Роҳбарони беморхонаҳои «Истиқлол» ва ба номи Карим Ахмедови шаҳри Душанбе нав шуданд
ДУШАНБЕ, 06.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо назардошти Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба вазифаи Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардидани Ҷамолиддин Абдуллозода, бо дастури Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, Рустам Хуршедзода аз вазифаи директори Муассисаи давлатии «Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Карим Ахмедов» озод гардида, ба мансаби директори Муассисаи давлатии «Маҷмааи тандурустии Истиқлол» таъйин гардид. Дар ин бора аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Тибқи иттилои манбаъ, ҳамчунин Фаррух Маҳмадзода аз вазифаи муовини директори Муассисаи давлатии «Маҷмааи тандурустии Истиқлол» озод ва ба вазифаи директори Муассисаи давлатии «Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Карим Ахмедов» таъйин карда шуд.
АКС аз бойгонӣ








Моҳи август «Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» баргузор мешавад
Дар шаҳри Душанбе мавсими нави хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрии «Red Bus Tours» оғоз гардид
«RED BUS TOURS». Имрӯз дар Душанбе мавсими нави хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрӣ оғоз мегардад
«RED BUS TOURS». Дар Душанбе мавсими хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрӣ оғоз мегардад
Дар Душанбе Ниммарафони байналмилалии «One run» баргузор шуд
Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе бо ҳайати шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе Рӯзҳои шаҳри Санкт-Петербург доир мегарданд
Дар Душанбе Озмуни шаҳрии «Оилаи беҳтарин» ҷамъбаст гардид
Муовини Раиси шаҳри Душанбе дар Конфронси байналмилалии ҳамкорӣ ва рушди бародаршаҳрҳои Чэнду-2026 иштирок намуд
Кумаки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокчии ҷанг аз Душанбе расонида шуд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба сохтмони якчанд иншооти нави мақомоти корҳои дохилӣ санги асос гузоштанд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар муаррифии 30 электробуси нави ширкати «Акиа Авесто автоматив индастри» иштирок намуданд






