«ОЗОДАПАЛАНГ, ЭЙ РАМЗИ ВИҚОРУ НАНГИ МЕҲАН…». Чакомаи шоир ва публисист Камол Насрулло бахшида ба Рӯзи байналмилалии паланг

Июль 29, 2020 09:45

ДУШАНБЕ, 29.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар саросари дунё Рӯзи байналмилалии паланг таҷлил карда мешавад, ки он моҳи ноябри соли 2010 дар шаҳри Санкт-Петербурги Россия, дар Форуми байналмилалӣ оид ба масоили вобаста ба ҳифзи паланг дар рӯи Замин таъсис дода шудааст.

Чакомаи шоир ва публисист, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол НАСРУЛЛО, ки дар зер пешниҳоди хонандагон мегардад,  ба ҳамин муносибат бахшида шудааст.

13 кишвари дунё, ки ҳанӯз дар марзҳояшон паланг зиндагӣ мекунад, ташаббускори таъсиси ин сана буданд. Давоми ин форум  Барномаи ҳифз ва барқароркунии ҷинси паланг, ки солҳои 2010-2020-ро фаро мегирад, таҳия ва қабул гардид, ки ҳадафаш ду карат зиёд кардани миқдори палангон мебошад.

Воқеан ҳам, аз мушкилоте, ки имрӯз дар пешорӯйи сокинони кураи  Замин меистад, мушкили экологӣ, тағйири иқлим ва вобаста ба ин аз байн рафтану кам гардидани бисёр растаниҳою ҷонварон ва ҳайвоноти нодири сайёра мебошад, ки таъсир ва зиёни манфии он эҳсос мешавад. Барои задани бонги хатар ва додани ҳушдор ба инсонҳо аз ин хусус  Китоби сурхи умумиҷаҳонӣ ва китоби сурх дар ҳар давлат таъсис дода шудааст, ки ба он номгӯи нодиртарин рустаниву ҳайвоноти дунё, ки дар зери хатари ба тамом нестшавиянд, дохил гардидаанд.

Паланг яке аз он ҷонваронест, ки бо таъсири тағйирёбии табиат ва  хусусан  шикори бераҳмонаи инсонҳо ба он хатари нестшавӣ таҳдид дорад. Аз соли 1947 шикори  паланг қатъиян манъ шудааст. Аммо бо вуҷуди ин шикори паланг аз ҷониби вайронкунандагони қонун давом дорад.

Камол Насрулло

Мутаассифона, дар табиати ваҳшӣ, дар тамоми олам ҳамагӣ на беш аз панҷ ҳазор паланг боқӣ мондааст ва ин миқдор ҳам пайваста коҳиш меёбад. Солҳои охир теъдоди ин ҷонвар 25 баробар кам гардида, имрӯз ба он хатари нестӣ таҳдид дорад. Дар бисёр мавридҳо паланг қурбонии шикорчиён (браконерҳо) мегардад. Ва ин масъала наметавонад инсониятро ба изтироб наорад.

Дар Тоҷикистони мо  бо номи “Бешаи палангон”  мавзее вуҷуд дорад, ки ин номро ба хотири паланги номдораш гирифта буд. Охирин бор палангро дар ин беша соли 1957 дида буданд. Имрӯз, мутаассифона, аз паланг танҳо ном мондаву худи он кайҳо фирор кардааст, балки мегӯянд ин намуди паланг аз байн рафтааст.

Хушбахтона, як намуди паланги кӯҳӣ, ки бабри барфӣ ё озодапаланг ном бурда мешавад, ҳанӯз дар баландкӯҳҳои  Тоҷикистон маскун аст, ки шумораи он низ башумор мондаасту метавонад маҳв шавад.

Озодапаланг ё бабри барфӣ дар 12 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон  сукунат дорад. Оид ба стратегияи давлатию миллии Тоҷикистон дар ҳифзи озодапаланг ва ташаббусҳои ҷаҳонӣ барои ҳимояи ин ҷонвари нодир борҳо гуфта шудааст.

Озодапаланг ҳайвони ваҳшии нодиртарин  маҳсуб шуда,  ба “Китоби сурх”-и ҷаҳонӣ (1963) ва “Китоби сурх”-и Тоҷикистон (1988) дохил гардидааст.  Озодапаланг зеботарин ҷонвари кӯҳӣ шинохтаву эътироф шудааст.  Мавҷуд будани имкони зисти он дар ҳар давлат, аз ҷумла  дар Тоҷикистони биҳиштосои мо нишони поктарин экосистема дар ин сарзамин аст.

23 октябр дар олам Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ ё озодапаланг эълон гардидааст. Дар кишвари мо ҳар сол ин сана ҷашн гирифта мешавад.

Бояд бо қаноатмандӣ гуфт, ки ҳимояи озодапаланг дар  Тоҷикистон таҳти таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат ва мардуме, ки наздик ба  ҳудуди зисти ин ҷонвари нодир сукунат доранд,  қарор гирифтааст.

Соли гузашта дар Душанбе ҷамъомади “Ҳафтаи  ҳифзи озодапаланг” баргузор гардид, ки маросими ҷамъбасти он дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон сурат гирифт. Агар имрӯз саршумори озодапаланг дар ҷаҳон  аз 3500 то 6000  ҳисобида мешавад, дар Тоҷикистони мо  саршумори  он ба 350 то 500 ва шояд аз ин ҳам бештар мерасад.

Хушбахтона, озодапаланг имрӯз дар Тоҷикистон рамзи ифтихори миллӣ гардидааст. Ба ин муносибат ва бахшида ба Рӯзи байналмиллалии паланг  як шеъри тоза ва қасидае навэҷодеро бо номи “Озодапаланги Тоҷикистон”  ба шумо пешниҳод  менамоям.

ОЗОДАПАЛАНГИ ТОҶИКИСТОН

Озодапаланги Тоҷикистон, эҳёи дубораи Ватан бош!

Дар қуллаи кӯҳҳои Помир бархезу дубора гомзан бош!

Озодапаланги Тоҷикистон, эй рамзи виқору нанги меҳан,

Хоҳам хезад зи гомҳоят оҳанги навои санги меҳан.

Эҳёи дубораат бихоҳам, баргард чу ҳуши кӯҳсорон,

Бе ту на шукӯҳу не виқор аст, эй шоҳи вуҳуши кӯҳсорон.

Озодагӣ суннатест дерин, к-аз суннати неки тоҷикон аст,

Озодапаланги Тоҷикистон дар рамз яке намои он аст.

Озодагии Ватан ҳувайдост дар манзараҳои дилситонаш,

Дар чашмаю обшори покаш, дар дидаи сабзи оҳувонаш.

Озодагии ватан ҳувайдост дар мурғи ҳилолу кабки сураш,

Дар зиндагии ҳалолу поки мардони баору пурсабураш.

Озодапаланг аз он биноманд, к-озода ба сар барад ҳаёташ,

Покизаамал бувад ба ҳар кор, аз суннати мост илтифоташ.

Озодапаланг аз он биноманд, к-озодагияш ҳаме аён аст,

Дар нисбати одамин ҳамеша озод зи кинаву зиён аст.

Озодапаланг — бабри барфӣ, як пайкара рамзи шанги мо бош,

Тандеси шуҷоату ниёиш дар қуллаи кӯҳу санги мо бош!

Имрӯз ту рамзи кӯҳсорӣ, рамзи хирадию бурдборӣ,

З-ин рӯй ҳамеша бош подор, чун ҳуҷҷати ифтихор дорӣ.

Озодии миллате ба рамзат имрӯз ба сад намо ҳувайдост,

Озода бимону озарогин, к-ин суннати халқу миллати мост!

Июль 29, 2020 09:45

Хабарҳои дигари ин бахш

22 СЕНТЯБР-РӮЗИ РӮДАКӢ. Маликушшуаро бо осори гаронбаҳо, сухани равону шево ва дурдонаҳои нодири ашъораш ба адабиёти тоҷик асос гузошт
Дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ҷиҳати таҳқиқ ва тармими созҳои миллии мусиқӣ озмоишгоҳи омӯзишӣ таъсис дода шуд
Камол Насрулло: «Одамушшуаро Абуабдулло Рӯдакӣ мазҳари ифтихор, худшиносӣ ва сарбаландии ҳар фарди бедордили тоҷик мебошад»
Озмуни ҷумҳуриявии «Библиомарафон» ва маҳфили шеъру суруди «Рӯдакихонӣ» ҷамъбаст гардид
БАХШИДА БА РӮЗИ РӮДАКӢ. Устод Рӯдакӣ падидаи нодири забонӣ ва адабии рӯзгори Сомониён мебошад
БАХШИДА БА РӮЗИ РӮДАКӢ. Бозтоби масъалаҳои рӯдакишиносӣ дар номаҳои устод Садриддин Айнӣ
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА РУШДИ ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ДАР ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Инкишофи он ба ҳайси ниҳоди иҷтимоӣ барои ҳар давлати ҷаҳони муосир хеле муҳим аст
БАХШИДА БА РӮЗИ РӮДАКӢ. Чанд сухан атрофи ишқи Ватан дар осори Одамушшуаро ва маҷрои бардавоми «Ҷӯи мӯлиён»
Дар Душанбе ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба таъминоти меъёрию техникии лоиҳаҳои дар соҳаи фаъолияти кайҳонӣ амалишаванда баргузор шуд
«РӮДАКӢ, ЗАБОН ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ конференсияи илмӣ баргузор мешавад
9 ёдгории таърихии Тоҷикистон ба Феҳристи асосии мероси фарҳанги умумибашарии ЮНЕСКО ворид шуд
Дар Душанбе машғулияти байналмилалии омӯзишии «CollAsia 2023» оғоз ёфт