«МО ҲАМАГӢ МАСЪУЛЕМ, ҲАР ЯКИ МО МАСЪУЛ АСТ!». Муовини Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба Кодеси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноятӣ шарҳ дод

Июль 10, 2020 14:27

ДУШАНБЕ, 10.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар дода будем, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 4 июли соли равон қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба имзо расониданд. Санадҳои мазкур 7 июл дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» ба чоп расиданд ва мавриди амал қарор гирифтанд.

Минбаъд тибқи қонунгузорӣ, барои риоя накардани қоидаю меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва санитарию эпидемиологӣ ҷазоҳо пурзӯр мегарданд. Хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ оид ба зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ин қонунҳо ва дигар масъалаҳои вобаста ба он бо муовини Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Шараф КАРИМЗОДА ҳамсуҳбат шуд.

АМИТ «Ховар»: — Бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри пешгирии бемории сироятии COVID-19 иқдоми навбатӣ гирифта шуд. Мегуфтед, ки ҳадаф аз ворид намудани тағйиру илова ба  кодексҳои мазкур дар чист?

Шараф Каримзода: — Тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пешгирии паҳншавии бемории COVID-19 ва беҳдошти сиҳатии мардум равона гардида, ба шахсоне, ки қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемикӣ, аз ҷумла талаботи чорабиниҳои маҳдудкунандаи карантиниро вайрон мекунанд, ҷавобгарӣ пешбинӣ менамоянд.

Ҳадаф аз ворид намудани тағйиру иловаҳо — ин саривақт пешгирӣ кардани он таҳдидҳое мебошад, ки дар оянда метавонанд ба вуҷуд оянд.

АМИТ «Ховар»: — Барои шахсоне, ки қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемикӣ, аз ҷумла талаботи чорабиниҳои маҳдудкунандаи карантиниро вайрон мекунанд, чӣ гуна ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст?

Шараф Каримзода: — Шароити нави мубориза бо пандемия нишон дод, ки бо муқаррароти мавҷуда таъмини қоидаҳои мазкур ғайриимкон буда, пурзӯр намудани ҷавобгарӣ мувофиқи мақсад мебошад.

Тибқи иловаҳои воридшуда, агар шахс дар шароити пайдоиш ва паҳншавии беморие, ки барои инсон хавфнок аст, ё ин ки ҳангоми амалигардонии чорабиниҳои маҳдудкунандаи карантинӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, бар хилофи талаботи махсуси мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ бе ниқоб қарор дошта бошад, аз 116 то 290 сомонӣ ҷарима карда мешавад.

Аслан дар гузашта дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ  барои риоя накардани қоидаҳои ҳатмӣ, ки бо мақсади пешгирӣ, ба миён омадан ё паҳн шудани бемориҳои карантинӣ ва дигар бемориҳои сирояткунандаи барои инсон хавфнок қабул шуда буданд,  ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ шуда буд. Вале он дар шакли умумӣ буд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдом гирифт, ки ҳамин масъала мушаххастар карда шавад. Тибқи иловаи нав шахсе, ки дар шароити пайдоиш ва паҳншавии бемориҳои сироятии ба инсон хатарнок дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бе ниқоб сайругашт менамояд, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешавад.

АМИТ «Ховар»: — Ҷойҳои ҷамъиятӣ — аниқтараш куҷо, яъне шаҳрвандон бояд дар куҷо ҳатмӣ ниқоб пӯшанд? 

Шараф Каримзода: — Барои ба вуҷуд омадани таркиби ин намуди ҳуқуқвайронкунӣ зарур аст, ки талаботи махсуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шавад. Имрӯзҳо аз ҷониби вазорати мазкур бо мақсади пешгирии паҳншавии ин беморӣ якчанд тавсияҳо пешниҳод шудааст. Дар баробари ин вазорат ваколат дорад, ки талаботи ҳатмӣ, яъне ҷойҳоеро, ки дар он пӯшидани ниқоби шаҳрвандон зарур аст, муайян намояд. Риояи он барои ҳамаи шаҳрвандон ҳатмӣ аст. Дар таҷрибаи дигар давлатҳо ҷойҳои мушаххас – мағоза, нақлиёти ҷамъиятӣ, хулоса ҷойҳои серодам пешбинӣ шудаанд.

АМИТ «Ховар»: — Қоидаю меъёрҳои санитарию гигиенӣ гуфта чиро дар назар доранд?

Шараф Каримзода: — Қоида ва меъёрҳои давлатии санитарию эпидемиологӣ — санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки талаботи санитарию эпидемиологӣ, аз ҷумла меъёрҳои бехатарӣ ё безарарии омилҳои муҳити зист барои инсон, гигиенӣ ва дигар меъёрҳоро муайян менамоянд ва риоя накардани онҳо метавонад ба ҳаёти инсон, инчунин барои пайдо шудан ва паҳншавии беморӣ таҳдид намояд.

Мутобиқи Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бамеъёрдарории давлатии санитарию эпидемиологӣ ва ҳолатҳои муқаррар намудани талаботи санитарию эпидемиологӣ пешбинӣ шудааст.

Вобаста ба масъалаҳои мазкур фармоишҳои дахлдори Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешаванд. Масалан, бо фармоиши Вазири тандурустӣ соли 2019  Қоида ва меъёрҳои санитарию эпидемиологӣ «Талаботи санитарию эпидемиологӣ ба ҷойгиркунӣ, нигоҳубин ва  ташкили фаъолияти муассисаҳои солимгардонии кӯдакон» қабул шудааст.

АМИТ «Ховар»: — Риояи қоидаю меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва санитарию эпидемиологӣ ба  шахсони  ҳуқуқӣ (корхона,  идораҳо) ҳам дахл доранд? Агар дахл дошта бошанд, дар сурати риоя накардан ба онҳо чӣ гуна ҷазо муқаррар карда шудааст?

Шараф Каримзода: — Риояи қоидаю меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва санитарию эпидемиологӣ, инчунин иҷро накардани чорабиниҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемӣ ба соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ низ (ба ғайр аз баъзе талаботе, ки фақат ба шахсони воқеӣ дахл дорад, масалан, пӯшидани ниқоб) дахл дорад.

Дар сурати риоя накардани қоидаҳо шахсони воқеӣ аз 456 то 696 сомонӣ, соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, аз 1160 то 1740 сомонӣ, соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз 2320 то 3480 сомонӣ, шахсони мансабдор аз 3480 то 4640 сомонӣ ва шахсони ҳуқуқӣ аз 8700 то 11600 сомонӣ ҷарима карда мешаванд.

АМИТ «Ховар»: — Ба Кодекси ҷиноятӣ чӣ тағйироту иловаҳо ворид карда шуданд? Шахсе, ки қоидаю меъёрҳоро вайрон мекунад ё ба заҳролудшавии дигарон мусоидат мекунад, чӣ гуна ҷазо дода мешавад?

Шараф Каримзода: — Барои вайрон кардани қоидаю меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемикӣ ҳам ҷавобгарии маъмурӣ ва ҳам ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст. Агар дар натиҷаи вайрон кардани ин қоидаю меъёрҳо бемории оммавӣ ё заҳролудшавии одамон сурат гирад, шахс ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад.

Барои вайрон кардани қоидаҳои санитарию беҳдоштӣ,  ки аз беэҳтиётӣ боиси паҳн гардидани бемориҳои хатарнок мегарданд, ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 2 то 5 сол  ва боиси расондани зарари вазнин ба саломатӣ, мубталои сирояти вируси норасоии масунияти одам ва ё марги як ва зиёда шахсон гардида бошад, аз 5 то 10 сол пешбинӣ шудааст.

АМИТ «Ховар»: — Нафаронеро, ки маълумоти баръало бардурӯғ ва иттилооти аз ҳақиқат дур оид ба шароити пайдоиш ва паҳншавии бемории барои инсон хавфнокро паҳн мекунанд, чӣ интизор аст?

Шараф Каримзода: — Минбаъд барои паҳн намудани маълумоти баръало бардурӯғ ва иттилооти аз ҳақиқат дур бо истифодаи воситаҳои ахбори омма, интернет ё дигар шабакаҳои алоқаи барқӣ оид ба шароити пайдоиш ва паҳншавии бемории барои инсон хавфнок, ҳангоми амалигардонии чорабиниҳои маҳдудкунандаи карантинӣ ва ё дар бораи тарзу усулҳои ҳифз ва дигар чораҳои вобаста ба таъмини амнияти аҳолӣ андешида шудаанд, ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст.

Дар асоси илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои паҳн намудани маълумоти бардурӯғ ба ашхоси воқеӣ ба андозаи аз 580 то 1160 сомонӣ ҷарима ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати аз 10 то 15 шабонарӯз, ба шахсони ҳуқуқӣ аз 8700 то 11600 сомонӣ ҷарима пешбинӣ гардидаст.

АМИТ «Ховар»: — Одамони ҳамаи синну сол ё сину соли муайян   ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд?

Шараф Каримзода: — Шахсе, ки ба синни 16 расидааст,  аллакай масъулият дорад.

АМИТ «Ховар»: — Ваколатдори татбиқкунандаи тағйиру иловаҳо кадом мақомот аст?

Шараф Каримзода: — Мақоми ваколатдори татбиқкунандаи ин тағйиру иловаҳо Хадамоти санитарию эпидемиологӣ ба ҳисоб меравад. Ин мақоми ваколатдор метавонад, ки дар доираи ҳамин ҳудуди муайяншуда шахсонеро, ки қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемикӣ, аз ҷумла талаботи чорабиниҳои маҳдудкунандаи карантиниро вайрон мекунанд, ҷарима бандад.

Масъалаи ҷавобгарӣ барои риоя накардани қоидаҳои санитарию эпидемеологӣ таҷрибае нест, ки имрӯз дар натиҷаи пандемияи COVID-19 ба вуҷуд омада бошад. Чунин ҷазо дар гузашта ҳам мавҷуд буд ва бо пеш омадани вазъияти пандемия он такмил дода  ва мушаххас карда шуд.

Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани дигар қоидаҳои ҳатмии санитарию эпидемиологӣ то имрӯз дар санадҳои меъёриву ҳуқуқии мо мавҷуд буд, вале дар он зарурати пӯшидани ниқоб ҷой надошт. Вақте, ки бемории COVID-19 хуруҷ кард, мутахассисон муайян карданд, ки доштани ниқоб хавфи паҳншавии бемориро камтар мекунад. Яъне ҳоло барои таъмини сиҳатии аҳолӣ пӯшидани ниқоб зарурат дорад. Бинобар ин давлатҳои дигари ҷаҳон низ ба қонунгузории худ тағйиру иловаҳои дахлдорро ворид намуданд ва барои бе ниқоб гаштан  дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҷавобгарӣ пешбинӣ карданд.

АМИТ «Ховар»: — Дар шабакаҳои иҷтимоӣ баъзеҳо ворид шудани тағйиру иловаҳоро маҳдудкунии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд маънидод мекунанд. Дар ягон санади байналмилалӣ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ё қонунгузории соҳавӣ асос ва зарурияти маҳдуд намудани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд  таъкид шудааст?

Шараф Каримзода: — Дар ҳақиқат оқибатҳои ин беморӣ ба тамоми равандҳои ҷаҳонию минтақавӣ, ба ҳама соҳаҳои ҳаёти сиёсию ҷамъиятӣ то ба ҳар як фарди алоҳида таъсир гузошт. Мутаносибан, давлатҳои ҷаҳон ба ин мушкилоти аср дар ҳаҷму мазмуни гуногун эътино оварда, тадбирҳои дахлдорро(чорабиниҳои пурзӯри карантинӣ, маҳдуд намудани озодии сукунат ва ғайра) роҳандозӣ намуданд.Чорабиниҳои маҳдудкунандаи амалишуда аз ҷониби созмону ташкилотҳо ва шахсони алоҳида ба  таври гуногун пазируфта шуда, сару садоҳои гуногун баланд гардид.

