Баҳриддин Ҷурахонов ва Акбари Асадулло — соҳибкорони беҳтарини ноҳияи Ёвон дар соли 2019

Ноябрь 29, 2019 10:57

ЁВОН, 29.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Баҳриддин Ҷурахонов ва Акбари Асадулло соҳибкорони беҳтарини ноҳияи Ёвон дар соли 2019 дониста шуда, бо ҷоизаҳо ва дипломҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сарфароз гардиданд.

Маросими ҷоизасупорӣ дар Кохи фарҳанги ноҳияи Ёвон зимни мулоқоти раиси ноҳия  Ҷамшед Саидзода бо соҳибкорон баргузор шуд. Дар  ҷамъомад изҳор гардид, ки солҳои охир бо дастгириҳои ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  корхонаву коргоҳҳои зиёде бунёд гардида, Ёвон ба яке аз ноҳияҳои пуриқтидори саноатии мамлакат табдил ёфтааст. Давоми ду соли охир маҷмӯи маҳсулоти саноатии ноҳия ба зиёда аз 1 млрд. сомонӣ расонида шуда, давоми даҳ моҳи соли равон корхонаву коргоҳҳои саноатии ноҳия ба маблағи 1 млрд. 273,7 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд. Ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 140 млн. сомонӣ бештар буда, суръати афзоиш 112,3 фоизро ташкил медиҳад.

Тибқи иттилои масъулини ноҳия, дар ин давра тавассути фаъолияти босамари корхонаҳои «Моҳир семент», «Ғаюр семент», «Хуаҷиан Ғаюр Индастриал», «Ваҳдат», «Талко кемикал» ва «Намаки Ёвон» ба маблағи 343 млн. 24 ҳазору 788 сомонӣ маҳсулоти сохтмонию саноатӣ ба хориҷи мамлакат, махсусан ба Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Афғонистон,  Туркия, ҷумҳуриҳои Украина, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон содирот карда шудаанд.

Зимни ҷамъомад раиси ноҳия ба соҳибкорони соҳибноми ноҳия Баҳриддин Ҷурахонов, Акбари Асадулло, Илҳомҷон Мирзоев, Шералӣ Тағоев, Мухторхуҷа Қоризода, Ҳикмат Муқимов, Шодихон Ғуломов, Нурмаҳмад Муродов, Ҷамил Сатторов, Лутфулло Қурбонов, Фаррух Ситамов, Хайём Қулов, Файзихон Нозимов, Азиз Усмонов, Раҷаббек Қодиров, Рустам Маханов, Исматуллои Маҳмадуллоҳ, Навоӣ Малангов, Отамурод Холмуродов, Далер Сафархолов, Фатҳиддин Нуров, Тоштемур Бобоев, Эраҷ Раҳмонов, Исломиддин Ҳакимов ва боз чандин нафарони дигар, ки дар ободонии маҳал, бунёди биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, таъмиру чароғон кардани роҳҳо ва дастгирии эҳтиёҷмандон мунтазам саҳм мегузоранд, изҳори сипос намуда,  ифтихорномаҳо тақдим намуд.

Ноябрь 29, 2019 10:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон Кодекси энергетикӣ таҳия ва қабул карда мешавад
Дар корхонаи коркарди меваю сабзавоти «Насим»-и шаҳри Хоруғ 12 навъи ширинӣ аз тут истеҳсол карда мешавад
Дар Душанбе вобаста ба татбиқи Созишнома байни вазоратҳои молияи Тоҷикистон ва Федератсияи Русия конфронс баргузор гардид
Дар Душанбе татбиқи лоиҳаи «Мутобиқшавии ширхӯрон ба тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ» баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозор ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» амалӣ карда мешавад
Дар Шуғнон бинои нави пойгоҳи барфу гармосанҷӣ ба истифода дода шуд
Дар Мурғоб калонтарин неругоҳи офтобӣ ба истифода дода шуд
Бадахшон мизбони Форуми байналмилалии «Помир-инвест -2025» мегардад
Тавсеаи ҳамкории энергетикии Тоҷикистон ва Чин баррасӣ шуд
«Chengdu Airlines» парвозҳои мусофирбарии мустақимро дар самти Қошғар-Хуҷанд-Қошғар амалӣ менамояд
Дар Италия 44-умин Конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид оғоз гардид
Гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ дар мақомоти давлатӣ чӣ аҳамият дорад?