Дар Москва ба муносибати бузургдошти 5500-солагии шаҳри бостонии Саразм намоиши аксҳо баргузор гардид

Февраль 24, 2020 15:45

ДУШАНБЕ, 24.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Москва бо ибтикори Сафорати Тоҷикистон дар Россия ҳамоиши ҷашнӣ ва намоиши аксҳо ба муносибати бузургдошти 5500-солагии шаҳри бостонии Саразм баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар маросими ифтитоҳи чорабинӣ Сафири Тоҷикистон дар Россия Имомуддин Сатторов роҷеъ ба таъриху фарҳанги шаҳри бостонии Саразм иброз намуд, ки он шаҳри таърихӣ дар Осиёи Миёна бо мавқеи муҳими стратегии худ ба сифати минтақаи пайвандгар миёни Амударё ва Сирдарё дар рушди он сарзамин дар ҳазорсолаҳои IV-III то милод нақши калидӣ доштааст. Зимнан роҳбари намояндагии дипломатӣ саҳми арзандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар мавриди ҳифозат ва нигаҳдошти макон ва осори таърихии Тоҷикистон, махсусан шаҳраки бостонии Саразм ва муаррифии шоистаи он ба ҷаҳониён таъкид намуд.

Мудири шуъбаи Шарқи Осорхонаи давлатии Эрмитаж П.Луре дар рӯнамоии худ роҷеъ ба пайдоиши Панҷакент ҳамчун таҷассуми шаҳри бостонии Суғди шарқӣ, ёдгориҳои Осиёи Миёна дар асрҳои қадим ва миёна, асри биринҷии Саразм, инчунин марҳилаҳои асосии таърихи Суғд суханронӣ намуд.

Мудири кулли Осорхонаи давлатии Шарқ А.Седов дар бораи пажӯҳишҳои бостоншиносони ҷаҳон ва профессори Донишгоҳи давлатии Москва Ш.Шукуров роҷеъ ба аҳамияти таърихию фарҳангии Саразм ва Суғд ҳамчун мероси ҷаҳонӣ сухан гуфтанд.

Дар доираи ҳамоиш намоиши аксҳо дар мавзӯи «Аз Саразм то Суғдиён» баргузор шуд, ки дар он аксҳои дар Эрмитажи давлатии Санкт-Петербург ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон бардошташудаи Сафарбек Солеҳ дар бораи шаҳраки Саразм ба намоиш гузошта шуданд. Дар он аксҳо бозёфтҳои бостоншиносӣ ва наққошиҳои деворӣ, ки инъикосгари достону ҳамосаҳо, сужетҳои жанрӣ ва халқӣ буда, дертар дар асари безаволи адабиёти тоҷику форс “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ бозтоб гардиданд, ба маърази ом гузошта шуданд.

Дар намоиш вакилони Думаи давлатӣ, намояндагони Дастгоҳи Президент ва Вазорати корҳои хориҷии Россия, роҳбарони намояндагиҳои дипломатии муқими Москва, чеҳраҳои маъруфи илму фарҳанг, инчунин намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Акс аз сомонаи ВКХ ҶТ

Февраль 24, 2020 15:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «24 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт гардидааст»
Президенти Тоҷикистон: «Мо барои арҷгузорӣ ба арзишҳои асили тамаддуни тоҷикону форсизабонон иқдомоти муассирро амалӣ намудем»
ШЕЪР ВА ИСТИҚЛОЛ. Назми муосири тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар сафи пеши худшиносии миллӣ ва ҳаракати ваҳдати миллӣ қарор гирифт
Кормандони соҳаи фарҳанг бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Се китоби рӯзномаи «Ҷумҳурият»: «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи тамаддуни ориёӣ», «Бозгашти қаҳрамон» ва «Бозгашти қаҳрамон 2» муаррифӣ гардид
Конференсияи ҷумҳуриявии «Забон рукни муҳимми Истиқлоли давлатӣ ва ҳамбастагии ҷомеа» баргузор гардид
Дар Озмуни байналмилалии «Санъати китоб» «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ сазовори Шоҳҷоиза гардид
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Дар Тоҷикистон соли 1991 танҳо 15 театр фаъолият мекард
«Эмомалӣ Раҳмон — муаррифгари таърихи ниёгон ва тамаддуни навини тоҷикон». Таҳти ин унвон китоб ба нашр расид
Дар шаҳри Душанбе маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор шуд
«ТОҶИ СОМОН». Қабули филмҳо барои иштирок дар синамоҷашнвораи миллӣ то 15 сентябр идома меёбад
«МОДАРНОМА». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши асарҳои Рассоми халқии Тоҷикистон Сабзаалӣ Шариф ифтитоҳ ёфт