Хатлон: кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар иҷрои рисолати касбӣ нақши назаррас доранд

Январь 4, 2020 10:50

ДУШАНБЕ, 04.01.2020 /АМИТ «Ховар»/.  3 январ дар Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон  бо иштироки ҳайати шахсӣ ва ҷузъу томҳо ҳамоиш баргузор гардид.

Нахуст суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дода, сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон генерал-лейтенанти милитсия Искандар Солеҳзода ҳозиринро аз номи Вазири корҳои дохилӣ бо Соли нави 2020 табрик намуд.

Ҳамчунин номбурда зикр намуд, ки  имрӯзҳо кормандони мақомот боварию эътиқоди аҳолиро ба худ бештар намуда, дар иҷрои рисолати касбӣ нақши назаррас доранд.

«Соли сипаригардида,  дар самти фаъолияти кормандони милитсия дастовардҳои назаррас рӯи кор омада, самтҳои афзалияноки сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакат баҳри беҳбуди шароит дар  фаъолияти кормандон қобили арҷгузорист»,- гуфт Искандар Солеҳзода.

Дар анҷом барои хизматҳои софдилона ва содиқона, маҳорату малакаи баланди касбӣ, ноил шудан ба натиҷаҳои назаррас дар самти хизматӣ, фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ва иштирок дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ як гурӯҳ кормандни мақомоти корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон бо Ифтихорнома, маблағҳои пулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Январь 4, 2020 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Корвони «Навои модарони ваҳдатсаро» бо фаъолияти корхонаҳои саноатии ноҳияи Ёвон шинос шуданд
АЗ РӮЗГОРИ ОДАМОНИ НАҶИБ. Ёде аз хизматҳои намоёни арбоби давлатӣ ва ҳуқуқшиноси варзида Ҳомиддин Шарифов
Сафари Корвони «Навои модарони ваҳдатсаро» ба шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон оғоз шуд
Имсол дар Тоҷикистон чанд дармонгоҳи нав сохта шуд?
Имсол дар истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Шарора» 720 нафар кӯдакону наврасон таътили худро босамар мегузаронанд
ТАЪТИЛИ БОФАРОҒАТ. Имсол 1000 нафар кӯдаку наврас ба истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Зимчуруд» ҷалб мегарданд
Дар Тоҷикистон даври сеюми Форуми коршиносони Осиёи Марказӣ — Корея доир мешавад
Дар Душанбе маъракаи хунсупории шаҳрвандон доир гардид
Байни Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон ва Ташкилоти ғайридавлатии «Good Neighbors» Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Чин дастовардҳои Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон беморони диабети қанд метавонанд инсулини ройгон дастрас намоянд
Иштирокдорони Форуми байналмилалии ҳизбҳои сиёсӣ дараи Алмосӣ ва Қалъаи Ҳисорро тамошо карданд