ДУШАНБЕ – ШАҲРИ ҲУШМАНД. Пойтахти мамлакат дар татбиқи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» пешсаф аст

Июль 24, 2020 17:15

ДУШАНБЕ, 24.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар дода будем, бо мақсади боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас аз ҷониби Пешвои миллат солҳои 2020 – 2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда шуд.

Дар ин самт дар пойтахт кадом тадбирҳо амалӣ гардиданд ва минбаъд роҳандозӣ карда мешаванд?

Ба ин ва дигар пурсишҳои хабарнигори АМИТ «Ховар» Акрамхоҷа АКБАР муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума МУИНӢ посух дод.


М. Муинӣ:
Дар воқеъ, парвариш ва ташаккули шахсиятҳои босаводу соҳибмаърифат вазифаи асосӣ ва муҳимтарини мактабу маориф ба шумор меравад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди пайвастаи мактабу маориф таваҷҷуҳи рӯзмарра зоҳир намуда, дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 декабри соли 2019 чунин баён доштанд: «Ҳукумат барои таъмин намудани пешрафти соҳаҳои илму маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ аз тамоми имкониятҳо истифода карда, ба рушди илмҳои техникиву табиатшиносӣ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад ва доир ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, ҷорӣ намудан ва васеъ гардонидани доираи истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, аз ҷумла шабакаи интернет дар низоми таҳсилот, таъмини самаранокии фаъолияти омӯзгорон ва такмили малакаи педагогии онҳо тамоми чораҳои заруриро амалӣ мегардонад».

Дар пойтахт бо роҳбарӣ ва дастгирии бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мунтазам ҷиҳати босифат амалӣ гардидани сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давра ба давра тадбирҳои муҳим андешида шуда, доир ба ҳадафҳои «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» тадбирҳои зарурӣ татбиқ гардида истодаанд.

Қабл аз ҳама, дар ин давра таҳкими заминаҳои муосири моддиву техникии муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе яке аз бахшҳои афзалиятнок муқаррар гардидааст.

АМИТ «Ховар»: —  Бигӯед, ки ҷорӣ намуданӣ технологияҳои наву замонавии иттилоотӣ дар мактабҳо чӣ тавр ба роҳ монда шудааст? 

М. Муинӣ: — Бо мақсади ташкили махзани рақамии ягонаи маводи таълимии электронӣ, рушди заминаҳои муосири моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ  мунтазам аз нав таҷҳизонидани онҳо бо техникаву технологияҳои ҳозиразамон ва ташкили низоми иттилоотии соҳаи маориф бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 22 феврали соли 2018, таҳти №122 «Барномаи амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе барои солҳои 2018-2022» қабул гардидааст, ки бомаром татбиқ гашта истодааст.

Айни замон муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе бо 11141 адад компютер, 1240 адад тахтаҳои электронӣ ва 1347 адад проектор таъмин гардиданд, ки ба 10 хонанда як компютер рост меояд. Тибқи нишондоди Барнома харидории 3861 адад компютер ва 1044 адад тахтаҳои электронӣ пешбинӣ гардида, дар давраи татбиқи барнома аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо ба муассисаҳои таълимӣ 2740 адад компютер ва 510 адад тахтаи электронӣ дастрас карда шудааст.

Иҷрои нақшаи тадбирҳои барномаи мазкур имкон дод, ки дар муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе элементҳои муосири идоракунии иттилоотӣ аз қабили, китобҳои электронӣ ва интерактивӣ, сомонаҳои муассисаҳои таълимӣ ва барномаҳои махсус барои татбиқи таҳсилоти фосилавӣ рӯи кор омада, аксарияти омӯзгорони пойтахт дар курсҳои махсуси омӯзишӣ истифодаи самараноки техникаву технологияҳои муосири таълимиро азхуд намуданд.

Истифода намудани имкониятҳои технологияҳои муосири иттилоотӣ дар низоми маорифи кишвар айни замон масъалаи асосии соҳа мебошад.

АМИТ «Ховар»: — Албатта, муҳим он хоҳад буд, ки дар мактабҳои мо аз ин васоити наву муосири техникӣ дар раванди таълим ва тарбияи насли наврас дуруст ва самаранок истифода бурда шавад, ҳамин тавр не? 

М. Муинӣ: — Дуруст аст. Ҳадафи асосӣ ҳам ҳамин аст. Маҳз бо ҳамин мақсад, масалан, Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар муассисаҳои таълимӣ Барномаи «Рӯзномаи электронӣ»-ро роҳандозӣ намуда истодааст, ки хеле муосир буда, дар худ масоили гуногуни ахборотию маълумотиро ҷой додааст.

АМИТ «Ховар»: — Ин чӣ навъ барнома аст ва чӣ гуна кор мекунад?

М. Муинӣ: — Ин Барнома бо мақсади арзёбии мунтазами таълими хонандагон таҳия шуда, дар он чунин унсурҳо, ба монанди дафтари (журнали) электронии синф, рӯзномаи электронӣ, ҷадвали дарсҳои асосӣ ва иловагӣ, назорати ҳозиршавӣ ба дарсҳо, мониторинги сатҳи дониши хонандагон пешбинӣ гардидааст. Яъне ин Барнома аз маҷмӯи хизматрасонии электронӣ ба волидони хонандагон иборат буда,барои назорати одобу ахлоқ ва рафтору кирдори мактабиён, пешгирии ҳолатҳои номатлуб, дарсгурезӣ, низоъҳо ва дигар амалҳои ғайриахлоқӣ, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» хамчун механизми амалӣ истифода бурда  шуда истодааст.

АМИТ «Ховар»: — Маълум аст, ки таҷҳизонидани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои таълимӣ ва илмию таҳқиқотӣ муҳимтарин омили баланд бардоштани сифати таҳсилот ва дараҷаи азхудкунии хонандагон аз фанҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва риёзӣ ба ҳисоб меравад…

М. Муинӣ: — Бале. Дар ин самт бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 22 феврали соли 2018, №120 «Барномаи таъмини муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020» ба тасвиб расидааст, ки тибқи он дар давоми се сол харидории 111 адад кабинетҳои фаннӣ ба нақша гирифта шудааст. Давоми се соли охир аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 182 адад кабинетҳои фаннӣ, аз ҷумла дар соли 2018 66 адад, дар соли 2019 104 адад ва дар соли 2020 12 адад кабинетҳои фаннӣ харидорӣ карда шуда, ба муассисаҳои таълимии пойтахт дастрас карда шуданд.

Дар ин давра муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе бо 933 адад кабинетҳои фаннии табиӣ – риёзӣ, аз ҷумла 144 адад кабинети физика, 123 адад кабинети химия, 125 адад кабинети биология, 161 адад кабинети математика, 87 адад кабинети география, 264 адад кабинети технологияи иттилоотӣ ва 29 адад кабинети санъати тасвирӣ ва нақшакашӣ таъмин мебошанд, ки аз ин 392 ададаш бо озмоишгоҳҳои таълимӣ аз фанҳои химия, биология ва физика муҷаҳҳаз мебошанд.

Рушди мактабу маориф пеш аз ҳама ба омӯзгорони касбӣ вобаста мебошад. Ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе 2886 нафар омӯзгор, аз ҷумла фанҳои дақиқ (физика, химия) 998 нафар, фанҳои табиатшиносӣ (зоология, ботаника, биология, география) 801 нафар ва фанҳои риёзӣ (математика, геометрия, алгебра, нақшакашӣ) 1087 нафар фаъолият намуда, ба 5781 нафар хонандагон дар 197 адад синфҳо аз равияи фанҳои дақиқу табиатшиносӣ ва риёзӣ таълим медиҳанд.

АМИТ «Ховар»: — Такмили ихтисоси устодону омӯзгорон дар кадом сатҳ ба роҳ монда шудааст?

М. Муинӣ: — Тибқи «Барномаи давлатии рушди системаи такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» дар нимсолаи якуми  ҳамин сол  36 курси такмили ихтисос бо фарогирии 845 нафар омӯзгорон,  аз ҷумла 5 курс оид ба фанҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва риёзӣ бо фарогирии 119 нафар омӯзгорон доир карда шуданд.

Барои густариш пайдо намудани омӯзиши илмҳои дақиқу табиатшиносӣ дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва иловагии шаҳри Душанбе 544 адад маҳфилҳо (“Физикони ҷавон”, “Робототехника”, “Барномасози наврас” ва ғайра) ва 63 иттиҳодияҳои таълимӣ  фаъолият мекунанд.

Ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, эҷодкорӣ, навовариву ихтироъкорӣ, омӯзиши амиқи илмҳои дақиқ, ташаккули сатҳи фарҳанги техникӣ, ҷорӣ намудани техникаю технологияи муосир дар раванди таълим ва дастгирии ихтироъкорону навоварони наврасу ҷавон ҳамасола тибқи қарорҳои дахлдори Раиси шаҳри Душанбе “Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе” эълон ва баргузор  карда мешавад.

АМИТ «Ховар»: — Тавре медонем,  порсол  чунин ҳафта дар моҳи май гузаронида шуда буд?

М. Муинӣ: — Оре, рӯзҳои 20 – 25 майи соли 2019  “Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе” доир карда шуд ва дар чаҳорчӯби он чорабиниҳо ва маҳфилҳои гуногуни оммавӣ ҷиҳати илмомӯзӣ, пешбарии корҳои илмию таҳқиқотӣ, омӯзишу аз худ кардани технологияи иттилоотиву коммуникатсионӣ, ташвиқи ғояҳои навовариву ихтироъкорӣ бо иштироки наврасону ҷавонон дар сатҳи баланди ташкилӣ доир гардида, 444 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар 16 самти илм худро муаррифӣ намуданд ва 134 нафар беҳтаринҳо бо шоҳчоиза ва диплому туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Бо дарназардошти вазъи баамаломада дар робита бо пандемияи COVID-19 соли ҷорӣ чорабиниҳои “Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе” тавассути сомонаи интернетӣ (ictweek.tj) дар шакли фосилавӣ эълон гардида, аллакай хонандагон 145 лоиҳаҳои илмию эҷодӣ ва техникиву ихтироъкории худро тариқи фосилавӣ пешниҳод намуданд.

АМИТ «Ховар»: — Медонем, ки роҳбарияти пойтахт омӯзгорону толибилмонро пайвасти аз ҷиҳати моддию иҷтимоӣ ҳавасманд мегардонанд…

М. Муинӣ: — Албатта. Дастгирии   омӯзгорону хонандагон яке аз омилҳои асосии  рушд ва омӯзиши фанҳои дақиқу табиташиносӣ ба шумор меравад.

Бо ин мақсад бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 2 октябри соли 2019, таҳти №597 «Дар бораи ҳавасмандгардонии омӯзгорони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе» 52 нафар омӯзгорон ҳар кадом ба маблағи 3000 сомонӣ дар умум 156 ҳазор сомонӣ мукофотонида шуда, 12 нафар омӯзгорон бо унвонҳои соҳавии маориф ва фарҳанг сарфароз гардонида шуданд. Инчунин барои 200 нафар хонандагону донишҷӯёни аълохону соҳибистеъдоди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбии шаҳри Душанбе аз соли 2017 стипендияи Раиси шаҳри Душанбе дар ҳаҷми 300 сомонӣ (барои 9 моҳи хониш) муқаррар шудааст, ки баҳри ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба азхудкунии илму донишҳои замонавӣ руҳбаланд месозад.

Фароҳам овардани шароити муосири донишомӯзӣ, таъминоти муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои баландихтисос, таҳкими таҳкурсии моддиву техникии мактабҳо ва робитаи доимӣ бо падару модарон, ба баланд шудани сатҳу сифати таҳсилот ва иштироки фаъоли хонандагон дар олимпиадаҳои дохиливу байналмилалӣ мусоидат карда истодааст.

Соли 2019 дар панҷ даври олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ 129 нафар ва дар дар соли 2020 дар ду даври олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ 58 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе аз фанҳои табиӣ-риёзӣ ба дарёфти ҷойҳои фахрӣ мушарраф гардида, 43 нафар хонандагон дар олимпиадаву озмунҳои байналмилалӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд.

Ҳамин тарик, баҳри таълиму тарбияи ҳамаҷонибаи насли наврас аз ҷониби давлату ҳукумат ба соҳаи маорифи шаҳри Душанбе ва муассисаҳои ба он вобаста тамоми шароити кору фаъолият фароҳам оварда шуда, баҳри боз ҳам беҳтар намудани он таҳти роҳнамоиҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иқдомҳои наву тоза рӯи даст гирифта мешаванд.

Бо назардошти ин масъулину кормандони соҳа тарбияи насли ватандӯсту ояндасозро рисолати худ дониста, дар ин самт кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки беш аз пеш заҳмат бикашанд.

 

 

МАЪЛУМОТНОМАИ АМИТ «ХОВАР»:

МУИНӢ Мавсума Муинзода 8 октябри соли 1981 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.

Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намудааст.

Соли 2003 фаъолияти худро ҳамчун омӯзгори кафедраи ҳуқуқ ва мурофиаи ҷиноятии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оғоз намуд.

Аз соли 2004 то 2009 дар кафедраҳои «Ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ» ва «Ҳуқуқи ҷиноятӣ ва криминалистика»-и Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба ҳайси омӯзгор фаъолият кардааст.

Солҳои 2009-2014 Муовини Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 июли соли 2014 муовини якуми Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида то 12 январи соли 2017 дар ин вазифа фаъолият намудааст.

12 январи соли 2017 муовини Раиси шаҳри Душанбе таъйин гардид.

Соли 2019 Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодиёт ва идоракунӣ дар корхонаҳо хатм намудааст.

Забонҳои русӣ ва англисиро медонад.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2015 бо медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардонида шудааст.

Оиладор, соҳиби 2 фарзанд.

Июль 24, 2020 17:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
Ғолибони озмунҳои шаҳрии «Беҳтарин донандаи Конститутсия» ва «Омилҳои коррупсиониро маҳкум месозем» қадрдонӣ шуданд
Шурои якуми соҳибкорзанон баргузор шуд
ЭҲЁИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Бо Пешвои миллати фарҳангдӯст ва ҳунарпарварамон ифтихор дорем
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДОНИШҶӮЁН. Ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон таҳсили намунавӣ менамоянд
Дар шаҳри Душанбе Рӯзи Президенти Тоҷикистон бошукӯҳ таҷлил гардид
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ИНСОН». Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
31 ОКТЯБР-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Зиёд гардидани ҳудуди сохтмонии шаҳри Душанбе то 25 ҳазор гектар дар соли 2040 пешбинӣ гардидааст
Дар Душанбе барои таҷлил намудани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ мебинанд
Дар Душанбе Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил мегардад
ИМРӮЗ-РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Имсол Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон раёсати Шурои иттифоқҳои касабаи Осиёи Марказиро ба уҳда дорад
«ДУШАНБЕ-ОЯНДАИ ҲУШМАНД ВА УСТУВОР». Таҳти чунин унвон имрӯз Форуми миллӣ оид ба Шарҳи ихтиëрии маҳаллӣ доир шуд