Новобаста ба ин, бояд зикр намуд, ки татбиқи чораҳои маҳдудкунанда зарурати айнӣ дошта, натиҷаи тақозои ҳолати мавҷуда мебошад.

Тавре ба ҳамагон маълум аст, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд асоси фаъолияти давлатро ташкил мекунад. Мавҷудияти ҳуқуқ ва озодии инсон аз нишонаҳои муҳими давлати ҳуқуқбунёд аст. Имрӯзҳо тамоми давлатҳои ҷаҳон кӯшиш мекунанд, ки барои ҳуқуқу озодиҳои инсон бемаҳдудият шароит фароҳам оваранд. Вале дар баробари ин бояд ба инобат гирифт, ки ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд бемаҳдуд буда наметавонанд. Ин нуктаро ба назар гирифта, тамоми санадҳои байналмилалӣ асосҳои маҳдуд намудани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандро пешбинӣ намудаанд.

Аз ҷумла, яке аз асосҳои маҳдуд намудани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд – ин таъмини сиҳатии аҳолӣ аст. Ба хотири солимии ҷомеа баъзе ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд маҳдуд карда мешавад. Аммо талаботи байналмилалие ҷой дорад, ки ин маҳдудиятҳо фақат дар сатҳи қонун амалӣ карда шаванд.

Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар қисми 3 моддаи 14 омадааст: “Бо мақсади таъмини сиҳатии аҳолӣ маҳдуд намудани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд тибқи қонун мумкин аст”. Ҳамзамон маҳдудияти мазкур дар қонунгузории соҳавӣ низ пешбинӣ шудааст.

Ин маҳдудкуниҳо ҳаргиз ҳамчун вайронкунии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд маънидод намешаванд, баръакс чунин тадбирҳои ҳуқуқӣ ба хотири ҳимояи ҳуқуқу озодҳои инсон андешида мешаванд. Масалан, тибқи моодаи 38-и Конститутсияи ҶТ «ҳар шахс ҳуқуқи ҳифзи саломатӣ дорад». Ин ҳуқуқи шаҳрвандро чун дигар ҳуқуқҳои ӯ давлат ҳимоя мекунад ва намегузорад, ки як нафар бемасъулиятӣ зоҳир карда (масалан, аз пӯшидани ниқоб сарпечӣ карда), саломатии чандин нафар атрофиёни худро зери хатар гузорад.

Дар ин замина бояд хотирнишон сохт, ки дар тамоми санадҳои байналмилалӣ чунин маҳдудият пешбинӣ шудааст.Яъне дар ин ҳолат стандартҳои байналмилалии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд риоя мешаванд.

Ҳанӯз дар раъйпурсии умумихалқӣ 22 майи соли 2016 ба қисми 3 моддаи 14 Конститутсияи ҶТ тағйирот ворид карда шуда, тибқи он маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба мақсади таъмини сиҳатии аҳолӣ  раво дониста шуд. Ва, албатта, ин  муқаррарот дар ҷойи хушку холӣ ба вуҷуд наомадааст. Дар бонуфузтарин санади дорои хислати ҳатмии байналмилалӣ вобаста ба ҳуқуқии инсон — Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ (1966) дар 5 модда маҳдуднамоии ҳуқуқии инсон бо мақсади таъмини солимии аҳолӣ   мушаххас шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз иштирокчиёни фаъоли ин Паймони байналмилалӣ буда, пайваста оид ба иҷрои талаботи ин ниҳоди дахлдори СММ гузориш  медиҳад.

Аз ин лиҳоз, бо таваҷҷуҳ ба ин муқаррароти Конститутсия ва стандартҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон, фикр мекунам  пешбинӣ намудани маҳдудиятҳо на танҳо ҷоиз, балки зарурӣ низ мебошад. Чунки давлат моҳиятан уҳдадории байналилалии таъмини сиҳатии аҳолиро дошта, барои ин амал дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ масъул  аст.

