«Сомон Эйр» парвозҳоро муваққатан дар масири Душанбе –Урумчӣ қатъ намуд

Январь 31, 2020 16:24

ДУШАНБЕ, 31.01.2020/АМИТ «Ховар»/. Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» қарор қабул намуд, ки моҳи феврали соли 2020 парвозҳоро дар масири Душанбе-Урумчи-Душанбе муваққатан қатъ намояд. Ширкати ҳавопаймоӣ аз мусофирони худ барои эҷоди нороҳатӣ, ки бо сабаби таъмини бехатарӣ ба амал омадааст, узрхоҳӣ менамояд.

Аз хадамоти матбуоти ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ин тасмим дар иртибот ба эълон шудани ҳолати фавқулодаи байналмилалӣ аз ҷониби Созмони ҷаҳонии тандурустӣ вобаста ба хуруҷи глобалии сирояти  коронавирус, ҳамзамон дар асоси дастури Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сирояти ин эпидемия гирифта шудааст.

Тибқи хабари сарчашма, маблағи чиптаи мусофирони хатсайрҳои қатъшуда баргардонида мешавад ва ё бо хоҳиши мусофирон чиптаи парвоз ба муҳлати дигар иваз хоҳад шуд. Маълумоти иловагиро оид ба хатсайрҳои қатъшуда метавонед аз маркази маълумотдиҳии ширкати ҳавопаймоӣ бо рақамҳои 44 640 40 49 ва 44 640 40 50 дастрас намоед.

Мусаллам аст, ки ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» бо сабаби ҷашни Соли нав дар Чин аз 24 январи соли ҷорӣ парвозҳоро аз Душанбе ба Урумчи ва бозпас муваққатан қатъ карда буд. Хатсайри аввалин дар самти Душанбе-Урумчи баъди таҷлили Соли нав ба 4 феврал ба нақша гирифта шуда буд.

Январь 31, 2020 16:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ баррасӣ гардид
Таваҷҷуҳи сайёҳон ба Тоҷикистон зиёдтар шудааст
Дар Қазоқистон намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумии вилояти Хатлон баргузор мегардад
Дар Бонки миллӣ дар доираи омодагӣ ба даври сеюми баҳодиҳии мутақобилаи Гурӯҳи Авруосиё оид ба МҚД/МТ ҳамоиш баргузор шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон роботи интеллектуалии насли нав ба раванди таълим ҷорӣ гардид
САЁҲАТРО АЗ ВАТАН ОҒОЗ МЕНАМОЕМ! Кадом мавзеъҳои истироҳатии вилояти Суғдро бояд интихоб намуд?
Корхонаи ғанигардонии мису қалъагӣ аз нав ба кор оғоз менамояд
Дар Панҷакент масоҳати кишти картошка васеъ гардонида мешавад
Дар ноҳияи Дӯстӣ бунёди 5 гектар боғи павловния ба нақша гирифта шудааст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 199 гармхона фаъолият дорад
Дар Форуми Trans-Caspian 2026 имкониятҳои Тоҷикистон дар соҳаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ муаррифӣ шуданд
Тоҷикистон ва Муғулистон ҳамкориро дар самти энергетикаи барқароршаванда тақвият медиҳанд