Вазорати кишоварзӣ: То имрӯз 79 тонна сабзавоти тару тоза ба бозор пешниҳод гардидааст
ДУШАНБЕ, 31.01.2020./АМИТ «Ховар»/. Имсол дар ҷумҳурӣ гармхонаҳои доимоамалкунанда дар 112,5 гектар фаъолият намуда истодаанд. Тибқи маълумоти фаврии Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, то имрӯз кишоварзони мамлакат 79 тонна сабзавоти тару тоза ҷамъоварӣ намуда, ба бозор пешниҳод намуданд.
Бино ба иттилои манбаъ, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста кӯшиш менамояд, ки барои таъмини амнияти озуқаворӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироати кишоварзӣ ва таъмини аҳолӣ бо сабзавоти тару тоза дар ҳамаи фаслҳои сол майдони умумии гармхонаҳои доимоамалкунандаро тибқи нақша сол аз сол зиёд намуда, ҳосилнокии онро афзун гардонад.
Тавре аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, имсол дар мамлакат дар майдони 45,81 гектар помидор, 14,50 гектар бодиринг ва 20,98 гектар дигар намуди сабзавот кишт карда шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 14,35 гектар зиёд мебошад.
Кишоварзон майдонҳои гармхонаҳоро самаранок ва оқилона истифода намуда, аз он ҳосили фаровон ба даст меоранд. То 17 январ аз гармхонаҳои доимоамалкунандаи ҷумҳурӣ ба миқдори 52,5 тонна помидор, 17,4 тонна бодиринг ва 9,1 тонна ҳосили дигар намуди сабзавот ҷамъоварӣ гардида, бозорҳои ҷумҳурӣ бо сабзавоти тару тоза пайваста таъмин гардида истодаанд.
Соли 2020 кишоварзон ният доранд, ки минтақаҳои дурдасти мамлакатро низ дар ҳама фасли сол бо маҳсулоти ватанӣ таъмин намоянд. Зеро сабзавоти тару тоза манбаи асосии витаминҳо ба шумор мераванд.








Дар ноҳияи Хуросон ҷамъоварии пахта идома дорад
Эъломияи Сеул ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Кореяро дар соҳаи зеҳни сунъӣ тақвият медиҳад
Байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Воҳиди кашшофии молиявии Ҷумҳурии Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Душанбе ҷаласаи навбатии роҳбарони мақомоти зиддиинҳисории давлатҳои аъзои СҲШ доир гардид
Содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон ба Корея баррасӣ гардид
Ҷаласаи 25-уми вазирони масъули фаъолияти иқтисод ва савдои хориҷии Созмони ҳамкории Шанхай доир шуд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Турсунзода ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
Бо имзои санади ҳамкорӣ Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар соҳаи роҳи оҳан таҳким мебахшанд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ шуд
Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар самти муқовимат ба коррупсия байни Тоҷикистон ва Корея ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси СҲШ таҷрибаи истифодаи самараноки захираҳои минералиро муаррифӣ менамояд
Байни Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳум дар соҳаи моликияти зеҳнӣ ба имзо расид






