Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ: «Тоҷикистон давлати озод аз бемории фалаҷ мебошад»

Октябрь 24, 2019 16:22

ДУШАНБЕ, 24.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 24 окябр дар аксари кишварҳо Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо бемории фалаҷ (World Polio Day) таҷлил карда мешавад. Ин сана беш аз даҳ сол қабл бо ибтикори созмони байналмилалии «Ротари Интернэшнл» таъсис дода шудааст. 24 октябр – зодрӯзи табиби эпидемиолог ва вирусологи амрикоӣ Ҷонас Солк мебошад – маҳз ӯ нахустин бор ваксинаи зидди фалаҷро ихтироъ кардааст.

Ҳадаф аз таҷили Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо бемории фалаҷ – ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушуилоти гирифторони ин беморӣ, сабабҳо ва оқибатҳои он мебошад.

Бо шарофати соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва пешравиҳои соҳаи тандурустӣ  соли 1999 бемории фалаҷ дар мамлакат маҳв карда шуд. Соли 2000 Тоҷикистон соҳиби сертификати Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ- «Давлати озод аз бемории фалаҷ» гардид.

Бояд гуфт, ки фалаҷ бемории шадиди сироятшаванда мебошад. Барангезандаи он се намуди вируси бемории фалаҷ ба ҳисоб меравад ва аз одами бемор ё ҳомили барангезанда ба воситаи хӯрок, об ва гуфтугӯ ба шахси сиҳат мегузарад.

Бино ба маълумоти Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, ба бемории фалаҷ асосан кӯдакони то панҷсола гирифтор мешаванд. Аз ин хотир, барои пешгирии сироят аз он ҳар як мамлакат барномаи миллии худро қабул ва татбиқ менамояд. Ғайр аз ин, яке аз роҳҳои асосии пешгирии мубтало шудан ба ин беморӣ ба иммунизатсия фаро гирифтан мебошад.

Мудири шуъбаи эпидемологии Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактикаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳтоб Бобохонова зимни суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» зикр намуд, ки бемории фалаҷ табобатнашаванда буда, роҳи асосии пешгирӣ намудани он ба иммунизатсия фаро гирифтан мебошад.

Иммунизатсия — ин равандест, ки тавассути он шахс масуниятро бар зидди бемориҳои сироятӣ бо роҳи гузаронидани ваксина пайдо мекунад.

Иммунизатсия яке аз хизматрасониҳои асосии шабакаи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ба ҳисоб рафта,  асосан нисбат ба кўдакон, наврасон ва калонсолон амалӣ  карда мешавад. Дар шаҳрҳо иммунизатсия аз ҷониби марказҳои саломатии шаҳрӣ, марказҳои тибби оилавӣ, таваллудхонаҳо ва шуъбаҳои таваллуд, дар деҳот аз ҷониби марказҳои саломатии деҳот ва бунгоҳҳои саломатӣ гузаронда мешавад. Барои иммунизатсияи минтақаҳои дурдасти аҳолинишин гурўҳҳои сайёр ва мобилӣ аз ҳисоби кормандони тибби шабакаи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва беморхонаҳои марказии ноҳиявӣ ташкил карда мешаванд.

«Дар мамлакати мо давоми 24 соати баъди таваллуди кӯдак ӯ бо ваксинаи зидди бемории фалаҷ, ки тариқи даҳон истифодашаванда (ОПВ) мебошад, фаро гирифта мешавад.  Баъдан ӯ дар 2-3 ва 4-моҳагӣ ин навъи ваксинаро қабул мекунад. Илова бар ин аз соли 2018 инҷониб ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ваксинаи ғайрифаъоли зидди бемории фалаҷ ворид карда шуд, ки дар байни кӯдакони синни 4-моҳа истифода бурда мешавад»,- афзуд мавсуф.

Мутахассисони соҳаи тиб бар онанд, ки дар 90-95 дарсади одамони сироятёфтаи вируси фалаҷ беморӣ бе ягон нишонаҳои клиникӣ мегузарад. Дар 4-8 фоизи сироятёфтагон беморӣ ба таври сабук мегузарад ва ба ӯ нишонаҳои начандон баланди таби бадан, ангина, дилбеҳузурӣ, дарди шикам, беиштиҳоӣ ва сустии тамоми бадан хос аст. Чунин намуди беморон тез сиҳат мешаванд. Дар онҳо фалаҷшавӣ ба вуҷуд намеояд. Ин шакли бемориро «фалаҷи абортивӣ» меноманд.

Мутаассифона, — гуфт Маҳтоб Бобохонова, моҳи марти соли 2010 вируси ёбоии фалаҷи навъи 1 ба Тоҷикистон таҳдид намуда, сабаби хурӯҷи бемории фалаҷ дар ҷумҳурӣ гардид.

«Таҳлилҳо нишон доданд, ки вируси мавҷуда аз хориҷи мамлакат ворид шудааст. Бо назардошти вокунишҳои саривақтӣ ва гузаронидани чорабиниҳои сифатнок дар сатҳи ҷумҳурӣ соли 2010 Рўзҳои миллии иммунизатсия бар зидди бемории фалаҷ дар байни кўдакони то 15-сола бо муваффақият гузаронида шуданд. Ин сабаб гардид, ки дар муддати кўтоҳ роҳи паҳншавӣ ва умуман гардиши барангезандаи бемории фалаҷ вируси «ёбоӣ»-и намуди I қатъ карда шавад. Моҳи июли соли 2010 дар Тоҷикистон охирин ҳодисаи бемории фалаҷ ба қайд гирифта шуд», — илова намуд номбурда.

Ин буд, ки моҳи августи соли 2011 Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Комиссияи Аврупоии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ оид ба сертификатсия такроран ҳамчун давлати аз бемории фалаҷ озодшуда эътироф гардид.

Бо мақсади пешгирии бемориҳои ба воситаи иммунизатсия идорашаванда, 30 апрели соли 2011 Барномаи миллии иммунопрофилактика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015 қабул гардид. Дар доираи амалисозии Барномаи мазкур шароит фароҳам омад, ки омилҳои таъсиррасонанда дар самти паст шудани сатҳи фарогирӣ дар шаҳру ноҳияҳо муайян карда шаванд.

Татбиқи босамари барномаи мазкур имкон дод, ки Тоҷикистон сертификати худро ҳамчун «давлати озод аз бемории фалаҷ» нигоҳ дорад. Бо вуҷуди ин соли 2016 Барномаи миллии иммунопрофилактика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 қабул гардид.

Барномаи мазкур барои таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолии мамлакат, пешгирии пайдоиш ва паҳншавии бемориҳои сироятии ба воситаи иммунизатсия идорашаванда, аз байн бурдани хатари такроршавии хурўҷи бемории фалаҷ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, устувор нигоҳ доштани мақоми давлати озод аз бемории фалаҷ, баланд бардоштани дастрасӣ, сифатнокӣ ва самаранокии хизматрасониҳои тиббӣ, беҳтар намудани саломатии модар ва кўдак, пурзўр намудани кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар ҷумҳурӣ равона карда шудааст.

Тавре мудири шуъбаи эпидемологии Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактикаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар идомаи суҳбат иброз дошт: «Барои амалисозии Барнома шабакаи мавҷудаи Маркази иммунопрофилактика, марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, шабакаҳои муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, таваллудхонаҳо ва шуъбаҳои таваллуди шаҳру ноҳияҳо истифода бурда мешаванд. Дар ҷумҳурӣ, дар маҷмўъ зиёда аз 3000 муассисаҳои тиббӣ, аз ҷумла таваллудхонаҳо ва шуъбаҳои таваллуд бо иммунизатсия машғуланд. Дар таваллудхонаҳо ва шуъбаҳои таваллуд бар зидди бемориҳои фалаҷ, сил ва гепатити В иммунизатсия гузаронида мешавад».

Таҳлилҳои оморӣ нишон медиҳанд, ки солҳои охир дар мамлакат ҳолатҳои бемории фалаҷ ба қайд гирифта нашудаанд. Ин бевосита собит менамояд, ки чорабиниҳо барои тасдиқи мақоми ҷумҳурӣ ҳамчун давлати озод аз бемории фалаҷ дуруст ба роҳ монда шудаанд.

Дар баробари ин, — гуфт ҳамсуҳбати мо, хатари ворид шудани вируси фалаҷи ёбоӣ ба ҷумҳурӣ то ҳол вуҷуд дорад. «Зеро гардиши вируси фалаҷи ёбоӣ дар мамлакатҳои эндемикӣ, ба монанди Афғонистон, Покистон ва Нигерия давом дорад. Ин ҳолат кормандони соҳаи тандурустии тамоми мамлакатҳои дунёро водор месозад, ки фаъолияти хешро баҳри махви бемории фалаҷ дар сатҳи ҷаҳонӣ боз ҳам қавитар созанд», — илова намуд Маҳтоб Бобохонова.

Шукӯҳи ДАЛЕР,
АМИТ «Ховар»

Октябрь 24, 2019 16:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ҷаласаи 38-уми Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир мешавад
Дар Душанбе Форуми байналмилалии волонтёрӣ оғоз гардид
Дар Суғд барои баргузор намудани интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят 70 ҳавза ташкил карда мешавад
«ТОҶИКИСТОН БО ПЕШВОИ МИЛЛАТ, БА ПЕШ!». Аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд
«ТОҶИКИСТОН БО ПЕШВОИ МИЛЛАТ, БА ПЕШ!». Бахшида ба 30-солагии Рӯзи таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Масъалаи маблағгузорӣ барои ҳолатҳои офати табиӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ баргузор шуд
Дар Душанбе бахшида ба 15-солагии таъсиси мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиш доир гардид
Дар низоми ҳокимияти судии Тоҷикистон 97 нафар зан судя мебошад
ДАР ДУШАНБЕ БАРФИ АВВАЛ МЕБОРАД. Пойтахт бо қабои сафед боз ҳам дилработар мегардад
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҳсули андешаи Пешвои миллат мебошад
Дар Душанбе таҳти унвони «Нақши занон дар муқовимат ба коррупсия» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид