ФУТБОЛ. Маҳмадҷон Ҳабибуллоев сармураббии нави дастаи «Куктош» таъйин шуд

Июль 7, 2020 12:40

ДУШАНБЕ, 07.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Чемпионати Тоҷикистон аввалин истеъфои мураббӣ рух дод. Сармураббии дастаи «Куктош»  Раҳматулло Фузайлов бинобар натиҷаҳои ғайриқаноатбахши даста истеъфо дод. Яке аз мураббиёни муваффақи тоҷик, Мураббии шоистаи Тоҷикистон Маҳмадҷон Ҳабибуллоев  дар вазифаи сармураббии дастаи «Куктош» Раҳматулло Фузайловро иваз кард, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон. 

Пас аз ҳашт даври Чемпонати Тоҷикистон «Куктош» бо 9 имтиёз дар зинаи ҳафтуми ҷадвал қарор дорад.

Сармуррабии нави «Куктош» Маҳмадҷон Ҳабибуллоеви 55-сола бо дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода шаш маротиба дар Чемпионати Тоҷикистон медали тилло ба даст овардааст.

Ба ғайр аз «Регар-ТадАЗ», Ҳабибуллоев дар дастаҳои «Далерон-Ӯротеппа», «Равшан» ва «Ҳосилот» кор кардааст. Илова бар ин, дар як вақт ӯ дастаҳои мунтахаби ҷавонони Тоҷикистонро роҳбарӣ мекард. Чанде пеш мутахассиси 55-сола ҳамчун коршиноси шабакаи «Телевизионии Варзиш» кор кард.

Аввалин бозии Маҳмадҷон Ҳабибуллоев ба ҳайси сармураббии «Куктош» рӯзи шанбе, 11 июл баргузор мешавад. Дар ин рӯз дастаи ноҳияи Рӯдакӣ —  «Куктош» бо  дастаи «Файзканд»- и Восеъ вомехӯрад.

Июль 7, 2020 12:40

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд