«Меҳргон ва Сада — ду ҷашни фархунда» — эҳдо ба ҷашнҳои қадимии тоҷикон

Октябрь 18, 2019 10:49

ДУШАНБЕ, 18.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. «Меҳргон ва Сада — ду ҷашни фархунда» — чунин ном гирифтааст маҷмӯае, ки дар арафаи таҷлили ҷашни Меҳргон аз ҷониби Муассисаи давлатии «Академияи ВАО-и Тоҷикистон» нашр гардид.

«Маҷмуа дар асоси маводи ҳамоиши илмӣ-назариявие, ки дар Академияи ВАО доир шуда буд, мураттаб гардидааст. Дар маҷмӯа мақолаҳои илмии донишмандони тоҷик,  назири академик Абдуҷаббор Раҳмонзода, Равшан Раҳмонӣ, Дилшод Раҳимӣ ва Беҳрӯзи Забеҳулло оид ба ҷашни Сада, таърихи ташаккул ва ҷойгоҳи он гирд оварда шудаанд»,-хабар доданд аз Академияи ВАО-и Тоҷикистон.

Дар мақолаи донишмандони тоҷик — академик Абдуҷаббор Раҳмонзода ва Равшан Раҳмонӣ, ки таҳти унвони «Рӯзи меҳру ҷашни фаррух» нашр гардидааст, омадааст: «Меҳргон яке аз ҷашнҳои бошукӯҳи мардуми ориёитабор, аз ҷумла тоҷикон мебошад, ки аз замонҳои қадим ба мо мерос  монда, пешиниён онро бо шукӯҳу шаҳомат ва бо ҳама ҷузъиёташ баргузор мекарданд. Аммо бо мурури замон ин ҷашни миллию мардумӣ аз ёдҳо рафта, таҷлилаш дар қаламрави мамлакат баргузор намегашт. Нишонаи суннатии Меҳргон танҳо дар ёди бузургсолон монда, арзиш ва қимати он аз ҷониби донишмандони соҳаи мардумшиносӣ ҳифзу ҳимоя меёфт ва гоҳ-гоҳ дар маъракаи ҳосилғундорӣ аз он ёд мешуд. Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ, бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо иду ҷашнҳои миллӣ, балки маросими мухталифи мардумӣ аз нав эҳё гардида, барои дар сатҳи баланд доир кардани онҳо шароит фароҳам омад».

Доктори илмҳои фалсафа, профессор Муҳаммадқул Ҳазратқулов дар мақолаи худ- «Меҳргони нав баромад, бас муборак Меҳргон» нигоштааст: «Дар солшумории ниёгони ориёиямон мо ду иди куҳани миллӣ дорем, ки акси садои онҳо дар тӯли ҳазорсола ба ҷаҳониён танинандоз шуда, давоми таърих ба худ мазмунҳои оинӣ, ҷанбаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, заминаҳои фарҳангӣ, хусусиятҳои космологию омӯзаҳои ҷаҳоншиносӣ ва афкори маънавӣ касб намудаанд. Ин ду ҷашн Наврӯзу Меҳргон мебошанд, ки яке дар мавсими баҳорӣ ва дигаре дар таодули тирамоҳӣ таҷлил мегардиданд. Онҳо бо ҳам робитаи узвӣ доранд ва бо дигар ҷашну маросими ҳошиявӣ дар солшумории ниёгонамон (Тиргол, Дайгон, Шаби Ялдо ва Сада) ду давраи калидии сол ё худ як соли пурраи кайҳониро ташкил медиҳанд».

Ҳамзамон муовини директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ Дилшод Раҳимӣ дар маърӯзааш «Ёдгоре аз ниёгон», ки дар маҷмӯа ҷой дода шудааст,  таъкид месозад, ки «ҷашни Меҳргон дар баробари Наврӯз яке аз ҷашнҳои миллии табиию фарҳангӣ ба шумор меравад, ки ба ҳеҷ дину мазҳаб марбут набуда, дар фасли тирамоҳ, дар айёми ғунучин ва гирдоварии маҳсулоти ғаллагӣ, полезӣ ва боғдорӣ таҷлил мешавад».

Маҷмӯаи «Меҳргон ва Сада- ду ҷашни фархунда» барои журналистон ва ҳамаи онҳое, ки дар мавзӯи ҷашнҳои миллӣ мавод омода мекунанд, тавсия мешавад. Эҳёи ҷашну маросими қадимӣ барои боло рафтани ҳисси ватандорӣ ва  огаҳ гардидан аз таърихи гузаштаи халқи куҳанбунёди тоҷик заминаи қавӣ ба вуҷуд оварда метавонад. Дар ин самт шурӯъ аз солҳои аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон роҳбарияти олии мамлакат иқдомҳои зиёде роҳандозӣ намудаанд, ки ҷашнгирии идҳои қадимае, чун Сада, Наврӯз ва Меҳргон, ки оғози худро аз даврони куҳан мегиранд, аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Ин ҷашнҳо бори дигар собит менамоянд, ки халқи тоҷик дорои тамаддуни ғанӣ буда, дар замони муосир низ  урфу одати  ниёгони худро пос медорад.

 

Марзия САИДЗОДА,
 АМИТ «Ховар»

Октябрь 18, 2019 10:49

Хабарҳои дигари ин бахш

«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Душанбе ин фестивали ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид
Роҳбарзанони Узбекистон бо табиати зебои шаҳри Норак шинос шуданд
Дар Душанбе ҳамкории илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Акитаи Ҷопон баррасӣ шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо 4 муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон ҳамкорӣ мекунад
«ШОҲРОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Тоҷикистон барои иштирок дар ин намоиши байналмилалӣ омодагии ҷиддӣ мебинад
Дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ доир гардид
Дар Душанбе бо иштироки олимону зиёиёни Тоҷикистон ва Узбекистон конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар доираи Ҳафтаи илм оид ба мероси уран дар Осиёи Марказӣ конфронси байналмилалӣ баргузор гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ҲИФЗИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. Дар Тоҷикистон зиёда аз 100 ёдгории таърихиву фарҳангӣ тармиму барқарор гардид
Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб ба алоқамандони синамо филми ҳунарии «Таҳаввулот» намоиш дода шуд
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои илмии Чин густариш меёбад