Истеҳсол ва фурӯши армуғонҳои сайёҳӣ барои гардишгарон дар конфронси минтақавӣ дар Истаравшан баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 22.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳӣ дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшани вилояти Суғд бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҷиҳати татбиқи самараноки «Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020» дар мавзӯи «Сайёҳӣ ва ҳунармандӣ: истеҳсол ва фурӯши армуғонҳои сайёҳӣ барои сайёҳони дохилию хориҷӣ» Конфронси минтақавӣ баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар доданд.
Дар ҳамоиш роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳӣ, вилоят ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан, масъулини сохторҳои марбут ба соҳаи сайёҳӣ, соҳибкорони маҳаллӣ, намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ, осоишгоҳҳо, ҳунармандон ва шахсони фаъоли ҷомеа ширкат доштанд.
Тазаккур дода шуд, ки мақсад аз рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон- ин ташкил намудани саноати сайёҳии фоидаовар тавассути даромади маблағҳои иловагӣ ба буҷети давлатӣ ва ташкили ҷойҳои кории иловагӣ дар соҳаҳои иқтисодии ба туризм марбут мебошад.
Ҳукумати ҷумҳурӣ таҳти сарварии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тамоми мушкилоти иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии мамлакат нигоҳ накарда, аз рўзҳои нахустини Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ бо мақсади тақвияти ин соҳа даст ба иқдомҳое зад, ки барои рушди ин паҳлўи хоҷагии халқи ҷумҳурӣ комёбиҳои нав ба бор овард.
Дар ин замина, сиёсати дарҳои кушод ва ба макони баргузории чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ қарор додани мамлакат ба муаррифии иқтидори сайёҳии Тоҷикистони муосир ба ҷомеаи ҷаҳонӣ мусоидати ҳамаҷониба намуд.
Вобаста ба мавзӯи кори конфронс зикр шуд, ки Кумитаи рушди сайёҳӣ ҳамасола дар заминаи татбиқи Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявиро дар байни ҳунармандони мамлакат оид ба истеҳсоли маҳсулоти сайёҳӣ ва савғотии беҳтарин ба сайёҳон бо мақсади эҳёи ҳунарҳои мардумӣ доир менамояд.
Ҳамчунин ҳамасола бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳӣ намоишгоҳҳои калони ҳунармандӣ- фестивали “Ҷилваи чакан”, намоишгоҳҳои “Рӯзи заргарон”, “Рӯзи оҳангарӣ ва мисгарӣ”, “Рӯзи кулолгарон”, “Рӯзи атласбофон”, фестивал ва намоишгоҳи “Чакан”, фестивали байналмилалии “Рангоранг” ва “Пур Нур”, намоишгоҳҳои баҳорӣ ва тирамоҳии маҳсулоти ҳунармандон, форум ва намоишгоҳҳои байналмилалии сайёҳиву ҳунармандӣ ва дигар чорабиниҳо гузаронида мешаванд.
Баргузории намоишгоҳҳои мазкур имконият медиҳад, ки талаботи харидорон, аз ҷумла сайёҳон ба маҳсулоти ҳунармандӣ ва армуғонҳо муайян карда шуда, бозори фурӯши он васеъ карда шавад.
Имрӯзҳо бо мақсади пайдо намудани бозорҳои нави маҳсулоти ҳунармандӣ, дастранҷи истеҳсолнамудаи ҳунармандони ҷумҳурӣ дар як қатор намоишгоҳҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дар Британияи Кабир, Малайзия, Амрико, Франсия, Кореяи Ҷанубӣ, Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳидаи Араб, Қатар, Юнон, Германия, Испания, Белгия, Туркия, Федератсияи Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва дигар давлатҳои хориҷи дуру наздик ба намоиш гузошта шуда, харидор пайдо намудаанд.
Айни замон дар шаҳри Истаравшан зиёда аз 150 ёдгории таърихию меъморӣ вуҷуд доранд, ки ҳар яки он таърихи аз 300 то 1500-сола дорад. Шаш дарахти бузург, ки дар ҷойгоҳи бо ном Сарвистони деҳоти Ругунд ҷойгиранд, таърихи 1400-сола доранд. Мақбараҳои Абубакри Шиблӣ (асри VIII), Ҳоҷа Абдураҳмони Авф (асри VIII), Ҳазрати Шоҳ (асри XVII-ХIХ), Сари Мазор (асри XVI) ва дигарҳо мебошанд ва ин танҳо як рӯйхати хурди офаридаҳои нодири беназири меъморӣ аст, ки ҳунармандон, кандакорон ва дигар устоҳои ҳунарпешаи шаҳри Истаравшан дар гузашта сохтаанд. Дар шаҳри Истаравшани бостонӣ теппаҳои хурду калон хеле бисёранд. Аммо ду теппаи бузург- Муғу Талтеппа, ки дар масофаи 300-400 метр дурӣ аз ҳам воқеъ гардидаанд, барҳақ бо бузургии худ мӯъҷизаи таърихианд.
Дар шаҳр 2 адад ширкати сайёҳӣ, осоишгоҳҳои “Хавотаг”, “Авис Сити”, “Ӯротеппа”, “Истаравшан”, “Истироҳат”, меҳмонхонаҳои “Муҳаббат”, “Садбарги Истаравшан”, “Киропол” 1 тарабхона ва 1 осорхона ба меҳмонони дохилию хориҷӣ хизмат мерасонанд.
Истаравшан бо доштани чашмаҳои ҳаётбахши худ ва гиёҳҳои шифобахши кӯҳҳояш аз замонҳои қадим ҳамчун табобатгоҳи табиӣ дар Осиёи Миёна шинохта шудааст. Пештар Истаравшан аз 578 кӯча иборат буд, ки ба ҳар гуна ҳунарҳои мардумӣ вобаста буданд ва ин ҷо 642-то мағозаи ҳунарҳои мардумӣ мавҷуд будаанд. То кунун кӯчаҳои мисгарон, оҳангарон, кордсозон, кулолгарон ва шонатарошон арзи вуҷуд доранд. Дуредгарон ва сангтарошон, мӯзадӯзон, қолиндӯзон, оҳангарон, танӯрсозону кордсозон- ин ҳунарҳое мебошанд, ки аз қадимулайём бо он аҳолии Истаравшан шуҳрат ёфтаанд.
Дар хотима иштирокчиён вобаста ба мавзӯъҳои матраҳгаштаи кори конфронс табодули андеша намуданд.











Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон ба шарикони рушд муаррифӣ карда шуд
Тоҷикистон бо Швейтсария ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳад
Фурӯши ғайриқонунии гиёҳҳои шифобахш пешгирӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Спитамен кишти зироат идома дорад
Дар бозори марказии Пенза барои фурӯши хушкмеваҳои Тоҷикистон гӯшаҳои махсус ҷудо карда шуданд
Дар Душанбе Фестивали «Саводнокии молиявӣ» баргузор гардид
Вазъи феълӣ ва дурнамои иқтисодиёти Тоҷикистон дар мулоқот бо ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
«Саноатсодиротбонк» барои хизматрасонӣ ба занони соҳибкор сазовори ҷойи сеюм шуд
Сарбанди Деҳқонобод дар обёрии беш аз 40 ҳазор гектар заминҳои кишоварзии Ҳамадонӣ, Фархор ва Восеъ нақши муҳим дорад
Намояндаи SECO нишондиҳандаҳои мусбати бахши бонкии Тоҷикистонро баланд арзёбӣ намуд
Сарвазири Тоҷикистон бо фаъолияти ҶДММ «Парки нассоҷии шаҳри Кӯлоб» шинос гардид
Дар мулоқоти муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон бо ҳайати ХБА масоили динамикаи нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ баррасӣ шуд






