«ЯКЕ АЗ РИСОЛАТҲОИ НАВРӮЗ ТАҲКИМИ РОБИТАИ БАЙНИ ҚАВМУ МИЛЛАТҲО ВА ГУФТУГӮИ ТАМАДДУНҲОСТ». Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоҳир Зокирзода роҷеъ ба суннатҳои ин иди бостонӣ
ДУШАНБЕ, 21.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Яке аз рисолатҳои Наврӯз таҳкими робитаи байни қавму миллатҳои гуногун буда, дар шароити кунунӣ муҳимтарин суннату таомулҳои писандидаи наврӯзӣ, аз қабили бахшидани гуноҳҳо, таҳким додани риштаҳои дӯстиву рафоқат, аёдати пирону беморон, дастгирии эҳтиёҷмандон, шинонидани ниҳол, пошидани