Маҳмадшоҳ Гулзода: «Дар Донишгоҳ тиббӣ шумораи донишҷӯдухтарон афзуд»
ДУШАНБЕ, 16.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино теъдоди донишҷӯдухтарон нисбат ба соли гузашта 2,5% зиёд шуда, нисбат ба шумораи умумии донишҷӯён 41,7%-ро ташкил медиҳад. Шумораи умумии донишҷӯёни донишгоҳ 10509 нафар мебошад.
Дар ин хусус ректори Донишгоҳи тиббӣ Маҳмадшоҳ Гулзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба намояндагони воситаи ахбори омма иттилоъ дод.
Ректор афзуд, ки дар баробари донишҷӯёни ватанӣ дар донишгоҳ инчунин шумораи муҳасиллин аз хориҷи мамлакат низ зиёд гардидааст.
Теъдоди муҳассилини хориҷӣ дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар ҳоли афзоиш буда, айни замон 1553 нафар донишҷӯ аз 14 давлати дунё, аз ҷумла аз Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, кишварҳои Афғонистон, Ҳиндустон ва ғайраҳо таҳсил менамоянд. Дар донишгоҳ таҳсил барои донишҷӯён бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст.
Мавриди зикр аст, ки нисбат ба ҳамин давраи таҳсили соли гузашта дар донишгоҳ сифати таълим 1,2% ва дараҷаи дарсазхудкунӣ 6,6% беҳтар шудааст. Дар сессияи имтиҳонии тобистона сифати таълим 35,4% % ва дараҷаи дарсазхудкунӣ 83,2%-ро ташкил дод. Нисбат ба ҳамин давраи таҳсили соли гузашта сифати таълим 1,1% ва дараҷаи дарсазхудкунӣ 2,0% беҳтар шудааст.
Дар фарҷоми нишаст зикр гардид, ки имрӯз ҷаҳон оид ба сар задани мавҷи дуюми коронавирус сару садоҳо зиёд аст. Мутаассифона, Тоҷикистон низ аз ин вабо дар канор нест. Аз ин рӯ, Донишгоҳ омодагии ҷиддӣ дидааст, то ҳангоми сар задани мавҷи дуюм, дар ҳолати карантин тариқи видео-онлайн омӯзишро бо донишҷӯён ба роҳ монда, онҳоро дар дохилу хориҷи мамлакат ба ин курсҳо фаро гирад.








Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд






