«АЗ ГУЛИСТОНИ МАН БУБАР ВАРАҚЕ…». Имрӯз дар бисёр кишварҳои олам Рӯзи байналмилалии ҳадяи китоб таҷлил мегардад. Тоҷикистон истисно нест

Февраль 14, 2020 13:35

ДУШАНБЕ, 14.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Зимистон миёни фаслҳои сол шояд аз ҷиҳати иду ҷашнҳо ва санаҳои ёдкард дар ҷои аввал қарор дошта бошад: Рузи байналмилалии ҳуқуқи инсон, Рӯзҳои умумиҷаҳонии кино, телевизиони кӯдакон, эскимо, мубориза бо СПИД, мубориза бо коррупсия, мубориза бо саратон, Соли нав, ҷашни Сада… Тибқи Қонуни ҶТ «Дар бораи рӯзҳои ид», иди касбии кормандони соҳаҳои молия, энергетика, авиатсияи гражданӣ, гумрук, мақомоти прокуратура, амнияти миллии кишварамон низ ба фасли зимистон рост меоянд. Дар пеш моро Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон интизор аст.

Вале имрӯз низ як санаи қобили таваҷҷуҳ аст, ки аз он, ба назари мо,  бояд ба таври густурда, хотирмон ва муфид таҷлил ба амал орем.  Имрӯз – Рӯзи байналмилалии ҳадяи китоб аст!

Таърихи пайдоиш ва моҳияи ин санаи муборак аз чӣ иборат аст?

Бешак, Рӯзи байналмилалии ҳадяи китоб ба хотири дар қалби одамон бедор сохтани муҳаббат ба китоб ва дониш таъсис дода шудааст. Ин иди ҳамаи онҳоест, ки ба касони дигар (билхоса ба кӯдакон, пиронсолону барҷомондагон, шахсони маъюб ва муҳтоҷ, ки аз ин ё он ҷиҳат ба китоб дастрасии камтар доранд) китоб ҳадя  намуда, зимнан чунин амали неку савобро дар миёни аҳли ҷомеа тарғибу ташвиқ менамоянд.

Рӯзи байналмилалии ҳадяи  китоб (International Book Giving Day) ҷашни куҳна не, нав аст, бори нахуст соли 2012 дар Амрико  ба вуҷуд  омадааст. Ва ба ин  як ибтикори наҷиби муассиси сомонаи китоби кӯдакон Delightful Children’s Books, модари се фарзанд Эмми Бродмур боис гардидааст. Ҳамааш аз он шуруъ шудааст, ки яке аз фарзандони ин зан аз ӯ суол мекунад, ки барои чӣ дар дунё иду ҷашнҳо зиёде ҳастанд ба ҷуз рӯзи ҳадяи китоб. Эмми ба андеша меравад: «Дарвоқеъ, барои  чӣ?  Фикри олиҷаноб!». Ва ӯ тавассути сомонаи худ одамонро ба ҳадяи китоб даъват мекунад. Дере нагузашта даҳҳо ва садҳо  нафар дар саросари ҷаҳон ба ин  ташаббуси  ӯ мепайванданд. Шумораи ихтиёриён сол аз сол афзун мешавад, дар бораи ҷараёни ин аксияи бемуҳлат ҳоло дар сомонаи расмии bookgivingday.com. шинос шудан мумкин аст.

Таърихи пайдоиши ин сана ҳамин аст.

Дар Тоҷикистон бори аввал мардумро ба чунин ҳаракати наҷиб ва сартосарӣ чанд сол пеш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даъват намуданд: вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва шахсони воқеӣ ба муассисаи навтаъсиси мамлакат – Китобхонаи миллии Тоҷикистон дастҷамъона садҳо ҳазор китоб ҳадя намуданд. Ҳоло ин муассиса дорои беш аз 10 миллион нусха адабиёти гуногун буда, дар  миқёси ИДМ  яке аз китобхонаҳои калонтарин ва боҳашаматтарин  ба ҳисоб меравад.

Дар ин амри хайр кормандони АМИТ «Ховар» низ ҳиссагузор шудаанд. Зиёда аз ин моҳи феврали соли гузашта кормандони агентӣ  300 нусха  китобҳои гуногуни бадеӣ ва  илмию оммавӣ ҷамъ оварда, ба Маркази таълимии «Чароғи ҳидоят» тақдим намуданд ва ин корро, дар ҷавоб ба даъвати Пешвои миллат,  минбаъд низ идома хоҳанд дод.

Президенти мамлакат  зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ  чунин мутазаккир шуданд: даруни рафҳои китобхонаҳои шахсии нависандагону шоирон, донишмандон, мутахассисони соҳаҳои дигар китобҳои зиёде ҳастанд, ки қаблан хонда ва истифода шудаанд ва ҳоло касе ба онҳо даст намерасонад. Ҳоло ки ин китобҳо аз байн нарафтаанд, онҳоро метавон ба шахсони дигар, ба китобхонаҳо ва муассисаҳои таълимӣ супорид, то ки дигарон низ аз онҳо баҳра бардоранд.

Бино ба иттилои Ҷаноби Олӣ, дар панҷ соли охир аз ҳисоби Вазорати маориф ва илм қариб 6 миллион нусха, аз ҳисоби Вазорати фарҳанг беш аз 2 миллион нусха китобҳои бадеӣ ба нашр расидаанд, вале як қисми онҳо ба гардиш ворид нагардида, то ҳол дар анборҳо нигоҳдорӣ мешаванд.   Дар баробари ин бо дастури Сарвари давлат тайи 12 соли охир китоби  маҷмӯаи «Ахтарони адаб» дар 38 ҷилд бо теъдоди 190 ҳазор нусха чоп шудааст, аммо қисми зиёди он ба фурӯш нарафта, бе гардиш (ба ибораи дигар – бесамар) мондаанд.  Умуман,    беш аз 2 миллион нусха  китобҳои нашршуда ба дасти хонанда нарсида, дар анборҳои нашриётҳо нигоҳдорӣ мешаванд!

Ин дар ҳолест, ки Сарвари давлат, бо истинод ба таҳлилҳо,  «вақтҳои охир дур шудан аз китобхониро яке аз масъалаҳои нигаронкунанда дар байни хонандагону донишҷӯён ва омӯзгорони онҳо» арзёбӣ намуданд. Доир ба ин масъала, қаблан, дар Рӯзи дониш Пешвои миллат Вазорати маориф ва илм ва роҳбарони муассисаҳои таълимиро муваззаф сохта буданд, ки муносибати  шогирдонро ба хондани китоб, аз ёд кардани порчаҳои назму наср ҷиддӣ назорат кунанд ва барои боло бурдани сатҳи маърифатнокӣ, тавсеаи ҷаҳонбюинӣ ва сухандону сухангӯ шудани насли ояндаи кишвар тадбирҳои ҷиддӣ ва судманд андешанд.

Бале, вақти он расидааст, ки аз нав рӯ ба китоб оварем, оммаҳои васеи мардумро ба китобу китобхонӣ ҷалб намоем, ҷояш ояд дар ин маврид ҳатто аз чораҳои қатъӣ истифода бубарем.  Профессор Сергей Капица дар ин маврид чунин фармудааст:  «Маърифатро шинондан мебояд! Ҳатто иҷборан. Вагарна ҳамагӣ дучори шикаст хоҳем гашт» («Культуру надо насаждать! Даже силой. Иначе нас всех ждет крах»). Донишманди рус зери мафҳуми «культура»  фарҳанг, илму дониш, ақлу фаросат, тартибу низом, одобу ахлоқи ҳамидаи инсонҳоро дар назар дорад, ки ин ҳамаро бо як вожаи «маърифат» метавон ифода намуд ва бе ин ҳама рушду нумуъи соҳаҳо ба  вуҷуд нахоҳад омад, шаҳру деҳот обод нахоҳанд шуд, амнияту тартиботи зиндагии инсонҳо таъмин нахоҳад гашт ва худи инсонҳо хушбахту солим нахоҳанд буд. Ва лоҷарам,  ҳамаи сифоти неки зикршуда бидуни китоб хондан ба даст нахоҳанд омад.

Маҳз бо ҳамин андеша бо ибтикор ва қарору дастури бевоситаи Пешвои миллат:

— илму маърифат соҳаи афзалиятнок эълом дошта,  ҳамасола барои рушди он аз буҷети мамлакат миллиардҳо сомонӣ ҷудо карда мешавад;

— ҳар сол дар мамлакат садҳо  муассисаи таълимӣ бунёд ва таҷдид мегарданд ва қарор аст, ки  то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон боз 128 муассисаи томактабӣ ва 338 муассисаи таҳсилоти умумӣ бунё два  дар маҷмуъ 1332 муассисаи таълимӣ тармиму таҷдид карда мешаванд.

— дар пойтахти Тоҷикистон китобхонаи азиму олӣ мавриди истифода қарор дода шудааст ва минбаъд дар марокизи шаҳру деҳот китобхонаҳои нав бунёд, инчунин дар ҳар идораю муассисаи мамлакат китобхонаи алоҳида ташкил карда мешаванд;

— минбаъд ҳамасола озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор ва ба он доираи васеи мардум ҷалб карда хоҳанд шуд;

— бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ғафуров китоби «Тоҷикон» аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп карда, ба ҳар як оилаи кишвар тақдим карда мешавад…

… Чанд сол пеш Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ҳаракати бисёр густурда ва хайру наҷиберо бо номи «Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат!» роҳандозӣ намуд, ки дар байни ин қишри ҷомеа ҳамовозии гарму ҷӯшон пайдо кард.

Ба манфиати ҳамаи мо ҳар яки мо хоҳад буд, агар ҳамагӣ, ҳурду бузург, марду зан, новобаста ба синну сол, дину оин, миллату халқият ва ҳизбият пайрави Пешвои муаззами миллатамон бошем ва аз амалҳои  неку  шоистаашон пайравӣ намоем: хонаю дар, ҳавлию кӯча ва  шаҳру деҳаи худро обод гардонем, дарахт биншонем, роҳу пулҳо бисозем ва будагиашро ба тартиб биорем, дасти фидодагону барҷомондагонро бигирем, ба эҳтиёчмандон кумак бирасонем…

Ва ба якдигар китоб ҳадя намоем. На танҳо дар ин рӯз – Рӯзи байналмилалии ҳадяи китоб, балки фардо ва рӯзҳои дигар низ.  Зеро ҳеҷ ганҷе аз китоб беҳтару  пояндатар нест.  Ҳар гулеро хазон мерасад, вале гулистони китоб бехазон аст.  Саъдии Шерозӣ дар ин бора гуфтааст:

Ба чи кор оядат зи гул табақе?

Аз «Гулистон»-и ман бубар варақе.

Гул ҳамин панҷ рӯзу шаш бошад,

В-ин «Гулистон» ҳамеша х-ваш* бошад…

————————————————————-

*Х-ваш — хуш

Февраль 14, 2020 13:35

Хабарҳои дигари ин бахш

ЭЪТИРОФИ СИЁСАТИ ОЯНДАБИНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АЗ ҶОНИБИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳои ходими адабии АМИТ «Ховар» дар ин хусус
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ВОРИСИ АРЗАНДАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Маротибаи аввал дар таърихи давлатдории Чин мукофоти олии давлатӣ берун аз кишвар тақдим карда шуд
Дар ҷамъбасти даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар Ҳисор 44 нафар ғолиб шуданд
Антониу Гутерриш: «Тоҷикистон дар самти пешгирии обшавии босуръати пиряхҳо шарики қавӣ ва боэътимоди Созмони Милали Муттаҳид аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Чин бузургтарин сармоягузори мо ба ҳисоб меравад»
Муносибатҳои Чин ва Тоҷикистон: Ба хотири ояндаи дурахшон
Эмомалӣ Раҳмон: «Ваҳдати миллӣ дар баробари Истиқлоли давлатӣ як рукни муҳимми давлатдорӣ ва шарти аслии пешрафту шукуфоии Тоҷикистон мебошад»
Президенти Тоҷикистон: «Сулҳи тоҷиконро ҳамчун нодиртарин роҳи хотима гузоштан ба мухолифатҳои мусаллаҳона эътироф кардаанд»
Пешвои миллат: «Хишти аввали бинои сулҳу ваҳдати миллӣ дар Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ гузошта шуда буд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Созишномаи сулҳ ва ваҳдати миллӣ барои халқи Тоҷикистон пайки шодӣ, паёми оромӣ ва номаи иқболу саодат гардид»
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар Хоруғ даври вилоятии ин озмун оғоз гардид
«МАН БА МАРДУМИ ТОҶИК ҲАВАС МЕБАРАМ, КИ ДАР ЧУНИН ТАБИАТИ ЗЕБО УМР БА САР МЕБАРАНД…». Таассуроти меҳмонон ва иштирокдорони Конфронси сеюми оби Душанбе аз тамошои манзараҳои Тоҷикистон