«Амонатбонк» барои рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 3,4 миллион сомонӣ қарз пешниҳод намуд
ДУШАНБЕ, 21.07.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар робита ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҷиҳати саҳм гузоштан дар рушди соҳаи сайёҳии мамлакат, эҳёи анъанаҳои миллӣ ва рушди минбаъдаи ҳунарҳои мардумӣ Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» аз ҳисоби захираҳои худӣ имсол ба 178 нафар соҳибкор ба маблағи 3,4 миллион сомонӣ маблағҳои қарзӣ пешниҳод намудааст.
Раиси Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ имрӯз зимни нишасти матбуотӣ дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, ки сандуқи қарзии Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» 691,2 миллион сомонӣ ва теъдоди қарзгирон аз рӯи бақия беш аз 32 ҳазору 400 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин ба соҳаҳои саноат 14 фоиз, кишоварзӣ 24 фоиз, истеъмолӣ 16 фоиз, сохтмон 7,4 фоиз, тиҷорат 27,1 фоиз, нақлиёт 9,4 фоиз ва дигар хизматрасониҳо, аз қабили сайёҳӣ, тандурустӣ, хӯроки умумӣ 3,1 фоиз рост меояд.
Сироҷиддин Икромӣ зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар шашмоҳаи аввали соли равон зикр кард, ки бонки мазкур ба 22 ҳазор корхонаю ташкилот ва 743 ҳазор нафар нафақагирони мақомоти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ҳифзи ҳуқуқ беш аз 1,6 миллион нафар пасандозгузорон тавассути 75 филиал ва 546 маркази хизматрасонии бонкӣ бо шумораи 2800 нафар кормандон дар саросари мамлакат хизмат мерасонад.
Зикр гардид, ки то 30 июни соли равон дороиҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» 4,2 миллиард сомонӣ ва уҳдадориҳояш 3,8 миллиард сомониро ташкил дода, пардохтпазирии бонк дар сатҳи баланд нигоҳ дошта шуда, маблағҳо сари вақт ба ҳисобҳои дахлдор гузаронида шуданд. Инчунин дар ин давра сармояи Бонк ба андозаи 6,6 фоиз афзоиш ёфта, ба 444,6 миллион сомонӣ баробар гардида, даромади софи бонк 23,9 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17,5 фоиз зиёд мебошад.








ҶДММ «Ганҷи Панҷ» дар як сол имкони қабул ва коркарди то 20 ҳазор тонна пахтаро дорад
Ҳавопаймои нави «Boeing 737-8 MAX»-и «Сомон Эйр» дар Душанбе муаррифӣ гардид
Дар деҳаи Рожи ноҳияи Шуғнон неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 3 мегаватт бунёд карда мешавад
Кормандони мақомоти шаҳри Душанбе бо имконияти сайёҳӣ ва инфрасохтори энергетикии шаҳри Норак шинос шуданд
Дар минтақаи Кӯлоб дар 204,7 гектар ҷангалзори нав бунёд гардид
Дараи Камароб дорои захираҳои нодири агробиологӣ ва имконияти васеи рушди кишоварзии кӯҳистон аст
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар шаҳри Конибодом кишти такрорӣ идома дорад
Ҷалби сармоя ба соҳаи энергетикаи Тоҷикистон бо намояндагони ширкати «Рокс Групп»-и Ветнам баррасӣ гардид
Оғози хизматрасонии байналмилалии пардохтии Apple Pay дар Тоҷикистон баррасӣ шуд
Корхонаи коркарди партовҳои сахти маишӣ ва истеҳсоли неруи барқ бунёд карда мешавад
Дар минтақаҳои ҳавзаи дарёҳои Қаратоғ ва Зарафшон қариб 95 фоизи захираи барфи мавсимӣ об шудааст
Дар доираи татбиқи 6 созишномаи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор ҷойи нави кор таъсис дода мешавад






