Вазорати мудофиа: маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ 90% иҷро гардид
ДУШАНБЕ, 14.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ 90% иҷро гардид.
Комиссариати ҳарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ҳама пешсаф буда, нақшаи даъватро 110% ва пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе низ 110% иҷро намуданд. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Нозимиён иттилоъ дод, дар вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ 90% иҷро шуд. Ин нишондиҳанда дар вилояти Хатлон 89%-ро ташкил медиҳад.
Сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуд, ки даъватшавандагон пас аз 2 моҳ савганди ҳарбӣ ёд мекунанд ва ҳоло онҳо аз курсҳои махсус гузашта истодаанд.
Ёдовар мешавем, ки даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ дар Тоҷикистон 1 октябр оғоз гардида, 30 ноябр ба анҷом мерасад.








Дар деҳаҳои Дарғ ва Каздони ноҳияи Айнӣ бар асари омадани сел хисороти зиёд ба қайд гирифта шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2026 шаш санади меъёрии ҳуқуқӣ мавриди омӯзишу таҳлил қарор гирифт
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳолати риоя накардани талаботи қонуни танзими ҷашну маросим 74 адад зиёд шудааст
Бо ташаббуси ҲХДТ беш аз сад нафар кӯдак ба лагерҳои истироҳатию фароғатӣ сафарбар шуданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ низоми нави андозбандии электронӣ баррасӣ шуд
Имсол теъдоди муассисаҳои фарматсевтӣ ва дорухонаҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 61 адад зиёд гардидааст
Дар ноҳияи Фирдавсӣ 3244 нафар ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қабул гардиданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар соҳаи тандурустӣ навовариҳо амалӣ гардиданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаш моҳи соли равон шумораи хизматчиёни давлатӣ аз ҳисоби занон афзоиш ёфтааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ беш аз 31 ҳазор иншоот ба истифода дода шуд
Беш аз 2970 нафар дар асоси иҷрои Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи авф» ба озодӣ баромаданд






