менамоянд.

Бино ба иттилои манбаъ, дар иҷрои нақшаи имсолаи шаҳри  Конибодом саҳми ҷамоатҳои деҳоти ба номи Ғафурҷон Ортиқов, Пӯлодон, Раҷаб Ҳамробоев, Эргаш Шарифов, Лоҳутӣ ва Патар назаррас аст. Инчунин ҳиссаи чинакчиёни пешқадам, ҳашарчиён ва ёрдамчиён аз ташкилоту муассисаҳои шаҳр назаррас мебошад.

Тавре муовини сардори Раёсати муносибатҳои байналмилалии илм ва тадбиқи дастовардҳои илмии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Толибзода иброз намуд, истеҳсоли пахта назар ба соли гузашта хеле назаррас мебошад. Тавре медонем, аллакай дар бештари вилоятҳо хоҷагиҳои кишоварзӣ нақшаи пахтасупориро иҷро намуданд.

Вазорати кишоварзӣ низ кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки то саршавии боришоти фасли зимистон пахтаи навъи аъло аз саҳро ҷамъоварӣ шавад.

Мавсуф иброз намуд, ки бориши шаби гузашта ба навъ ва сифати пахта таъсир нарасонид. Зеро агар борон як ё ду шабонарӯз беист борад, он вақт сифати пахта тағйир меёбад.

Ба гуфтаи масъулин, айни замон пахта дар саҳро фаровон буда, сокинон бо истифода аз рӯзҳои офтобӣ сарҷамъона ба ғунучини он машғуланд.

Октябрь 29, 2019 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Дӯстӣ ҷамъоварии шолӣ оғоз гардид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Боғпарварони ноҳияи Лахш имсол ҳосили фаровони мева мерӯёнанд
Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»