Муроҷиати шаҳрванди пойтахт ба суроғаи электронии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 11.10.2019./АМИТ «Ховар»/. Кормандони Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ронандаҳои вайронкунандаи қоидаиҳои ҳаракат дар роҳро, ки истиқоматкунандаҳои шаҳри Душанбе — Фахриддин Одинаев (мошинаи тамғаи Лексус 250, қайди давлатиаш 0004НО01), Ҳасан Сафаров (мошини тамғаи Хундай Солярис мансуб ба Ширкати «Рахш-таксӣ», қайди давлатиаш 8423 ТТ05) ва Акмал Неъмонов (мошини тамғаи Опел-зефира, рақами қайди давлатиаш 2986НА01) мебошанд, ба ҷавобгарӣ кашиданд.
Тавре аз маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, як сокини пойтахт ҳисси баланди шаҳрвандӣ нишон дода, ба суроғаи электронии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе навори ҳолатҳои вайрон намудани қоидаҳои ҳаракати роҳро аз ҷониби ронандагони мазкур ирсол намуд. Кормандони БДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ин муроҷиатро мавриди баррасӣ қарор дода, нисбат ба ин ронандагон барои дағалона вайрон намудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ санадҳои маъмурӣ тартиб доданд.
Ёдовар мешавем, ки Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо мақсади пешгирии қоидавайронкуниҳои дағали ҳаракат дар роҳ ва амалу кирдорҳои номатлуб дар ҷомеа қабули муроҷиати шаҳрвандонро тариқи суроғаи электронӣ (rvkddushanbe@mail.ru), телефони боварӣ (+99237) 221-15-00) ва саҳифаи расмии Раёсат дар Фейсбук «Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе» ба роҳ мондааст.
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе шаҳрвандон, сокинон ва меҳмонони пойтахтро ба ҳамкорӣ даъват менамояд. Онҳо дар сурати шоҳиди ин ё он кирдори зиддиҳуқуқӣ гардидан метавонанд тавассути суроғаҳои зикршуда ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе муроҷиат намоянд.










Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд






