Баҳриддин Ҷурахонов ва Акбари Асадулло — соҳибкорони беҳтарини ноҳияи Ёвон дар соли 2019
ЁВОН, 29.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Баҳриддин Ҷурахонов ва Акбари Асадулло соҳибкорони беҳтарини ноҳияи Ёвон дар соли 2019 дониста шуда, бо ҷоизаҳо ва дипломҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сарфароз гардиданд.
Маросими ҷоизасупорӣ дар Кохи фарҳанги ноҳияи Ёвон зимни мулоқоти раиси ноҳия Ҷамшед Саидзода бо соҳибкорон баргузор шуд. Дар ҷамъомад изҳор гардид, ки солҳои охир бо дастгириҳои ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаву коргоҳҳои зиёде бунёд гардида, Ёвон ба яке аз ноҳияҳои пуриқтидори саноатии мамлакат табдил ёфтааст. Давоми ду соли охир маҷмӯи маҳсулоти саноатии ноҳия ба зиёда аз 1 млрд. сомонӣ расонида шуда, давоми даҳ моҳи соли равон корхонаву коргоҳҳои саноатии ноҳия ба маблағи 1 млрд. 273,7 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд. Ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 140 млн. сомонӣ бештар буда, суръати афзоиш 112,3 фоизро ташкил медиҳад.
Тибқи иттилои масъулини ноҳия, дар ин давра тавассути фаъолияти босамари корхонаҳои «Моҳир семент», «Ғаюр семент», «Хуаҷиан Ғаюр Индастриал», «Ваҳдат», «Талко кемикал» ва «Намаки Ёвон» ба маблағи 343 млн. 24 ҳазору 788 сомонӣ маҳсулоти сохтмонию саноатӣ ба хориҷи мамлакат, махсусан ба Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Афғонистон, Туркия, ҷумҳуриҳои Украина, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон содирот карда шудаанд.
Зимни ҷамъомад раиси ноҳия ба соҳибкорони соҳибноми ноҳия Баҳриддин Ҷурахонов, Акбари Асадулло, Илҳомҷон Мирзоев, Шералӣ Тағоев, Мухторхуҷа Қоризода, Ҳикмат Муқимов, Шодихон Ғуломов, Нурмаҳмад Муродов, Ҷамил Сатторов, Лутфулло Қурбонов, Фаррух Ситамов, Хайём Қулов, Файзихон Нозимов, Азиз Усмонов, Раҷаббек Қодиров, Рустам Маханов, Исматуллои Маҳмадуллоҳ, Навоӣ Малангов, Отамурод Холмуродов, Далер Сафархолов, Фатҳиддин Нуров, Тоштемур Бобоев, Эраҷ Раҳмонов, Исломиддин Ҳакимов ва боз чандин нафарони дигар, ки дар ободонии маҳал, бунёди биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, таъмиру чароғон кардани роҳҳо ва дастгирии эҳтиёҷмандон мунтазам саҳм мегузоранд, изҳори сипос намуда, ифтихорномаҳо тақдим намуд.








Барои рушди соҳаи боғу токпарварӣ барномаи чоруми давлатӣ татбиқ мегардад
«БАРНОМАИ МИЁНАМУҲЛАТИ РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ».Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
ТИҶОРАТИ РАҚАМӢ. Он ба густариши фаъолияти соҳибкорӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ мусоидат менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои ҳифзи боғҳо корҳои агротехникии тирамоҳӣ аҳамияти муҳим доранд
Истгоҳи обуҳавосанҷии Горбунов дар пиряхи «Тоҷикистон» навсозӣ карда мешавад
ҚАТЪНОМАИ ТАЪРИХӢ БАРОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ. Чӣ гуна ташаббуси Президенти Тоҷикистон зеҳни сунъиро ба рӯзномаи Маҷмаи Умумии СММ ворид кард
Ба бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ таваҷҷуҳро бештар намоем. Шарҳи коршинос
Ҳаҷми маблағгузории Фонди иқлими сабз барои Тоҷикистон ба 235 миллион доллар расидааст
Ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МАЪРИФАТ ВА ФАРҲАНГИ ЭКОЛОГӢ». Он ба баланд бардоштани фарҳанги экологии аҳолӣ равона шудааст
Тоҷикистон дар COP31 таъсиси платформаи минтақавии инноватсияҳои «сабз»-ро дар Осиёи Марказӣ пешниҳод намуд
Директори Агентии авиатсияи гражданӣ Ҳабибулло Назарзода дар Ассамблеяи 43-юми ИКАО дар шаҳри Монреали Канада иштирок намуд






