15 варзишгари тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба гӯштин иштирок мекунанд
ДУШАНБЕ, 18.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Аз 18 то 24 феврал дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон Чемпионати Осиё оид ба гӯштини озод ва юнонӣ-римӣ баргузор мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мусобиқаи мазкур 15 варзишгар – ҳафтнафарӣ аз рӯи равияҳои гӯштини тарзи озод ва юнонӣ-римӣ, як нафар дар гӯштини бонувон намояндагӣ мекунанд. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.
Тибқи иттилои манбаъ, дар чемпионат аз рӯи се равия – гӯштини тарзи озод, гӯштини юнонӣ-римӣ ва гӯштини бонувон 275 нафар варзишгарон аз 24 давлати қора иштирок хоҳанд кард.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати калон дар мусобиқаи мазкур иштирок мекунад.
Гӯштини юнонӣ-римӣ
1. Фирӯз Мирзораҷабов (60кг)
2. Мубинҷон Ахмедов (63кг)
3. Зайниддин Қамаров (67кг)
4. Лоиқ Амирхонзода (72кг)
5. Муслиҳиддин Уроқов (77кг)
6. Суҳроб Абдулҳаев (87кг)
7. Мирзоамин Сафаров (97кг)
Сармураббӣ – Фаррух Беков
Гӯштини озод
1. Ҳикматулло Воҳидов (57кг)
2. Муҳаммад Икромов (61кг)
3. Ҷамшед Шарифов (65кг)
4. Ғуломҷон Шарифов (74кг)
5. Баҳодур Қодиров (86кг)
6. Искандари Рустам (97кг)
7. Фарҳод Анақулов (125)
Сармураббӣ – Абдурозиқ Олимов
Гӯштини бонувон
1. Ватансултон Шакаршоева (53кг)
Ёдовар мешавем, ки Чемпионати Осиё имрӯз, 18 феврал бо қувваозмоиҳо дар равияи гӯштини юнонӣ-римӣ оғоз мегардад. Дар рӯзи аввал беҳтаринҳои категорияҳои вазнии 55кг, 63кг, 77кг, 87кг, 130кг муайян мегарданд. Пагоҳ, 19 феврал варзишгарони вазнашон 60кг, 67кг, 72кг, 82кг, 97кг рӯи гилем мебароянд. 20-21 феврал қувваозмоиҳо миёни бонувон доир мегарданд.
Бонувони гӯштингир нахуст дар вазнҳои 50, 55, 59, 68, 76 кг ва сипас дар вазнҳои 53, 57, 62, 65, 72 кг барои ҷоизаҳо талош хоҳанд кард. Ду рӯзи охир варзишгарон дар равияи гӯштини озод қувва месанҷанд. Ғолибону ҷоизадорон 22 феврал дар вазнҳои 57, 65, 70, 79, 97 кг, 23 феврал дар вазнҳои 61, 74, 86, 92, 125 кг маълум хоҳанд шуд.








ФУТБОЛ. Дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Чин бозиҳои дӯстона баргузор мекунад
Ғолибони Чемпионати Осиё оид ба бокс қадрдонӣ карда шуданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои бозиҳои дӯстона бо тими мунтахаби Ҳиндустон муайян гардид
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими мунтахаби Ҳиндустон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар Ёвон гулгашти фарҳангию фароғатӣ бо муҷассамаи «Рамзи футбол» ба истифода дода шуд
Дар деҳаи ба номи Иброҳим Бозорови шаҳри Турсунзода бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол майдони варзишии «Ҳумо Арена» ифтитоҳ ёфт
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол Фестивали бошукуҳи футбол баргузор гардид
Дар Душанбе Варзишгоҳи миллӣ ба истифода дода мешавад
Хислатҳои неки роҳбарии Рустами Эмомалӣ -ҳадафмандӣ, таваҷҷуҳ ба таҷрибаҳои беназир, эҳтиром ба одамон ва муоширати сатҳи баланд
Эмомалӣ Раҳмон: «Футбол имрӯз на танҳо як намуди варзиш, балки омили муҳими таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагии халқҳо гардидааст»
Дар шаҳри Оснабрюки Олмон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол мусобиқа баргузор гардид
25 МАЙ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ. Дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ Фестивали футбол доир мегардад






