ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 июн, душанбе, 153-юмин рӯзи соли 2020 аст

Июнь 1, 2020 08:00

1 июни соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи таҷлили зодрӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ» фармон имзо карданд, ки пас аз он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол 30 сентябр чун Рӯзи Мавлоно таҷлил карда мешавад.

***

8 сол пеш, 1 июни соли 2012 сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин аз музофоти Фуҷиан, ки дар ҷанубу шарқи ин кишвар қарор дорад, оғоз ёфт. Пешвои миллат дар он ҷо бо мири (котиби кумитаи ҳизбии) шаҳри Сямэн Лю Кесин мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ масоили ташкил ва густариши ҳамкории Тоҷикистон бо ин шаҳри бузургу бостонии кишвари Чин баррасӣ шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2014 Сарвари давлат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ба  боғи «15-солагии истиқлоли Тоҷикистон», ки бунёдаш 8 сол пеш, 18 феврали соли 2006 бо иштироки бевоситаи Президенти мамлакат  оғоз ёфта буд, ташриф оварданд. Ин боғи 450-гектара пурра ба ҳосил омада, соли дуюм аст, ки аз он ҳазорон нафар ризқи фарох ҳосил мекунанд.

 1 ИЮН ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

 Рӯзи  умумиҷаҳонии муҳофизати  кӯдакон.

***

Дар Самоа —  Рӯзи истиқлолият.

***

Дар Тунис- иди умумимиллӣ- Рӯзи Консититутсия.

***

Дар Муғулистон — Рӯзи модару кӯдак.

***

Дар Ҷумҳурии Палау — Рӯзи президент.

 РӮЙДОДҲО:

1 июни соли 2010 маросими ботантанаи ба истифода додани бинои нави Муассисаи давлатии «Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюб «Чорбоғ» дар ноҳияи Варзоб»  баргузор гардид. Барои бунёди бинои мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 800 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида буд.

***

1 июни соли 2010 дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё дар шаҳри Куала Лумпури Малайзия  рӯйхати дастаҳои футболе, ки дар бозиҳои олимпии Лондон-2012 иштирок мекарданд, ба тасвиб расид. Ба он  34 дастаи футболбозон, аз ҷумла, дастаи миллии Тоҷикистон низ шомил шуд.

***

9 сол пеш, 1 июни соли 2011 Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба тасвиб расонид.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даври ниҳоии фестивал-озмуни чумҳуриявии «Тараннуми истиқлол» баргузор гардид.

***

1 июни соли 2018 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҷаласаи Шўрои сарони ҳукуматҳо-сарвазирони кишварҳои аъзои ИДМ доир гардид.

***

1 июни соли 1862 дар саросари ИМА ғуломдорӣ манъ карда шуд.

***

151 сол муқаддам, 1 июни соли 1869 бақайдгирандаи электронии  овоздиҳӣ ихтироъ карда шуд.

***

1 июни соли 1935 дар Англия барои гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ва рақами автомобил имтиҳон ҷорӣ карда шуд.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1858 дар Канада аввалин танга истеҳсол карда шуд.

***

Соли 1938 аввалин шумораи маҷаллаи ҳаҷвии «Action Comics» нашр шуд.

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад

Июнь 1, 2020 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш