Гарегини-II сафари ҳайати парлумонии Тоҷикистонро ба Арманистон таҳкимбахши муносибатҳои дӯстона номид
ДУШАНБЕ, 05.11.2019/АМИТ «Ховар»/. Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Арманистон бо Патриархи олӣ ва роҳбари олии рӯҳониёни арманҳои дунё Гарегини-II мулоқот намуд.
«Таърих ҳамкории фарҳангиву иқтисодии Тоҷикистону Арманистонро хуб арзёбӣ менамояд. Санъат, адабиёт ва фарҳанги халқҳои мо минбаъд аз нуқтаи назари ин анъанаҳои пуршарафи таърихӣ рушд ёфтаанд»,-гуфт Шукурҷон Зуҳуров.
Раиси Маҷлиси намояндагон зикр кард, ки қадами муҳим дар роҳи рушд ва муколамаи тамаддунҳо- ин ҷустуҷӯи нуқтаҳои оғози манфиатҳои муштарак ва арзишҳои умумии фарҳанг ва мазҳаб мебошад.
Патриархи олӣ ва роҳбари олии рӯҳониёни арманҳои дунё Гарегини-II сафари ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Арманистон ва натиҷаҳои онро ҳамчун идомаи самти таҳким бахшидани муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Арманистон арзёбӣ намуд.
Патриархи олӣ ва роҳбари олии рӯҳониёни арманҳои дунё Гарегини-II иброз намуд, ки имрӯз дар Ҷумҳурии Арманистон намояндагони дину мазҳабҳо дар доираи қонунҳои амалкунанда озодона фаъолият намуда, баҳри таҳкиму якпорчагии Арманистон заминаи комил бунёд мекунанд.








Дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Фаронса дар самти таҳкими нақши занон дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ баррасӣ шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон бо Президенти Сенати иёлоти Ютаи Амрико вохӯрӣ намуд
Вакилони Маҷлиси намояндагон якчанд созишномаро ба тасвиб расониданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон дар масъалаи идоракунии интернет, рақамикунонӣ ва технологияҳои муосири инноватсионӣ вохӯрӣ доир гардид
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон бо ҳайати сенаторони Гурӯҳи дӯстии Сенати Фаронса «Фаронса — Осиёи Марказӣ» вохӯрӣ намуд
Доир ба рафти иҷрои «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» муҳокимаи парлумонӣ баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон бо Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории парлумонии Олмон—Осиёи Марказӣ мулоқот баргузор шуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи маҷозии Муколамаи занон – роҳбарони Осиёи Марказӣ доир шуд