АМИТ «Ховар»: — Шумо зикр кардед, ки давлатҳои дигари ҷаҳон низ дар вазъияти пандемия ба қонунгузории худ тағйиру иловаҳои дахлдор ворид намуданд…

Шараф Каримзода: — Бале, ҳамин тавр. Масалан, ба қонунгузории  Федератсияи Россия, Ӯзбекистон (ду маротиба таҷдиди назар карда шуд), Қазоқистон, Латвия, Украина, инчунин давлатҳои Аврупоӣ чунин тағйироти дахлдор ворид карда шуд. Дар Олмон барои дар нақлиёт ва дар мағозаҳо бе ниқоб қарор доштан ҷавобгарии маъмурӣ, дар Туркия бошад, барои риоя накардани реҷаи ниқоб ҷавобгарии сахттар  пешбинӣ шудааст.

Ин давлатҳо аллакай таҷрибаи чандмоҳҳаи татбиқи ҳамин меъёрро доранд. Онҳо зарурати ин масъаларо дарк карданд. Таҷрибаи баъзе давлатҳои аврупоӣ нишон дода истодааст, ки татбиқи ҳамин чораҳои маҳдудкунанда натиҷаи мусбат дода истодааст.

Яъне, ҳар иқдоме, ки бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории COVID-19 ва беҳдошти сиҳатии мардум аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта мешавад, ба хотири таъмини сиҳатии аҳолӣ ва таъмини амнияти давлату ҷамъият аст. Онҳо ба стандартҳои байналмилалӣ ягон мухолифат надоранд.

Як чизро бояд ба назар гирифт, ки агар дар баробари тадбирҳои судманде, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон андешида мешаванд, ҳар як шаҳрванд масъулияти худро дар назди аҳолӣ дарк накунад, ин чорабиниҳои пешгирикунанда самараи дилхоҳ дода наметавонанд. Бинобар ҳамин ҳар як фард  дар назди ҷомеа, ки узви он аст,  бояд худро масъул донад  Зеро солимии ҷомеа аз риояи қоидаҳои санитарӣ аз ҷониби ҳар як нафари алоҳида  вобаста  аст.

АМИТ «Ховар»: — Яъне, тавре устод Садриддин Айнӣ навиштааст, «мо ҳамагӣ масъулем, ҳар яки мо маcъул аст».

Шараф Каримзода: — Бале.

Июль 10, 2020 14:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Ҷашни Наврӯз ва истиқлолу озодӣ – ин ду мафҳуми барои ҳар яки мо азизу муқаддас аст»
«КАЪБА ЧӢ МЕРАВӢ, ДИЛЕРО ДАРЁБ…». Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Пешвои миллат: «Боиси ифтихор аст, ки Наврӯз – калимаи асили тоҷикӣ, яъне «рӯзи нав» ҳоло барои миллионҳо аҳолии сайёра ҳамчун рӯзи ҷашни фархунда вирди забон аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯз аз ҷумлаи бузургтарин ва маҳбубтарин ҷашнҳои тоҷикон мебошад»
СИЁСИШАВИИ ДИН — ХАТАР БА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ВА СУБОТИ ҶОМЕА. Андешаҳои профессор Нозим Маҳмадизода дар ин мавзуъ
Президенти Тоҷикистон: «Бо назардошти шароити замона анъанаи неки гузаштагон – сарфаю сариштакориро бояд риоя намоем»
Сулаймон Талбакзода: «Дарси хештаншиносӣ ва хизмат ба халқу Ватанро аз Пешвои миллат бояд омӯзем»
Президенти Тоҷикистон: «Мушкилоти таъмини аҳолии сайёра бо озуқаворӣ моро водор менамояд, ки ҳар қитъа заминро оқилонаву самаранок истифода барем»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Ойинҳои наврӯзӣ аҳли башарро ба таҳаммулгароӣ, бунёдкориву созандагӣ ҳидоят менамоянд»
Пешвои миллат: «Дар шароити кунунӣ зарур аст, ки ба кишти такрорӣ, гирифтани се – чор ҳосил аз заминҳои обӣ эътибори аввалиндараҷа дода шавад»
Наврӯз дар баробари забони тоҷикӣ бунёди худшиносии тоҷиконро низ ташаккул додааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Мақому ҷойгоҳи Наврӯз он қадар баланд буд, ки ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад»