Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Вохӯрии дуюми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуданд

Ноябрь 29, 2019 15:08

ДУШАНБЕ, 29.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. 29 ноябр дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ —  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Вохӯрии дуюми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар вохӯрӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нахустин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Туркманистон Гурбангули Бердимуҳаммедов ширкат варзиданд.

Сарони давлатҳо аҳамияти Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказиро таъкид карда, маҷмуи васеи масоили мубрами ҳамкории минтақавӣ, аз ҷумла, дурнамои ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва сармоягузории кишварҳои минтақа, рушди инфрасохтори нақлиётӣ, ҳамгироӣ дар бахши илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ-гуманитарӣ ва масъалаҳои амнияти минтақавиро баррасӣ карданд.

Зимни суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои пазироии самимӣ ва ташкили сатҳи баландӣ вохӯрӣ изҳори сипос намуданд.

«Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҷонибдори таҳким ва рушди муносибатҳои ҳамаҷонибаи шарикии байни давлатҳо мебошад» — изҳор доштанд Сарвари давлат.

Таъкид гардид, ки натиҷаи машварати созанда бори дигар мавқеи наздики давлатҳоро оид ба таъмиқи ҳамгироии минтақавӣ ва беҳсозии вазъи зиндагии мардумони кишварҳо муайян менамояд.

Президенти мамлакат соҳаҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, бахшҳои гуногуни саноат, рушди инфрасохтори нақлиётию коммуникатсионӣ, истифодаи оқилонаву самараноки захираҳои обии минтақаро аз самтҳои муҳими ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ арзёбӣ карданд.

Зимни суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи сарони давлатҳои Осиёи Марказиро ба ҳалли масъалаҳои глобалии тағйирёбии иқлим ва коҳиш додани хатарҳои офатҳои табиӣ ҷалб карданд.

Дар Вохӯрии дуюми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ҳамчунин масъалаҳои таъмини амнияти минтақавӣ ва муборизаи муштарак бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Аз рӯи натиҷаи Вохӯрии дуюми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ Изҳороти муштараки сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Дастури корӣ оид ба ташкили Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ қабул гардид.

Дар охири вохӯрӣ ҳамчунин раисӣ дар Хазинаи Байналмилалии наҷоти Арал ба таври гузариш ба муҳлати се сол, шурӯъ аз соли 2020 ба Тоҷикистон гузашт.

Дар ин зимн сарони давлатҳо номзадии Тоҷикистонро ҷонибдорӣ карда, қарори Хазинаи Байналмилалии наҷоти Аралро ба имзо расониданд.

Бо ин қарор Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – Раиси Хазинаи Байналмилалии наҷоти Арал интихоб гардид.

Иштирок дар Вохӯрии дуюми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ 29.11.2019

Ноябрь 29, 2019 15:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон тарабхонаи “Кайҳон”-ро  ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон меҳмонхонаи панҷошёнаи “Кайҳон”-и ҶСК  “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд”-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли газаблоки “Хишти муосири аълосифат”-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Мактаби санъати шаҳри Бӯстонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд якчанд корхонаю коргоҳҳои ҶДММ Сирдарёро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои Факултети №4-и Академияи Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи коркарди меваю сабзавоти ҶДММ «ДороАртФуд»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Басманда хатти оби полезиро ифтитоҳ намуданд ва бо лоиҳаи заминҳои кишти картошкаи ноҳияҳои Деваштич, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Шаҳристон шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти томактабии №6-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич 5 кӯдакистон, муассисаи таълимӣ, толори варзишӣ ва бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ-ро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич Коргоҳи дӯзандагӣ ва қолинбофии “Ёсуман”-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич Коргоҳи пойафзол ва маводи шустушӯии «Раҳматулло»-ро ифтитоҳ намуданд