«ЧУ САБРУ ТАҲАММУЛ ШАВАД ЁРИ КАС…». Имрӯз — Рӯзи байналмилалии таҳаммулпазирӣ

Ноябрь 16, 2019 13:08

ДУШАНБЕ, 16.11.2019. /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз – 16 ноябр барҳақ Рӯзи Пешвои муаззами миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст ва барои мардуми Тоҷикистон рӯзи таърихӣ ва тақдирсоз маҳсуб меёбад. Зеро имрӯз Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун ниҳоди роҳбарии сиёсӣ, таҷлил мегардад.  Дар ин рӯз 27 сол муқаддам иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии мамлакат дар шаҳри Хуҷанд ба кори худ шуруъ карда буд, ки дар он Эмомалӣ Раҳмон зери мавҷи кафкӯбии бардавоми вакилон ва тамоми мардуми Тоҷикистон Сарвари давлат интихоб гардиданд. Пас аз ду сол Эмолӣ Раҳмон дар интихоботи умумихалқӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда, маҳз дар ҳамин рӯзи соли 1994 савганд ёд намуданд. Соли 2016 аввалин бор 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда шуд. Як сол пеш,  16 ноябри соли 2018   дар натиҷаи заҳмату талошҳои беназири Ҷаноби Олӣ агрегати аввалини НБО-и «Роғун» ба кор даромад. Ва ниҳоят, имрӯз  Рӯзи байналмилалии таҳаммулгароӣ аст.  Ин сифатест, ки Сарвари давлати мо аз нахустин рӯзи ба сари қудрат омаданашон ҳамеша,аз минбарҳои гуногуни олам ва ҷаҳон,  зимни ҳар як суханронӣ ва  мулоқоташон, дар асарҳои навиштаашон ба ин ё он васила  тарлқин намудаанд.

Шарҳи ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол НАСРУЛЛО ба ҳамин мавзуъ бахшида шудааст.

Имрӯз вазъи ноором ва муташанниҷи сиёсии дунё, ҳаводиси хатарангези солҳои охир дар ҷаҳон, ҳузури экстремизм ва терроризми байналмиллалӣ далелҳои зиёдеро ба мо пешкаш кардаанд, то бубинем, ки таҳаммулнопазирӣ, кинаву адоват ва худхоҳиву бесабриву бесариҳои  ҷаҳони имрӯза чӣ мусибату фоҷиаҳои мудҳишеро бар  сари инсоният овараанд.

Дар чунин вазъияти хатарзои байналмиллалӣ танҳо сиёсати таҳаммулгароёнаи кишварҳо, иродаи некманишона, сулҷӯёнаву хайрхоҳонае, ки раҳнамои ақли солим аст, метавонад инсониятро аз таҳдиди хатару фоҷиаҳои ҷаҳонӣ наҷот бидиҳад. Мояи хушбахтӣ ва сарбаландии мо, тоҷикон аст, ки Ҳукумати Тоҷикистони азиз ва Пешвои ватандӯсти миллатамон  яке аз пешгомони сиёсати таҳаммулгароӣ буда,  хираду фазилати халқи некманиш ва андарзу ҳикматҳои бузургонамон моро дар ин ҷода ҳамеша раҳнамоӣ мекунанд.

Ин дар ҳолест, ки имрӯз Рӯзи байналмилалии таҳаммулпазирӣ буда, он ҳар сол 16 ноябр  таҷлил мегардад. Ин сана  тибқи «Эъломияи асосҳои таҳаммулгароӣ» аз ҷониби ЮНЕСКО бо тантана  қабул гардида, соли 1995 дар 28-умин Конфронси генералии  ЮНЕСКО ба тасвиб расидааст.

Дар зери мафҳуми таҳаммулпазирӣ “эҳтиром, қабул ва дарки дурусти фарҳангҳои ғанӣ ва рангоранги  дунёи мо, қолабҳои худбаёнкунӣ ва роҳҳои ифодаи фардияти инсонӣ” фаҳмида мешавад.  Эъломия   ҳамчунин “эътироф кардан ва эҳтиром гузоштан   ба гуногунии табиати инсонҳо, тафриқаи симоҳои зоҳирӣ, мавқеъ, нутқ, рафтор ва арзишҳо; маҳфуз доштани ҳуқуқи зиндагӣ ва фардияти онҳоро” эълом доштааст.

Дар Декларатсия ҳамчунин масъалаи таҳдид ба инсоният, ки ба  таҳаммулнопазирӣ мебарад, таҳти назар буда, роҳҳо ва барномаҳои мубориза бо он  пешниҳод гардидаанд.

Соли 1977 Ассамблеяи Генералии СММ ба кишварҳои аъзои СММ пешниҳод кард, ки Рӯзи байналмиллалии таҳаммулпазириро таҷлил намоянд. Ассамблеяи Генералӣ дар ин  пешниҳод такя ба қарори худ оид ба гузаронидани Соли СММ   бахшида ба таҳаммулгароӣ мекунад, ки дар он қарор шудааст: асосҳои таҳаммулгароӣ бояд бароӣ пешгирии  ҷангҳо ба кор бурда шаванд.

Дар паёми бахшида ба таҳаммулгароии худ соли 2005 Котиби генералии СММ зикр кардааст, ки мубориза муқобили таҳаммулнопазирӣ дар шароити  афзоиши аҳолӣ ва зиёдшавии муҳоҷират дар тамоми дунё, болоравии сатҳи экстремизм яке аз самтҳои  асосии фаъолияти СММ мебошад. Чунон ки дар паём гуфта шудааст, таҳаммулгароӣ чунин маъно дорад, ки мо бояд маълумоти бештаре аз ҳамдигар дошта бошем, беҳтарин суннатҳои анъанавию ақоиди ҳамдигарро биомӯзем. Бояд эҳтиром ба фардияти якдигар, ки мустақилият ва сифатҳои хосаи мо, мансубияти динию фарҳангии моро муайян мекунанд, бигузорем. Бояд  эҳтиром ба шахсияте дошта бошем, ки бидуни бадбинии хусусиятҳои хоси дигарон ба онҳо  баҳогузорӣ кунад.

Дар Декларатсия доир ба таҳаммулпазирӣ гуфта шудааст, ки ҳамаи одамон, агарчи  табиатан гуногунанд, дар эътибор ва ҳуқуқҳояшон баробаранд. Дар асоси ин ҳуҷҷат таҳаммулпазирӣ маънои эҳтиром ва арҷ гузоштан ба худ ва дигаронро дорад. Дар сатҳи давлатӣ таҳаммулпазирӣ иҷро ва риояи адолати қонун, тартибот ва қонунҳои судиву маъмуриро талаб дорад. Таҳаммулпазирӣ ҳамчунин талаб дорад, ки ба ҳар одам имконият барои инкишофи тараққиёти иҷтимоию иқтисодӣ, бидунӣ ягон маҳдудкунӣ дода шавад.

Яке аз воситаҳои муассири пешгирии роҳи нотаҳаммулпазирӣ ё бесабрӣ мувофиқи  ин Декларатсия, тарбиятест, ки бо омӯзиши одамон барои дарки ҳуқуқу озодиашон  бо ҳадафи амалӣ кардани ин ҳуқуқҳо ва ҳимояи ҳуқуқҳои дигарон роҳандозӣ мешавад.

СММ мӯътақиди қавӣ гардонидани таҳаммулпазирӣ  аз роҳи амиқ рафтан дар ҳамдигарфаҳмӣ байни халқҳо ва фарҳангҳост. Ин зарурат  аз  асоси  Ойинномаи СММ ва  Декларатсияи умумии ҳуқуқи инсон бармеояд.  Он беш аз ҳарвақта имрӯзист, зеро дар замони кунунии ривоҷи зӯроварию экстремизм, афзоиши зиддиятҳо, ки яке аз хусусиятҳои фарқкунандааш бепарвоӣ ва бетафриқагии комил ба ҳаёти инсон аст, амалӣ мешавад.

Солҳои охир хурӯҷи  тунду тези  ҳолатҳои таҳаммулнопазирӣ, экстремизм ва зӯроварӣ дар саросари дунё мушоҳида мешавад. Ин ҳолати хатарангез бештар аз тамоюли болоравандаи тафриқаҳо аз назари хусусӣ ғизо мегирад, на аз нуқтаи назарҳову андешаҳо.

Дар натиҷа  одамони алоҳида ва  ҷомеаҳо танҳо ба хотири этникӣ, динӣ, миллӣ ва ё зуҳуроти дигарашон мавриди  зӯроварӣ ва муносибати бераҳмона қарор мегиранд. Чунин  таҳдидҳо хоҳ геносид (қатли ом ба баҳонаҳои нажодӣ, миллӣ ва динӣ) ва хоҳ таҳқирҳои  ҳамарӯза ба хотири гуногунандешӣ бошанд, бояд эҳсоси изтироб ва хатарангези ҳар як инсонро бедор намоянд.

Ҳар нафари мо бояд бикӯшад, ки принсипҳо, яъне асос ва шартҳои тоқатнокӣ, плюрализм, эҳтироми тарафайн ва ҳамзистии осоиштаро дастгирӣ намояд. Мо бояд ҳамеша  барои аз байн бурдани  андешаҳои қолабӣ  ва таассурои фиребин омода бошем  ва ба ҳимояи қурбониҳои ҳуқуқмаҳдудкунанда бархезем.

Ба муносибати соли таҳаммулпазирӣ эълон шудани соли 1995 аз ҷониби СММ ва ба шарафи 125-солагии зодрӯзи Мхатма Гандӣ аз ҷониби  ЮНЕСКО Ҷоизаи ба номи Маданжит Сингх (рассом, нависанда ва дипломати ҳинд) барои тақдир кардани таҳаммулпазирӣ ва ба муқобили зӯроварӣ таъсис дода шуд. Он барои фаъолияти илмӣ, адабӣ, фарҳангӣ ва ё  соҳаҳои дигаре, ки барои фароҳам овардани ҳавои  таҳаммулпазирӣ ва муқобили зӯроварӣ саҳм мегузоранд, дода мешавад. Ҷоиза дар ду сол як маротиба дар Рӯзи байналмиллалии таҳаммулпазирӣ тақдим гардида,  ба ташкилотҳо, созмонҳо ва шахсони алоҳидае, ки саҳми боризи худро дар ҳаракати таҳаммулпазирӣ ба муқобили зӯроварӣ мегузоранд, супорида мешавад.

Дар фарҳангу илму адаб ва маънавиёти гузаштагони пуршараф ва  миллати куҳанбунёду  фарҳангсолори мо мавзӯи таҳаммулпазирӣ таҳқиқу инъикоси дурахшони худро дошта, яке аз мавзӯъҳои асосии таълиму тарбияти инсонӣ ба ҳисоб мерафт. Анқариб дар ҳама асарҳои дидактикӣ ва тарбиявии бузургони гузаштаи мо мавзӯъи таҳаммулпазирӣ, ки ҳамрадифи сабру сукун, тоқат ва оромӣ, шикебоӣ, бурдборӣ, пурбардошт будан ва ғайраҳост, тавсиф ва тавсия шудааст. Аз ҷумла, дар рисолаи “Ахлоқи мӯҳсинӣ” –и Ҳусайн Воизи Кошифӣ омадааст:

“Сабр (яъне таҳаммулпазирӣ) сифати бағоят мақбул аст. Таърифи сабр ҳамин аст, ки он дар ахбор омадааст:

Чу сабру таҳаммул шавад ёри кас,

Ба некӣ муяссар шавад кори кас.

Ҳар ки дар тирборони ҳаводис сипари сабр дар сар кашад, зудтар хаданги умедаш ба ҳадафи мурод бирасад. Зеро ки сабр мифтоҳи (кушоиш)  кор аст ва дари хонаи роҳаш ҷуз бад-ин калид накушоянд”.

Ҳамин таълимоти гузаштагон аст, ки ҳам дар гузашта ва ҳам имрӯз мардуми тоҷик бо  сабру тоқат ва таҳаммулпазирии худ ном баровардаанд. Далелҳои инро аз таърих зиёд метавон овард. Ин аст, ки дар сиёсати хайрхоҳонаву сулҳдӯстонаи имрӯзи Ҳукумати Тоҷикистон ва Пешвои миллатамон низ ин сифати ҷавонмардии миллати моро метавон бармало мушоҳида кард. Ба ин шарофат имрӯз Тоҷикистони азизи мо бо сиёсати дарҳои кушод ва дунявӣ будани худ соҳиби иззату обрӯ буда, мавқеи сазовор дар арсаи умумиҷаҳонӣ дорад.

Танҳо чанд намунае аз осори арзишманди андарзии бузургони гузаштаи мо, ки ҳар яке як ҷаҳон маънӣ дошта, метавонад беҳтарин раҳнамо дар ҷодаҳои таҳаммулгароӣ бошад, барои дарки ин ҳақиқат кофист:

Сабр кун, эй дил, ки он бедоди ҳиҷрон бигзарад,

Роҳати тан чунки бигзашт, офати ҷон бигзарад.

 Анварӣ

Шикеб оварад бандҳоро калид,

Шикебандаро кас пушаймон надид.

 Низомӣ

 Ба васли суҳбати Юсуф, азизи ман, маштоб,

 Ҷамоли ёр наёбӣ, магар ба  сабри ҷамил.

Камоли Хуҷандӣ

Саодат бо шикебоӣ бувад ёр,

Зи бесабрӣ ба расвоӣ кашад кор.

Ҳилолӣ

       Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон,
ходими адабии АМИТ «Ховар»

Ноябрь 16, 2019 13:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми ташкилоти кор бо ҷавонони аъзои ИДМ дар шаҳри Тошканд иштирок намуданд
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон бо ташкилоти байналмилалии соҳавӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Имрӯз дар Душанбе бо иштироки меҳмонон аз Узбекистон Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» ҷамъбаст гардид
Ҳайати намояндагӣ-занони роҳбари воҳидҳои сохтории Ҷумҳурии Узбекистон ба Тоҷикистон омад
МАРОТИБАИ АВВАЛ. Табибони тоҷик усули нави ҷарроҳӣ дар самти табобати сурхрӯда ва меъдаро амалӣ намуданд
Дар Тоҷикистон бар асари боронҳои сел талафоти ҷонӣ ва харобиҳо сабт нашудаанд
Дар шаҳри Кӯлоб омодагии мудофиаи ҳудудӣ ва захираҳои сафарбарӣ мавриди омӯзиш ва санҷиш қарор гирифт
ҲАҶ ФАРЗ АСТ Ё ХУДНАМОЙИИ ҲОҶИЁН? Агар зоирон нисфи хароҷоти исрофкоронаашонро барои бунёди пул, ҳаммом, кандани ҷӯй сарф менамуданд, аҷру савоби бештар мегирифтанд
Дар шаҳри Хуҷанд клиникаи муосири оилавии муосири 1+1 ифтитоҳ гардид
«ВАССОФИ ВАТАН». Фестивал-озмуни тарғибгари дастовардҳои миллӣ оғоз гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Андешаҳо оид ба моҳияти фалсафии он
Дар Тоҷикистон соҳаи аритмиология рушд меёбад