Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи интихобии олимпӣ оид ба бокс иштирок мекунанд
ДУШАНБЕ, 26.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба бокс дар ҳайати 15 нафар, аз ҷумла 12 варзишгар дар мусобиқаи интихобии олимпии Осиё/Уқёнус иштирок мекунанд. Мусобиқаи мазкур аз 3 то 11 март дар шаҳри Аммони шоҳигарии Урдун баргузор мешавад. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод.
«Масъулияти баргузории мусобиқа пас аз он ки эътирофи Ассотсиатсияи байналмилалии бокси ҳаваскорӣ муваққатан аз ҷониби Кумитаи байналмилалии олимпӣ бозхонд шуд, ба дӯши гурӯҳи махсуси Кумитаи байналмилалии олимпӣ вогузор шудааст. Дар мусобиқа, ки аз рӯи 13 категорияи вазнӣ (8 вазн миёни мардон, 5 вазн миёни бонувон) сурат мегирад, 250 нафар варзишгарон аз 40 давлат барои 41 роҳхат миёни мардон ва 22 роҳхат миёни бонувон талош мекунанд»,-афзуд манбаъ.
Дастаи мунтахаби бокси Тоҷикистон дар ҳайати зерин аз 29 феврал то 12 март ба шаҳри Аммони Урдун сафарбар мегардад:
1. Қосимова Сумайя (-51кг)
2. Самадова Миҷгона (-57кг)
3. Зулқайнарова Шоира (-60кг)
4. Бобоёрова Нилуфар (-69кг)
5. Сабзалиев Шуҳрат (-52кг)
6. Сагизов Бахтовар (-57кг)
7. Усмонов Баҳодур (-63кг)
8. Мамадалиев Шералӣ (-69кг)
9. Мирзомуҳаммади Бахтиёр (-75кг)
10. Негматуллоев Шаббос (-81кг)
11. Болтаев Давлат (-91кг)
12. Зуҳуров Сиёвуш (+91кг)
Бояд зикр кард, ки варзишгаронро сармураббии дастаи мунтахаб оид ба бокс Мирзо Шамсиев, мураббиён Парвиз Ахмедов ва Аббос Негматуллоев ҳамроҳӣ мекунанд.
Тибқи низомнома, дар қораи Осиё/Уқёнус миёни бонувон дар вазни -51кг 6 нафар, дар вазнҳои -57кг, -60кг, -69, -75кг 4-нафарӣ, миёни мардон дар вазнҳои -52кг, -57кг, -63кг 6-нафарӣ, дар вазнҳои -69кг, -75кг, -81кг 5-нафарӣ ва дар вазнҳои -91кг, +91кг 4-нафарӣ ҳаққи иштирок дар Бозиҳои олимпии Токио-2020-ро пайдо мекунанд.
Ҳамчунин варзишгарон дар мусобиқаи интихобии олимпии ҷаҳон, ки 13-20 май дар шаҳри Парижи Франсия доир мегардад, барои ба даст овардани роҳхати олимпӣ талош мекунанд. Дар мусобиқаи ҷаҳонӣ низ дар ҳар вазн аз 3 то 6 роҳхат дода мешавад.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад






