Ифтитоҳи коргоҳи нави ҳасиббарории ҶДММ «Ширкати Азизӣ» аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва муаррифии фермаи парандапарварии «Дӯсти Азиз» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
ДУШАНБЕ, 02.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров коргоҳи нави ҳасиббарории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ширкати Азизӣ»-ро мавриди истифода қарор доданд.
Корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот соли 2018 оғоз гардида, дар муддати кӯтоҳ ва бо сифати баланд анҷом дода шудааст. Корхонаи ҳасиббарорӣ аз 1 бинои асосӣ, 4 бинои ёрирасон ва ошхона иборат буда, аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Абдуаҳад Самадзода бунёд гардидааст.
Бо ба истифода додани коргоҳи ҳасиббарории ҶДММ «Ширкати Азизӣ» 32 нафар бо кор ва маоши хуб таъмин гардиданд. Мавриди зикр аст, ки пеш аз оғози кор, мутахассисон аз курсҳои омӯзишии кӯтоҳмуддат гузашта, нозукиҳои фаъолият дар чунин коргоҳҳоро аз худ мекунанд.
Аснои боздид Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкор баҳои баланд дода, ташкили коргоҳро дар коҳиш додани маҳсулоти воридотӣ муҳим арзёбӣ намуданд. Иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров то ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди беш аз 20 корхонаи саноатӣ ба нақша гирифта шудааст, ки то имрӯз 8 адади он мавриди истифода қарор гирифтааст. Коргоҳи мазкур низ аз ҷумлаи иншооти ҷашнӣ ба ҳисоб рафта, иқтидори истеҳсолии он дар як шабонарӯз аз 800 то 1000 килограмм маҳсулотро ташкил медиҳад. Корхона бо маҳсулоти нотайёри дохилӣ айни ҳол 40 навъи ҳасиб истеҳсол менамояд.
Бояд зикр намуд, ки ширкати мазкур ба бозори истеҳсоли ҳасиби Тоҷикистон аз соли 2015 ворид шуда, дар ин муддат бо истеҳсоли маҳсулоти хушсифат ва рақобатпазир тавонист дар бозор мавқеи худро пайдо намояд. Махсусан пас аз он ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи парандапарварӣ як қатор имтиёзҳои андозиву гумрукӣ муқаррар намуд, фаъолияти ин ширкат низ чун дигар корхонаҳои ин соҳаи зудрасу сердаромад тақвият ёфт. Аз ҷумла барои бо нархи дастрас таъмин намудани истеҳсолоти дохилӣ бо ашёи хом, яъне гӯшти мурғ, моҳи марти соли равон дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров як фермаи парвариши мурғи гӯштиро фаъол гардониданд. Ин имкон медиҳад, ки коргоҳи ҳасиббарорӣ дар ҳамаи фаслҳои сол бо ашёи хом таъмин бошад.
Дар доираи дастгириҳои давлатӣ ва бо истифода аз имтиёзҳои муқарраргардида, масъулони ин ширкати истеҳсолӣ ҳамчунин фабрикаи парвариши мурғи тухмдеҳро низ ба истифода доданд. Акнун пас аз ба тухм даромадани чӯҷаҳо, як қисми маҳсулот барои истеҳсоли ҳасиб истифода мешавад, қисми дигарашро ба бозори истеъмолӣ мебароранд.
Маҳсулоти тайёри корхона дар минтақаҳои гуногуни кишвар, аз ҷумла шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва шаҳри Душанбе харидорони зиёд дорад. Масъулон дар оянда нақша доранд, ки бо баланд бардоштани сифати маҳсулот, ба бозорҳои хориҷӣ низ роҳ ёбанд.









Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара барои бунёди калонтарин Маркази савдо ва хизматрасонӣ санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара санги асос гузоштанд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ба фаъолияти марҳилаи дуюми корхонаи муштараки «Муосир» оғози расмӣ бахшиданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ба бунёди марҳилаи дуюми Маҷмааи парандапарварии «Мармарӣ» санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак Маҷмааи гармхонаҳои ҶДММ «Гулнур»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак ба фаъолияти хатҳои истеҳсоли панҷараҳои оҳанин оғоз бахшиданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак корхонаи саноатии истеҳсоли обҳои нӯшокии «Глобал Инвест»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак 8 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон агрегати №7-и Неругоҳи барқи обии «Норак»-ро баъд аз таъмиру навсозӣ ба истифода доданд
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соҳаи коркард беш аз 20 фоиз зиёд шудааст
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳаҳои Обигарм, Себистон ва Лолагии шаҳри Ҳисор кӯдакистону муассисаҳои таълимӣ бунёд мегарданд
Бахшида ба Ҳафтаи илми тоҷик дар Хонаи китоби Тоҷикистон конференсияи илмӣ доир шуд






