Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти видеоии сатҳи баланд дар қолаби С5+1 иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 01.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. 30 июн нишасти видеоии сатҳи баланд дар қолаби С5+1 бо иштироки вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Котиби давлатии ИМА баргузор гардид, ки дар он Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин иштирок намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ВКХ Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҷонибҳо дар мулоқоти мазкур масъалаҳои мубориза бо бемории COVID-19, паёмадҳои он ба соҳаҳои тандурустӣ ва иқтисодӣ, талошҳои кишварҳо дар бартараф кардани он, устувории иқтисодӣ, густариши ҳамкориҳои минтақавӣ ва таъмини амнияти минтақавиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин иқдомҳои Ҳукумати кишвар барои коҳиши густариши COVID-19, нақши ҳамкориҳои минтақавӣ ва мусоидати шарикон дар ин равандро муҳим арзёбӣ намуда, андешидани тадбирҳоро ба мақсади пешгирии мавҷи эҳтимолии навбатӣ зимни тадриҷан сабук кардани низоми карантин пешниҳод кард.
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуд, ки гурӯҳҳои кории иқтисодӣ ва муҳитизистӣ дар қолаби С5+1 низ метавонанд дар бартараф кардани мушкилиҳои соҳаҳои хеш нақш дошта бошанд.
Ҷониби америкоӣ омодагиро барои истифодаи имкониятҳои худ ба мақсади рушди иқтисодии минтақаи Осиёи Марказӣ ва тавсеаи савдо изҳор дошт.
Иштирокдорон зарурати ҳамгироии иқтисодӣ ва тиҷоратии бештарро таъкид дошта, ба пешбурди ҳамкориҳо барои таҳкими амният дар минтақа даъват намуданд.
АКСҲО аз ВКХ ҶТ








Сафири Тоҷикистон дар маросими расмии таҷлили 250-солагии истиқлоли Амрико иштирок намуд
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии занон дар дипломатия ҳамоиш доир шуд
Нишасти 5-уми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Ҳиндустон оид ба мубориза бар зидди терроризм доир шуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди байналмилалии алоқа дар соҳаи технологияҳои рақамӣ густариш меёбад
Иҷлосияи шастуми Комиссияи СММ оид ба аҳолӣ ва рушд таҳти раёсати Тоҷикистон мегузарад
Дастовардҳои Тоҷикистон дар рушди сайёҳии экологӣ дар Боку муаррифӣ гардид
Тоҷикистон ҳамоҳангсози Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ интихоб гардид
Сафири Тоҷикистон бо намояндагони ширкати нассоҷии швейтсарии Rieter AG мулоқот намуд
Сафари расмии Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид
Дар Душанбе мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Гурҷистон доир гардид
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Гурҷистон






