Сайёҳи хориҷӣ Хавйер Лебритон, ки дар ҳудуди ноҳияи Рашт гум шуда буд, дарёфт гардид

Октябрь 28, 2019 16:10

ДУШАНБЕ, 28.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бо  кумаки  кормандони  Раёсати экологӣ ва сайёҳии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва    наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сайёҳи хориҷӣ  Хавйер Лебритон, ки дар ҳудуди ноҳияи Рашт  гум шуда буд, ёфта шуд. Ӯро барои ташхис ба беморхонаи шаҳраки Ғарм интиқол доданд.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар»  хабар доданд,  шаби 25 октябр, соати 02:45,  ба телефони  фаврии шуъбаи сайёҳии Раёсати экологӣ ва сайёҳии Вазорати  мазкур аз иёлати Техаси  Иёлоти  Муттаҳидаи Америка  занг зада,  хабар доданд, ки  сайёҳи хориҷӣ Хавйер Лебритон  гум шудааст. Баъд аз гирифтани  ин хабар  кормандони милитсияи сайёҳӣ фавран  дар ҳудуди  ноҳияи Рашт ба ҷустуҷӯи ин сайёҳи хориҷӣ  шурӯъ карда, ӯро  дарёфт намуданд.

Ёдовар мешавем, ки  бори аввал нест, ки  аз ҷониби кормандони милитсияи сайёҳӣ ба сайёҳони хориҷӣ кумаки  фаврӣ расонида мешавад. Аз ҷониби онҳо  дар ВМКБ ба як нафар сайёҳи амрикоӣ, ки дар сарҳади Ишкошим бе раводид монда буд,  кумак расонида шуд.  Онҳо барои ин  сайёҳи хориҷӣ раводиди электронӣ дастрас   карда,   ӯро   ба шаҳри Душанбе интиқол доданд.

Кормандони милитсияи сайёҳӣ ҳамчунин дар гузаргоҳи сарҳадии Қулмаи ноҳияи Мурғоб ба ду нафар сайёҳи хориҷӣ, ки шаҳрвандони  Франсия буда, аз  Ҷумҳурии  Мардумии  Чин хориҷ (депорт)  шуда буданд, ёрии амалӣ расониданд. Бо мусоидати  кормандони милитсия  ба  сайёҳони номбурда  раводиди электронӣ дастрас гардид.

Октябрь 28, 2019 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

САЁҲАТРО АЗ ВАТАН ОҒОЗ МЕНАМОЕМ! Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Хуттали Қадим аз ҷиҳати аҳамияти таърихӣ ҳамто надоранд
Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро муаррифӣ намуд
КУЛОЛГАРӢ — РАМЗИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ. Анъанаи истифодаи зарфҳои кулолӣ дар Наврӯз то имрӯз боқӣ мондааст
Имрӯз дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» доир мегардад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» доир мегардад
НАВРӮЗ-БРЕНДИ МИЛЛИИ САЙЁҲӢ. Сайёҳони хориҷӣ дар ин рӯзҳо бо таърих, фарҳанг ва расму оинҳои халқи тоҷик бештар шинос мегарданд
БРЕНДИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН. Ҷашни Наврӯз пули дӯстӣ байни миллатҳо мебошад
Блогерон ва хабарнигорони расонаҳои хориҷӣ барои инъикоси Наврӯз ба Тоҷикистон меоянд
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид