«ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН МОЯИ ИФТИХОРИ ТОҶИКОНИ ТАМОМИ ДУНЁ МЕБОШАНД». Чунин иброз дошт муҷассамасози тоҷики муқими Франсия Амрӣ Аминов дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар»

Декабрь 11, 2019 15:24

ДУШАНБЕ, 11.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. «Ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастовардҳои назаррас дар тамоми соҳаҳо ва нуфузи рӯзафзуни Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мояи ифтихори тамоми тоҷикони дунё мебошанд», — иброз дошт муҷассамасози маъруфи тоҷик, ҳунарманди сулҳи ЮНЕСКО, шаҳрванди Франсия Амрӣ АМИНОВ дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» Бекназари АБӮБАКР.

АМИТ «Ховар»: Тавре мо медонем, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмии худ ба Франсия 7 ноябр дар Париж бо намояндагони илму фарҳанг ва ҳунари тоҷик мулоқот намуданд. Дар ин мулоқот Шумо низ ширкат доштед…

Амрӣ Аминов: Бале, Сарвари давлат бо мо, намояндагони илму фарҳанг — тоҷикони муқими Франсия мулоқот намуданд ва моро сарфароз гардониданд. Он рӯз Пешвои миллат қариб бо ҳар кадоми мо аз наздик ва хеле бо муҳаббату самимият суҳбат намуданд, ҳамроҳамон акс гирифтанд…

АМИТ «Ховар»:  Бо Шумо низ?

Амрӣ Аминов: Бале, албатта.

АМИТ «Ховар»:  Мо аз аксҳо ва наворҳои видеоии ин мулоқот дидем, ки Пешвои миллат назди муҷассамаҳое ҳамроҳатон суҳбат мекунанд…

Амрӣ Аминов: Он муҷассамаҳо маҳсули дастони мананд. Дар доираи мулоқот дар даромадгоҳи ҳамон толор намоиши муҷассамаҳои офаридаи  банда сурат гирифт, ки аз дидани он  Пешвои миллат хеле хушҳол шуданд. Ба он кас  билхоса муҷассамаҳои бузургони фарҳанги мо – Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҳофиз, Саноӣ, Ҷомӣ, Румӣ ва дигарон писанд омаданд. Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки ҳарчи зудтар ба Тоҷикистон биёям ва як чунин намоиш доир кунем. Он кас ба масъулини марбута дастур доданд, ки намоиши муҷассамаҳои ман дар арафаи ҷашни Наврӯз дар шаҳри Душанбе барпо карда шавад.

ДАР АКС: Амрӣ Аминов ҳангоми мулоқот бо Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Париж. Соли 2019

Сарвари давлат ҳамчунин  изҳор намуданд, ки  асарҳое, ки дар арсаи  ҷаҳонӣ ба намоиш гузошта мешаванд, албатта, ифтихори мо ва ҳамаи мардуми тоҷиканд. Пешниҳоди хубе карданд ва гуфтанд, ки метавонӣ дар Осорхонаи миллӣ, Китобхонаи миллӣ ва «Кохи Наврӯз»   корҳои иҷрокардаатро ба намоиши доимӣ гузорӣ, зеро ҳамарӯза садҳо меҳмонону сайёҳон аз онҳо дидан мекунанд ва офаридаҳоят метавонанд дар муаррифии бештари бузургони адабиёти тоҷик саҳм гузоранд.

Ман мехоҳам бигӯям, ки  имрӯз бо талошҳои пайвастаи  Пешвои миллат  тамоми соҳаҳои Тоҷикистон, бахусус фарҳанг ва ҳунар ба таври назаррас рушд карда, нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ торафт  баланд мегардад.

АМИТ «Ховар»: Шумо ҳам ягон пешниҳод кардед?

Амрӣ Аминов: Ман пешниҳод намудам, ки хуб мешуд агар Ҷумҳурии Тоҷикистон лоҷувард ва лаъли Бадахшонро барои шомил намудан ба Рӯйхати маънавии мероси миллии ЮНЕСКО расман пешниҳод намояд. Зеро лоҷувард ва лаъли Бадахшон аз замони Ҳахоманишинҳо  инҷониб дар саросари дунё   истифода мешаванд. Аз замонҳои қадим аз ин сангҳо муҷассамаҳо ва ҳар гуна ёдгориҳо меофариданд, ки имрӯз ҳам дар осорхонаҳои маъруфи дунё, аз ҷумла Амрико, Аврупо, Россия ва ғайраҳо нигоҳ дошта мешаванд. Дар адабиёти мо, сар карда аз Рӯдакӣ, Ҳофиз, Саъдӣ, Румӣ ва то имрӯз ин сангҳо чун арзиши гаронбаҳо  ситоиш шудаанд.  Аз ин рӯ, ворид намудани ин сангҳои қимматбаҳо ба Рӯйхати маънавии мероси миллии ЮНЕСКО дастоварди бузурги миллати тоҷик хоҳад буд. Зеро то ҳол дар дунё касе ин корро накардааст, яъне санги қимматбаҳоеро ба Рӯйхати маънавии мероси миллӣ пешниҳод нанамудааст. Ин  фикри  банда  ба Президенти мамлакат хеле писанд омад.

Ҳамчунин ба Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намудам, ки дар боғи назди бинои ЮНЕСКО дар Париж муҷассамаи Ҷалолиддини Балхиро гузорем.

Такрор ҳам бошад, бояд тазаккур дод, ки Тоҷикистон имрӯз ба таври назаррас дар ҳамаи  самтҳо, бахусус дар соҳаи фарҳанг ба пешравиҳои назаррас  ноил гардидааст. Аз ҷумла, мо тавонистем Осорхонаи миллӣ ва Китобхонаи миллии боҳашамат ва муосир  бунёд намоем. Ва, албатта, дар ин замина, фикр мекунам,  корҳои бузурги дигарро низ  бояд анҷом диҳем ва аз бузургони хеш қадрдонӣ намоем. Чунки ҳар як асар, ҳатто ҳар як мисраъ ва андарзи бузургон худ муҷассамаи сабақу ибрат аст, ки бояд ба наслҳои оянда  таҳвил бидиҳем.

АМИТ «Ховар»: Шумо имрӯз дар чандин давлатҳо ҳамчун муҷассамасози маъруф шуҳрат ёфтаед, узви ифтихории Академияи рассомии Россия ҳастед. Чӣ гуна қадамҳои нахустини хешро дар пайроҳаи санъати нозуки муҷассамасозӣ гузоштед?

Амрӣ Аминов: Медонед, модари ман бисёр китоб мехонданд, аз авлоди одамони обрӯманди водиамон буданд ва мо, ҳафт нафар фарзандони худро ҳамеша талқин мекарданд, ки хонда босавод ва ҳунарманд шавем. Падарам бошанд, иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳон буданд, дар Фронти дуюми Украина ҷангидаанд. Касби он кас оҳангарӣ буд, устохонае доштанд ва маро доимо ҳамроҳи худ ба он ҷо мебурданд. Яъне бо устогӣ, бо чӯбу оҳан ва садои  зарби путку чакуш аз хурдсолӣ ошноям. Деҳаи мо Ғӯсар, ки ман он ҷо таваллуд шуда, ба камол расидаам, дар яке мавзеъҳои зебои водии Зарафшон, дар шафати деҳаи машҳури Мазори Шариф, зодгоҳ устод Лоиқ Шералӣ, воқеъ гардидааст. Дар он ҷо яке аз  ёдгориҳои барҷастаи асрҳои XII – XIV —  мақбараи Хоҷамуҳаммади Башоро мавҷуд аст.  Хуллас, аз овони кӯдакӣ мақбараи ин одам, ки дар борааш калонсолон ривоятҳо мекарданд, диққати маро ба худ ҷалб намуда буд.  Маҳз дар пештоқи ҳамин мақбара ман бори нахуст унсурҳои саъати ҳайкалтароширо, аз қабили ҳаккокӣ ва  кулолгарӣ вохӯрда будам.  Ёдам ҳаст, боре расми ин мақбараро дар коғаз кашида, амсилаи онро сохтам. Ҳамин гуна, оҳиста-оҳиста ҳунари муҷассамасозӣ дар вуҷуди ман зуҳур кард ва аз солҳои 80-уми асри гузашта инҷониб муҷассамаҳои Рӯдакӣ, Саноӣ, Фирдавсӣ, Ҷомӣ, Румӣ, Аттор ва ғайраҳоро офаридам. То ҳол камбудиҳое, ки дар ин офаридаҳо мебинам, бо диди нав бартараф месозам ва мукаммал мегардонам.

Бо амри тақдир ман пас аз хатми Донишгоҳи рассомии Санкт-Петербург инак чаҳоряк аср мешавад, ки дар Франсия  ба сар мебарам, вале ҳеҷ гоҳ аз Ватан дур набудам ва ёди Ватан ҳамеша бо ман аст. Дар ҳар куҷое бошам, муҳаббат ба Ватан дорам, онро дар офаридаҳоям таҷассум мекунам. Зеро ҳамаи офаридаҳои бузурги ман решаҳо доранд – решаи аввал ин забони мо, дуюм меҳри ҷовидона ба Ватан ва дигар таъсири мутолиа ва омӯзиши пайвастаи асарҳо ва эҷодиёти бузургонамон, ки ба истеъдоди банда таъсири амиқ зам менамоянд.

АМИТ «Ховар»: Соли 2008 бо унвони «Ҳунарманди сулҳи ЮНЕСКО»  сарфароз гардидед, унвоне, ки, барои мисол, навозандаи забардасти Америка Маркус Миллер ё оҳангсоз ва дирижёри маҳури рус Владимир Спиваков ба гирифтани он мушарраф шудаанд.  Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж ин унвон ба шумо дар ҳузури роҳбари ҳамонвақтаи  ин созмони бонуфузи олам  Коитиро Матсуура эъто гардид.  Бигӯед, ки ба Шумо, чун ба нахустин намояндаи Осиёи Марказӣ, ин унвонро барои кадом дастовардҳоятон доданд?  

ДАР АКС: директори генералии ЮНЕСКО Коитиро Матсуура ба муҷассамасози тоҷик шаҳодатномаи унвони ифтихории «Ҳунарманди сулҳи ЮНЕСКО»-ро месупорад. Қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж, 17 сентябри соли 2008.

Амрӣ Аминов: Вақте ки ман  аввали солҳои 2000-ум рамзи шаҳри сулҳи ЮНЕСКО-ро офарида будам, ҳамон вақт  ба эҷодиёти банда дар Аврупо таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда буданд. Баъд аз сохтани муҷассамаи «Паёми сулҳ», ки дар майдони шаҳри Пуасии Франсия қомат афрохтааст, ба ман унвони «Ҳунарманди сулҳи ЮНЕСКО» (UNESCO Artist for Peace) дода шуд. Дар шаҳодатномаи ин унвон чунин навишта шудааст: «Барои тарғиби сулҳ ва ҳамзистии осоишта ба воситаи эҷодиёт»

Инчунин баъди сохтани муҷассамаи маликаи Шомбурсӣ унвони Шаҳрванди ифтихории Сен Жермен Онлеро ҳам гирифтам. Дар омади гап, беш аз 25 сол мешавад ман дар ҳамин шаҳр, ки дар 20-километрии Париж воқеъ аст, зиндагӣ мекунам.  Ин муҷассама   соли 2006 офарида шуда, аз ҷониби шаҳрдорӣ чун рамзи шаҳр эътироф гардидааст.

АМИТ «Ховар»: Бале, хабар дорем. Ва медонем, ки аз миёни ҳунармандони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба гирифтани ин унвон танҳо  Шумо ва ҳунарманди гурҷӣ, Раиси Академияи ҳунарҳои зебои Россия Зураб Серетели  ноил гардидаед…

Амрӣ Аминов:  Бале, ҳамин тавр.  Ва ман ин унвонро   дастоварди Тоҷикистон меҳисобам, зеро банда ба ҳайси намояндаи миллати тоҷик муаррифӣ мешавам. Ин имкон медиҳад, ки баҳри муаррифии фарҳанги миллати тоҷик бо истифода аз ин унвон корҳои бузургеро анҷом диҳем.

Тазаккур додан ба маврид аст, ки ҳоло барои гузоштани муҷассамаи Румӣ дар боғи саҳни ЮНЕСКО доштани ин унвон имкони хубе фароҳам меорад, чунки кишваре ё нафаре барои гузоштани муҷассамае дар боғи саҳни ЮНЕСКО пешниҳод кунанд, давраи тӯлониро фаро мегирад ва бисёр вақт иҷозат дода намешавад. Вақте Ҳунарманди сулҳи ЮНЕСКО ин пешниҳодро мекунад, албатта, бечуну чаро барои гузоштани муҷассама дар боғи назди ЮНЕСКО иҷозат мегирад. Аз ин рӯ, бояд аз ин имкон ба таври густурда истифода намуд.

Мехоҳам пайкараи 13 тан аз шоирону нависандагони машҳури классики тоҷик дар саҳни Донишгоҳи давлатии шаҳри Санкт-Пероербурги Россия, ки ман дар он таълим гирифтаам, гузошта шавад.

АМИТ «Ховар»: Дар бисёре аз офаридаҳои Шумо акси оҳангаре бо путку сандонаш ҳаккокӣ шудааст, ин чӣ маънӣ дорад?

Амрӣ Аминов: Ин як эҳдо ба падарам ва ба касби он кас мебошад. Тавре гуфтам, падарам оҳангар буданд ва ин касб чун рамзи хонаводагии мо эҳтиром мешавад. Вақте писарам Кова таваллуд шуда буд, ман як рамзе сохтам бо кӯдаки яксола дар даст путку сандон ва аз ин пас ин симоро дар муҷассамаҳоям мегузорам. Ин рамзро рамзи хонаводагӣ медонам, рамзи арҷгузорӣ ба падар ва ба касби эшон, зеро дар ҷодаи ҳунар ба ҳар сатҳе, ки  расидам, албатта, бо дуои неки падар, бо ризоят ва ҳидоятҳои падару модар расидаам.

МАЪЛУМОТИ АМИТ «Ховар»:

Амрӣ Аминов 22 октябри соли 1966 дар ноҳияи Панҷакент таваллуд шудааст. Аз соли 1995 инҷониб дар Франсия зиндагӣ ва фаъолият мекунад.

Аз соли 1985 иштирокчии намоишгоҳҳои умумиҷаҳонӣ ва байналмилалӣ буда, муҷассамаҳои ӯ дар бисёр осорхонаҳои дунё, аз ҷумла Академияи санъати Россия, Санкт-Петербург, Осорхонаи шаҳри Флорида, Осорхонаи давлатии санъати Панҷакент, Осорхонаи санъати тасвирии ба номи Беҳзод ва ғайраҳо ба маъраз гузошта шудаанд.

Узви Иттифоқи рассомони Россия (филиали Санкт-Петербург) ва Франсия мебошад.

Яке аз корҳои барҷастаи Амрӣ Аминов маҷмааи «Ҳёте ва бузургони форсу тоҷик» аст, ки онро худи ӯ илҳом аз «Девони Шарқу Ғарб»-и шоири немис Ҳёте медонад. Маҷмаа аз муҷассамаҳои адибони тоҷику форс Абулқосим Фирдавсӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ҳаким Саноӣ, Ҷалолиддини Румӣ, Саъдии Шерозӣ, Аттори Нишопурӣ, Анварӣ ва Ҳофизи Шерозӣ иборат аст.

Декабрь 11, 2019 15:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Ҷашни Наврӯз ва истиқлолу озодӣ – ин ду мафҳуми барои ҳар яки мо азизу муқаддас аст»
«КАЪБА ЧӢ МЕРАВӢ, ДИЛЕРО ДАРЁБ…». Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Пешвои миллат: «Боиси ифтихор аст, ки Наврӯз – калимаи асили тоҷикӣ, яъне «рӯзи нав» ҳоло барои миллионҳо аҳолии сайёра ҳамчун рӯзи ҷашни фархунда вирди забон аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯз аз ҷумлаи бузургтарин ва маҳбубтарин ҷашнҳои тоҷикон мебошад»
СИЁСИШАВИИ ДИН — ХАТАР БА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ВА СУБОТИ ҶОМЕА. Андешаҳои профессор Нозим Маҳмадизода дар ин мавзуъ
Президенти Тоҷикистон: «Бо назардошти шароити замона анъанаи неки гузаштагон – сарфаю сариштакориро бояд риоя намоем»
Сулаймон Талбакзода: «Дарси хештаншиносӣ ва хизмат ба халқу Ватанро аз Пешвои миллат бояд омӯзем»
Президенти Тоҷикистон: «Мушкилоти таъмини аҳолии сайёра бо озуқаворӣ моро водор менамояд, ки ҳар қитъа заминро оқилонаву самаранок истифода барем»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Ойинҳои наврӯзӣ аҳли башарро ба таҳаммулгароӣ, бунёдкориву созандагӣ ҳидоят менамоянд»
Пешвои миллат: «Дар шароити кунунӣ зарур аст, ки ба кишти такрорӣ, гирифтани се – чор ҳосил аз заминҳои обӣ эътибори аввалиндараҷа дода шавад»
Наврӯз дар баробари забони тоҷикӣ бунёди худшиносии тоҷиконро низ ташаккул додааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Мақому ҷойгоҳи Наврӯз он қадар баланд буд, ки ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад»