Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даври иловагии имтиҳонҳоро доир менамояд
ДУШАНБЕ, 04.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон довталабоне, ки дар даври асосии ИМД қисми А имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ ё қисми Б имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ иштирок карда натавонистанд, 12 июл даври иловагии имтиҳонҳоро дар марказҳои имтиҳонии шаҳри Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Хоруғ доир менамоянд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Маркази миллии тести назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Бино ба иттилои манбаъ, довталабе, ки дар даври асосии имтиҳон иштирок карда натавонист ва дар даври иловагии имтиҳон иштирок кардан мехоҳад, бояд маблағи иловагии хизматрасониро пардохт намуда, ба маркази имтиҳонсупорӣ ариза пешниҳод намояд.
Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши хизматрасонӣ дар соли 2020 барои як довталаби дар даври иловагии имтиҳон қисми А ё Б иштироккунанда 60 сомонӣ муқаррар намудааст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохти маблағро дар даври иловагии ба чунин шахсон озод намудааст:
— ятимони кул ва бепарасторони то 21-сола,
— маъюбони гурӯҳҳои 1-ум ва 2-юм ва кӯдакони маъюбе, ки падар ё модарашон вафот кардааст ё дар парастории яке аз онҳоянд.
Шахсони то 21-солае, ки падар ё модарашон вафот кардааст ё дар парастории яке аз онҳоянд, маъюбони гурӯҳҳои 1-ум ва 2-юм аз пардохти 50 фоиз маблағ барои хизматрасонӣ дар даври иловагии ИМД-2020 озоданд. Агар шахс ҳам маъюби гурӯҳи 1-ум, 2-юм ё «кӯдаки маъюб» бошаду ҳам падар ё модараш вафот карда бошад, ё дар парастории яке аз онҳо қарор дошта бошад, он гоҳ ӯ аз пардохти маблағ барои хизматрасонӣ дар даври иловагии пурра озод мебошад. Он нафаре, ки дар марҳалаи асосии бақайдгирӣ ё марҳалаи иловагии бақайдгирӣ сабти ном накардаанд, ҳуқуқи иштирок карданро дар даври иловагии имтиҳонҳо надоранд.
Муҳлати қабули аризаҳо дар шаҳру ноҳияҳо то 7 июл ва дар Марказ то 9 июл муқаррар гардидааст.
АКС аз бойгонӣ








Агентии хизмати давлатӣ талаботи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ»-ро мавриди санҷиш қарор дод
Дар Тоҷикистон сомонаи сифати ҳаво фаъол гардид
Дар Тоҷикистон баландшавии ҳарорати ҳаво то 20 июл боқӣ мемонад
Ба 200 нафар занон — ғолибони лоиҳаҳои гранти президентӣ дар соли 2026 Диплом супорида шуд
Дар ноҳияи Айнӣ корҳои бартарафсозии оқибатҳои сел ва барқарорсозии инфрасохтори зарардида идома доранд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Беш аз 106 миллион сомонӣ ба манфиати модару кӯдак рӯёнида шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Маркази тадқиқоти стратегӣ бо 47 муассисаи илмӣ-таҳқиқотии хориҷӣ ҳамкорӣ дорад
ТАШАББУСИ НАВИ ҶАҲОНИИ ТОҶИКИСТОН ДАР РОҲИ ЭЪМОРИ СУЛҲИ ПОЙДОР. Андешаҳо дар ин маврид
Дар канори роҳи Душанбе–Чанок корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ идома доранд
Оид ба нақши занон дар низоми адолати судӣ конфронси байналмилалӣ баргузор шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон лоиҳаи 37 санади меъёрии ҳуқуқиро мавриди омӯзиш қарор додааст
Бунафша Файзиддинзода: «Бо вуҷуди коҳиши бекоршавии ақди никоҳ ҳалли ин масъала таваҷҷуҳи доимиро тақозо мекунад»






